Баргашт Чоп кардан

СУҒД. РОҲПАЙМОИИ ИДОНА ВА ПАРАДИ ҲАРБӢ МУҲИМТАРИН ЧОРАБИНИҲОИ ҶАШНӢ БУДАНД


Дар роҳпаймоии идона 35 000 нафар кормандони касбу кори гуногун ва сокинони вилоят ширкат доштанд. Ҳоким Холиқзода, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони сарбаланди вилоятро аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷашни муқаддасу таърихӣ табрик намуд. Таъкид гардид, ки истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи рӯйдодҳои бузургтарин мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Ин санаи муқаддас барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳ кушояд. Истиқлолу соҳибихтиёрӣ ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон руҳи нав бахшида, имконият фароҳам овард, ки таърих, забон ва фарҳанги қадимаи худро шиносем, анъана ва оинҳои неки миллиамонро аз нав эҳё кунем ва кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчун давлати ободу озоди дорои фарҳангу тамаддуни бостонӣ муаррифӣ намоем.
Сокинони сарбаланду заҳматқарини вилояти Суғд имрӯз аз он шукргузоранд, ки ин ҳама ободию бунёдкорӣ ва муваффақиятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар муддати 35 соли соҳибихтиёрӣ ба даст омад, маҳз дар натиҷаи заҳмати суботкоронаи мардум бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст.
– Мо ифтихор мекунем, ки бо пешниҳоди бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатънома дар бораи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, 2027–2036” қабул гардид, ки аз бузургӣ, фарҳанги воло, сулҳу ваҳдатофарии миллати тоҷик ва сиёсати дурандешонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат башорат медиҳад. Ҳисси баланди масъулият дар назди таърихи миллати тоҷик ва тақдири имрӯзу ояндаи халқи Тоҷикистон ҳар яки моро водор месозад, ки истиқлолу озодии давлатамон, яъне муқаддастарин ва бузургтарин неъмати зиндагиамонро, бо тамоми ҳастӣ ҳифз кунем, ҳушёру зирак бошем ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ба ҷой орем. Мо вазифадорем, ки ба наврасону ҷавонон – насли ояндасози халқамон, таърихи пурифтихори миллат ва таҷрибаи душвори бунёд кардани давлати муосири миллиро омӯзонем ва дар зеҳну шуури онҳо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба давлатро таҳкиму тақвият бахшем, – афзуд раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода.
Сипас, беш аз 35 ҳазор нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд, ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти суд, прокуратура, адлия, аҳли зиё ва рӯзноманигорон, соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, занон, донишкадаву донишгоҳҳо, саноат, сайёҳӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, меъморӣ ва сохтмон, савдо ва хизматрасонӣ, ҳунармандон бо намоиши дастовардҳояшон дар даврони соҳибистиқлолӣ роҳпаймоӣ намуданд.
7-уми сентябр бошад, дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд ба ифтихори Ҷашни муқаддаси миллӣ паради ҳарбӣ баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва ҳамаи иштирокдорони паради ҳарбиро аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои миллат баҳри таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри зиндагии шоистаи мардум корҳои бузург ба анҷом расонда шуданд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар солҳои душвор, инчунин дар шароити шиддат гирифтани вазъи минтақа ва ҷаҳон, қарзи ватандории худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ саҳми арзанда гузоштанд.
Изҳори бовар карда шуд, ки мардуми бонангу номус, худшиносу ватандӯсти вилоят ва хизматчиёни ҳарбӣ минбаъд низ бо шукргузории соҳибдавлативу соҳибватанӣ ва хизмати софдилона дар таъмини сулҳу субот, ҳаёти осоишта, пешрафт ва шукуфоии Ватани маҳбуб саҳми арзанда мегузоранд.
Сипас, зери навои мусиқии тантанавии оркестри ҳарбӣ гузашти низомӣ доир гашт, ки дар он 8619 нафар афсарону сарбозони Горнизони Суғд, ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳайати захираҳои сафарбарӣ ширкат намуданд.


У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”