КИТОБИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, ПЕШВОИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН ДАР ЭРОН ЧОП ШУД
Нашриёти хусусии “Хирдагон” ибтикори тозаеро пеш гирифт ва китоби Сарвари кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони “Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ” чоп намуд. Китоб ду мақолаи муаллиф бо номҳои “Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ” ва “Арзишҳои ориёӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ”-ро фаро гирифта, бо кӯшиш ва бозгардонии Суҳайло Юсуфӣ чоп шудааст.
Бояд гуфт, ки “Хирдагон” нашриёти хусусии Ҷумҳурии Исломии Эрон буда, барои ташвиқи беҳтарин осори адабиву ҳунарӣ ва таърихии кишварҳои гуногуни ҷаҳон, бавижа Тоҷикистон машғул аст.
Дар муаррифии китоб чунин омадааст: “Тамаддуни ориёӣ бо арзишҳои фарҳангиву ахлоқии хеш дар ташаккули тамаддуни башарӣ ва робитаи байни тамаддунҳо нақши бисёр муҳим дорад. Тадқиқоти муаллиф дар иртибот ба ин тамаддуни бузург ва воқеияти корбурди истилоҳи таърихии “ориё” дар осори куҳан, таҳриф ва суиистифодаи номи «арйа» аз ҷониби нажодгароён дар асри ХХ, чигунагии раванди ташаккули забонҳои ориёии эронӣ ва дигар масоили муҳими шинохти ин мардум мебошад, ки дар илми ҷаҳонӣ мавзуи баҳси доманадори олимони кишварҳои гуногун аст”.
Дар маросими рӯнамоии китоб, ки дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гузашт, Суҳайло Юсуфӣ, масъули нашриёти “Хирдагон”, иштирок намуда, гуфт: “Бисёр шодем, ки дар партави тақдими “Шоҳнома”-и ҳаким Фирдавсӣ ва тарвиҷи хатти порсӣ дар Тоҷикистон мо ҳам кори кӯчакеро сомон додем ва китоби машҳури Пешвои тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чоп карда, ба шаҳри Душанбе расондем”.
Бо тамғаи “Хирдагон” дар Эрон китобҳои шоирону нависандагони номошнои кишвари мо борҳо муаррифӣ шудааст ва масъулони ин чопгоҳ аз дӯстони хуби миллати мо ҳастанд.
Муҳаррирону масъулони чоп кӯшиш кардаанд, ки китоб аз мардуми фарҳангии Эрон ба ифтихори Ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон армуғони арзанда бошад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”