![]()
СУХАНЕ ЧАНД БА ИСТИҚБОЛИ ТАШАББУСИ ИНСОНПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Вақте Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари олии сиёсати ҷаҳон – Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатӣ – Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои ояндаро пешниҳод намуданд, сухани худро бо ҳикмати шайх Саъдии Шерозӣ оғоз карданд:
Бани одам аъзои якдигаранд...
Ҳам худи ташаббус, ҳам оғози суханронӣ дар минбари Созмони Милали Муттаҳид ва ҳам тамоми фаъолияти сиёсии ин фарзанди тамаддуни ориёӣ – Пешвои асри XXI тоҷикон исботи одии он аст, ки пиндор, гуфтор ва рафторашон ба арзишҳои инсонпарварона, гуманистиву сулҳҷӯёна ва таърихи чандҳазорсолаи халқи тоҷик такя мекунад. Агар ин ташаббусро сиёсатмадори дигаре анҷом медод, шояд, истиқболи Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шакли дигаргуна мегирифт, аммо чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти роҳбарию сиёсӣ таҷрибаи хуби сулҳофарӣ доранд, ки чун модели дохилию байналмилалӣ эътироф шудааст, ҳам СММ ва ҳам ҷомеаи ҷаҳон пешниҳодро бо иттифоқи оро пазируфтанд.
Ҳадафи сарсухани мухтасар ин аст, ки чи дар тамоми фаъолияти сиёсии Пешвои миллат ва чи дар осорашон сар карда «Аз Ориён то Сомониён» то «Уфуқҳои Истиқлол» принсипҳои таҳаммулпазирӣ, сулҳпарварӣ, инсондӯстӣ, гиромӣ доштани тамаддунҳои дигар ҳамеша равшану возеҳ қайд мешаванд. Акнун чандест дар ҷаҳон сухан аз ташаббуси навбатии инсондӯстона, сиёсати сулҳҷӯёнаи Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ин камоли ифтихор ва сарфарозии мо – тоҷикон мебошад.
Масъала дар он аст, ки ташаббуси мазкур баҳри рафоҳи давлат ё миллати махсус не, балки ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир, имрӯзи неку фардои ободу зебои насли башар нигаронда шудааст. Дар ин раванд равшан ва қотеона ишора мешавад, ки на амнияту хушбахтии насли ояндаи тоҷик ва на миллатҳои дигар худ ба худ вуҷуд дошта наметавонанд. Президенти Тоҷикистон зимни пешниҳод дақиқу равшан гуфтанд, ки ҷаҳони асри XXI, воқеан, як ҷамъияти ҷаҳоншумул гаштааст ва дар ин раванд ҳеҷ давлату миллате худ ба сари худ наметавонад ҷомеаи ором бисозад ва дар танҳоӣ ва ҷудогона ба зиндагии осоишта расад. Маҳз ба ҳамин хотир, бо ҳикмати шайх Саъдӣ сухан оғоз намуданд, таъкид карданд, ки инсонҳо аз як гавҳар ҳастанд ва ин гавҳар табиатан, қонунан, мантиқан он гуна аст, ки агар як қавме ноором, овора, бадбахт бошад, қавмҳои дигар ҳам аз оромишу хушбахтӣ маҳрум мегарданд.
Даргириҳое, ки пеши чашми мо дар Украина, Фаластин ва Шарқи Наздик сурат мегиранд, ҳаргиз ба ҳеҷ як қавму миллате имконияти оромишу саодат намедиҳанд. Ин тадбириҳое, ки ба шакли манъи қатъӣ (санксия) нисбат ба ин ё он давлат сурат мегиранд, маълум шуд, ки на танҳо ба иқтисодиёти давлати муайян, балки ба иқтисодиёту фарҳанги тамоми ҷаҳон зарари ҷиддӣ мерасонанд.
Пешниҳоди Пешвои мо – тоҷикон, татбиқи тадбирҳоеро, ки ин ҳақиқат тақозо мекунад, барои ҷаҳон равшан намуд: дар сурати дар амал пурра тадбиқ кардани қатънома шакку шубҳае нест, ки ҷаҳон ба як вазъи орому муътадил ворид шавад ва ба ҳусни тафоҳум бирасад, набарди тамаддунҳо ба муколамаи бунёдкоронаи ороми тамаддунҳо табдил ёбад, технологияи рақамӣ танҳо ба манфиати инсоният хидмат кунад ва оянда фарзандони мо дар муҳити орӣ аз ҳама гуна низоъҳо ҳаёти осоишта ба сар баранд. Яъне, даҳсолаи оянда ба маънои мусбат даҳсолаи тағйироти куллии ҷаҳон хоҳад гашт. Шубҳае нест, ки ҷаҳон дар даҳсолаи оянда аз ин мухолифатҳои сӯзанда худро раҳо кунад. Мо равшан дидем, ки дар чанд моҳи охири соли равон бар асари чунин ҳодисаҳо дар ҷо-ҷойи дунё чи қадар захираҳои табиӣ, ки боиси зиндагии босаодати инсонҳо бояд мебуданд, сӯхта нобуд шуданд. Ин сӯхтор сӯхтори иқтисодиёти ҷаҳон, сӯхтори амнияти ҷаҳон аст, ки ба сари инсоният бадбахтии зиёде меорад.
Умуман, аз бархӯрди мухтасар ба ташаббус метавон чандин натиҷаҳои муҳим гирифт. Аз ҷумла, метавон чунин хулоса намуд, ки фаъолияти сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар пояи сулҳ, ваҳдати миллӣ, бунёдкорӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллию умумибашарӣ устувор аст.
Фаъолияти ҳадафмандонаи сиёсию гуманистии Пешвои миллатро мо дар ин шеър чунин тасвир кардем:
Гузашт он шаб, ки моҳаш
бедарак буд,
Чароғи хонаҳомон кам-камак буд.
Зи шӯришҳову шӯрии замона,
Намак дар Хоҷамуъмин бенамак буд.
Бинозам миллати соҳибқиронро,
Бинозам нурпарвар Қаҳрамонро.
Ба нуру барқи “Роғун” кард рӯшан,
Заминрову замонро каҳкашонро.
Набарди нуру зулмат пушти сар шуд,
Ливои нурпарвар ҷилвагар шуд.
Намак дар Хоҷамуъмини муборак,
Зи шӯрӣ гашт, ширин шуд,
шакар шуд.
Дар маҷмуъ, ташаббуси навбатии Пешвои миллат амалест, ки ба ҳимояи ҳуқуқ, қадр ва озодии инсонҳои тамоми сайёра, инчунин, беҳтар кардани шароити зиндагии имрӯзаю ояндаи одамон ва сулҳу ҳамкорӣ равона шудааст. Пазируфтани ин пешниҳод ва аз ҷониби СММ қабул шудани Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036 бори дигар собит менамояд, ки таҷрибаи сулҳофарии Роҳбари давлати Тоҷикистон ҳамеша мавриди эҳтиром ва омӯзиши ҷаҳониён аст.
Назри ЯЗДОНӢ, Шоири халқии Тоҷикистон