Баргашт Чоп кардан

ПОЙТАХТ


Омодагӣ ба Намоишгоҳи сайёҳии Душанбе-2026
21-уми сентябр ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор» ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 (Dushanbe International Tourism Exhibition — DITE-2026) баргузор шуд.
Тибқи маълумот, дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 иштироки 115 ширкат, аз ҷумла 22 ширкати хориҷӣ, дар назар аст. Намоишгоҳ тайи чанд соли охир ба яке аз майдонҳои муҳими муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва густариши робитаҳои байналмилалии соҳа табдил ёфтааст.


ТОҶИКИСТОН – ЭРОН
Баррасии ҳамкориҳои илмӣ миёни АМИТ ва Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад
21-уми сентябр дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ бахшида ба бузургдошти устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо раиси Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад Абдуризо Буҷнурдӣ вохӯрд.
Таъкид гардид, ки густариши робитаҳои илмӣ миёни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои рушди минбаъдаи илму маориф, табодули таҷриба ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, ҷонибҳо ба масъалаи ҳифз, омӯзиш ва рушди забони форсӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими мероси забонӣ ва фарҳангии халқҳои минтақа таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.


ХУҶАНД
Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Истиқлол – ганҷи миллат, бақои давлат”
21-уми сентябр бо ташаббуси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлол – ганҷи миллат, бақои давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Муовини аввали раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода зимни суханронӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, ба нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди давлатдорӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа таъкид намуд.
Дар идома раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ва раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод вобаста ба аҳамияти истиқлоли давлатӣ, нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди фарҳангу маънавиёт ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ андешаҳо баён намуданд.


Душанбе – мизбони Конфронси байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ
Дар Конфронс, ки 24-26-уми сентябр баргузор мешавад, намояндагони мақомоти давлатӣ, идораҳои роҳдорӣ, ширкатҳои роҳсозию консалтингӣ, инчунин олимони соҳаи роҳдорӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳои ҷаҳон иштирок менамоянд.
Дар чорабинӣ масъалаҳои муҳим оид ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи роҳдорӣ ва логистикӣ, мубодилаи таҷриба, истифодаи васеи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ ва дигар масоили марбут ба роҳдорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардида, самтҳои ояндаи рушди инфрасохтори устувори роҳҳо муайян карда хоҳанд шуд.


Намоиши “Тоҷикистон аз чашми тасвирбардорони мисрӣ” доир хоҳад шуд
Сафири Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода бо муовини раиси Иттифоқи журналистони Африқову Осиё Рифъат Абдуссамеъ Аббос мулоқот намуд.
Ҷонибҳо густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Африқову Осиёро баррасӣ карда, бо ҳадафи муаррифии ҳарчи бештари Тоҷикистон дар Африқо ташкили намоишгоҳи аксҳо дар Қоҳира таҳти унвони «Тоҷикистон аз чашми тасвирбардорони мисрӣ»-ро мувофиқи мақсад донистанд ва дар бораи тарзҳои амалисозии он табодули назар намуданд.