Баргашт Чоп кардан

АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ.  АЗ САМТҲОИ МУҲИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ БОҚӢ МЕМОНАД


Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузурги таърихӣ дар ташаккули давлатдории муосири миллӣ барои муайян намудани самтҳои мустақили сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар заминаи устувор фароҳам овард. Дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон марҳалаҳои мураккаби давлатсозӣ, таҳкими сулҳу субот, эҳёи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, рушди инфрасохтор ва ташаккули низоми муосири идоракуниро тай намуда, дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.


Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Ин масъала барои ҳар як давлат аҳамияти стратегӣ дошта, ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба ғизои кофӣ ва бехатар, рушди истеҳсолоти дохилӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди деҳот, таъсиси ҷойҳои нави кор ва устувории иқтисоди миллӣ робитаи мустақим дорад.
Таҷрибаи солҳои соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ бо дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Рушди энергетика, роҳу нақлиёт, саноати коркард, тиҷорат, технологияҳои рақамӣ ва инфрасохтори иҷтимоӣ ба рушди низоми озуқаворӣ таъсири бевосита мерасонанд. Аз ин нуқтаи назар, дастовардҳои даврони истиқлолро дар соҳаи амнияти озуқаворӣ бояд ҳамчун натиҷаи фаъолияти маҷмуии давлат ва ҷомеа арзёбӣ намуд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаккули сохторҳои дахлдори давлатӣ ва такмили заминаи ҳуқуқию институтсионалӣ барои татбиқи сиёсати ягона дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ заминаҳои зарурӣ фароҳам гардиданд.
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми давлатии таъмини бехатарии озуқаворӣ мавқеи муҳим дошта, фаъолияти он ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятии ҳайвонот ва рустаниҳо, назорати бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ва таъмини риояи талаботи соҳавӣ равона шудааст. Фаъолияти мақомоти соҳавӣ дар шароити муосир хусусияти бисёрҷанба дорад. Назорати давлатии бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, назорати байторӣ, фитосанитарӣ, ташхиси маҳсулот ва иҷрои дигар вазифаҳои соҳавӣ як занҷири ягонаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва таъмини устувории низоми озуқавориро ташкил медиҳанд.
Дар ин раванд, пеш аз ҳама, назорати байторӣ аҳамияти махсус дорад, зеро саломатии ҳайвонот ба бехатарии маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшаванда, аз ҷумла гӯшт, шир ва тухм, таъсири бевосита мерасонад. Пешгирии бемориҳои сироятии ҳайвонот, назорати эпизоотӣ ва ташхиси байтории маҳсулоти ҳайвонот яке аз шартҳои муҳими ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.
Ҳамзамон, назорати фитосанитарӣ барои ҳифзи рустаниҳо, пешгирии паҳншавии организмҳои зараровар ва таъмини бехатарии маҳсулоти рустанигӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Вобаста ба ин, гуфтан мумкин аст, ки фаъолияти Кумита, дар маҷмуъ, ба ташаккули низоми пешгирикунанда ва муосири идоракунии хавфҳои озуқаворӣ равона гардида, қисми муҳими низоми миллии амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар шароити тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, маҳдудияти захираҳои табиӣ ва тағйирёбии талаботи истеъмолкунандагон низоми озуқавории кишварҳо бо вазифаҳои нав рӯ ба рӯ мегардад. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон низ ба ташаккули низоми устувор, бехатар ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд. Дар ин самт татбиқи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар кардани ғизо дар Тоҷикистон» аҳамияти муҳим дорад. Ҳадафи чунин ташаббусҳо танҳо афзоиши истеҳсоли озуқа набуда, балки беҳтар намудани ғизо, баланд бардоштани саводнокии аҳолӣ дар масъалаҳои ғизои солим, рушди кишоварзии ба ғизо ҳассос, такмили занҷирҳои арзиши сабз ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ мебошад.
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар ин раванд метавонад, ҳамчун яке аз сохторҳои асосии ҳамоҳангсоз дар масъалаҳои бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ва таҳкими ҳамкории байнисоҳавӣ саҳми назаррас гузорад.
35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими иқтисодиёт ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори кишвар мебошад. Дар ин давра таъмини амнияти озуқаворӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, барои рушди кишоварзӣ ва ташаккули низоми миллии озуқаворӣ заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шуданд.
Дар марҳалаи нави рушди кишвар вазифаи мо аз он иборат аст, ки дастовардҳои бадастомадаро ҳифз намуда, бо истифода аз технологияҳои муосир, илм, инноватсия ва таҷрибаи байналмилалӣ низоми бехатарии озуқавориро боз ҳам такмил диҳем. Амнияти озуқаворӣ ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ бояд ҳамчун масъалаи доимии сиёсати давлатӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ баррасӣ гардад.
Бо дарназардошти ин, гуфтан мумкин аст, ки 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо на танҳо Ҷашни бузурги миллӣ, балки рамзи роҳи тайкардаи давлат, натиҷаҳои бадастомада ва масъулияти мо дар назди наслҳои имрӯз ва фардо мебошад.


ФАЙЗУЛЛОЗОДА Муҳаммадсаид Убайдулло,
раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон