![]()
Муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид намуд, ки дар шароити рушди босуръати илму технология ташаккули тафаккури илмӣ, тақвияти ҷаҳонбинии ҷавонон ва фароҳам овардани имкониятҳои муносиб барои рушди қобилияту истеъдоди онҳо аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба анъанаи муҳими маърифатӣ табдил ёфтааст. Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» низ барои бедор намудани шавқу рағбат ба илм, ҷалби бештари насли ҷавон ба омӯзиши фанҳои гуногун ва дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод заминаи мусоид фароҳам меорад. Махсусан, баргузории чунин озмунҳо имкон медиҳад, ки қобилияти зеҳнӣ ва дониши иштирокчиён дар муҳити солими рақобат санҷида шуда, ҷавонони лаёқатманд барои идомаи таҳсил ва фаъолияти минбаъдаи илмӣ ҳавасманд гарданд. Ин раванд дар маҷмуъ ба ташаккули захираи зеҳнии кишвар ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мусоидат хоҳад кард.
Барои баргузории даври вилоятии озмун шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, риояи талаботи низомнома, адолат ва шаффофият аз омилҳои асосии таъмини муҳити солими рақобат миёни довталабон маҳсуб меёбад. Иштирокдорон дониш, ҷаҳонбинӣ ва маҳорати худро ба намоиш гузошта, барои ба даст овардани роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ талош хоҳанд кард.
– Дар воқеъ, «Илм – фурӯғи маърифат» танҳо як озмуни донишу маҳорат нест. Он майдони кашфи истеъдодҳо, василаи таҳкими шавқу рағбат ба омӯзиш ва қадами муҳим дар роҳи ташаккули насли дорои ҷаҳонбинии илмӣ мебошад. Ҳар як ҷавони соҳибистеъдоде, ки дар чунин озмунҳо кашф мегардад, метавонад дар оянда ҳамчун мутахассиси варзида ба рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми арзанда гузорад, – иброз намуд муовини раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода.
Кароматулло АТО, “Ҷумҳурият”