Баргашт Чоп кардан

«ОСИЁИ МАРКАЗӢ – ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ». БАРДОШТ АЗ АВВАЛИН САММИТИ САТҲИ ОЛӢ


Дар солҳои охир, таҳаввулоти геосиёсӣ аҳамияти Осиёи Марказиро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба таври назаррас афзоиш додаанд. Ҷойгиршавии ҷуғрофии минтақа дар чорроҳаи роҳҳои таърихии Аврупо ва Осиё, ҳамсоягӣ бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, наздикӣ ба ҳавзаи Каспӣ, инчунин, захираҳои бузурги энергетикӣ, маъданӣ ва иқтидори транзитии он Осиёи Марказиро ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодӣ ва хориҷии қудратҳои беруна табдил додааст.
Дар ин замина, Ҷумҳурии Корея низ ба рушди муносибатҳои худ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи афзоянда зоҳир менамояд. Барои Сеул минтақа на танҳо аз нуқтаи назари захираҳои энергетикӣ ва ашёи хом, балки ҳамчун бозори рушдёбанда, минтақаи дорои иқтидори истеҳсолӣ ва транзитӣ ва шарики эҳтимолӣ дар ташаккули занҷираҳои нави таъминот аҳамияти стратегӣ дорад. Махсусан, афзоиши рақобати ҷаҳонӣ барои маъданҳои муҳим, зарурати диверсификатсияи занҷираҳои таъминот ва рушди технологияҳои пешрафта заминаи нави иқтисодиро барои ҳамкории Корея ва Осиёи Марказӣ ба вуҷуд овардааст.
Баргузории нахустин Саммити “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея” дар сатҳи сарварони давлатҳо дар шаҳри Сеул (16-уми сентябри соли 2026) марҳалаи нави муносибатҳои бисёрҷонибаи тарафҳо ба ҳисоб меравад. Яке аз натиҷаҳои муҳими Саммит қабули Эъломияи Сеул мебошад, ки заминаи сиёсӣ ва институтсионалии рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Корея ва Осиёи Марказиро муайян менамояд. Ҷонибҳо ба мунтазам баргузор кардани Саммити сарварони давлатҳо ба мувофиқа расиданд. Тибқи натиҷаҳои нишаст, чунин мулоқотҳо бояд ҳар ду сол баргузор гардида, бонавбат дар кишварҳои иштирокчӣ гузаронда шаванд. Саммити навбатӣ соли 2028 дар Қазоқистон баргузор хоҳад шуд. Аз ин рӯ, механизми «C5+K» аз формати муколамаи даврӣ ба механизми нисбатан мунтазами ҳамкории сатҳи олӣ табдил меёбад.
Дар Саммит роҳбарони кишварҳо як қатор пешниҳодҳоро оид ба рушди ҳамкориҳои минбаъда ироа намуданд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Корея Ли Ҷе Мён таъкид кард, ки дар шароити амиқтар шудани вобастагии мутақобилаи иқтисодӣ ва амниятӣ дар минтақа, зарурати тақвияти ҳамкорӣ ва эътимоди байнидавлатӣ аҳамияти бештар пайдо менамояд. Ба андешаи ӯ, дар чунин шароит эҳёи «Руҳи Роҳи Абрешим» ҳамчун рамзи таърихии пайвасти халқҳо, технологияҳо ва фарҳангҳои Шарқу Ғарб метавонанд аҳамияти хос касб намоянд.
Дар нишасти мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуд, ки густариши ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея дар шароити мураккаби геосиёсӣ ва геоиқтисодии ҷаҳони муосир аҳамияти махсус касб мекунад. Таҳаввулоти ин қолаби ҳамкорӣ то сатҳи нишасти сарварони давлатҳо таҷассумгари талошҳои пайгирона ва ҳадафмандонаи кишварҳои иштирокдор дар самти таъмини рушди муштарак, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими сулҳу суботи пойдор дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.
Дар идомаи суханронӣ ташаббуси Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Сиёсати нави Шимолӣ» ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими таҳкими робитаҳои технологӣ ва иқтисодии Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Корея арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки дар шароити босуръат тағйирёбандаи низоми байналмилалӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ масъалаи ҳифзи сулҳу субот ҳамоно аз авлавиятҳои асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев масъалаи рушди шарикии саноатӣ ва технологӣ бо Корея, ҷалби технологияҳои пешрафта ва таҳкими иқтидори истеҳсолии минтақаро матраҳ намуд. Ҳамзамон, масъалаи рушди долонҳои нақлиётӣ ва логистикӣ барои диверсификатсияи масирҳои тиҷоратӣ ва афзоиши иқтидори транзитии минтақа таъкид шуд. Дар навбати худ, баргузории Саммити навбатӣ соли 2028 дар Қазоқистон пешниҳод гардид.
Аз ҷониби Қирғизистон ба таҳкими механизмҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо ва мақомоти соҳавии кишварҳои «C5+K», инчунин рушди ҳамкории сармоягузорӣ ва иқлимӣ таваҷҷуҳ дода шуд. Ӯзбекистон бошад, масъалаи ташаккули дурнамои дарозмуддати «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея», рушди ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи захираҳои табиӣ ва густариши шарикии иқлимӣ ва карбониро матраҳ намуд.
Хулоса. Аз нигоҳи мо, агар ташаббусҳои сарварони шаш кишвар ва созишномаҳои қабулшуда ба барномаҳои мушаххаси сармоягузорӣ, истеҳсолӣ, технологӣ, инфрасохторӣ ва ғайра амалӣ шаванд, формати «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» метавонад ба яке аз механизмҳои муҳими муколимаи формати «Осиёи Марказӣ+1» табдил ёбад. Дар ин раванд, мувозинати манфиатҳои тарафҳо, рушди иқтидори истеҳсолии маҳаллӣ, коркарди амиқи захираҳо, интиқоли технология ва баланд бардоштани арзиши иловашуда бояд аз унсурҳои калидии шарикии минбаъда бошанд.


Соҳиби БАҲРУЛО, ходими калони илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ