Маҷлиси намояндагон мавзуи «Рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»-ро мавриди муҳокимаи парлумонӣ қарор дод. Дар ин хусус котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод.
Ба ҳолати 1 апрели соли 2023 аз шумораи умумии нафақагирон гирандагони нафақаҳои меҳнатӣ 317 347, нафақаҳои суғуртавӣ 259 578 ва нафақаҳои иҷтимоӣ 188 453 нафарро ташкил медиҳад.
Зимни муҳокимаи парлумонӣ ва баъди саволу ҷавоби масъулони соҳа бо вакилони Маҷлиси намояндагон қарори дахлдор қабул гардид.
ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ДАР ТУРКИЯ
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба шаҳри Анкараи Туркия ташриф овард, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Чорабинӣ дар қасри Куллие бо иштироки намояндагони давлатҳои ҷаҳон доир гардид ва Реҷеп Тайип Эрдоган дар назди Маҷлиси бузурги миллии Туркия савганд ёд кард.
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ ПИРЯХШИНОСОНИ ШВЕЙТСАРИЯ
Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар маркази таваҷҷуҳи доираҳои илмиву пажӯҳишии кишварҳои Аврупо қарор дорад.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, пиряхшиносони пажӯҳишгоҳҳои маъруфи Конфедератсияи Швейтсария бо мақсади анҷом додани як пажӯҳиши мукаммал оид ба равандҳо ва омилҳои обшавии пиряхҳо ва таъсири эҳтимолии ин зуҳуроти номатлуб дар мисоли пиряхҳои Тоҷикистон ба ҷумҳурии мо омаданд. Бо пажӯҳишгарон вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин вохӯрии судманд доир намуд.
ВОХӮРИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ БО CАФИРИ ИМА
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин cафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллерро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистону ИМА ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.
КОМИССАРИ ОЛИИ СММ ДАР ТОҶИКИСТОН
Вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо роҳбари Намояндагии Комиссари олии СММ оид ба паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон Мулугета Зевдӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи самтҳои муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистон бо UNHCR, аз ҷумла мусоидат ба паноҳандагон ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, табодули назар карданд.
ТАҲКИМИ АМНИЯТИ МИНТАҚАВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо оид ба мубориза бар зидди терроризм Илкка Салми вохӯрд.
Тибқи маълумоти АМИТ «Ховар» зимни он масъалаи таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд. Дар мулоқот намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Миёна хонум Терҳи Ҳакала, сафир-намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароб-лис ҳузур доштанд.
ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ФОНДИ НАҶОТИ АРАЛ
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал /ФБНА/ ва Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор» баргузор мегардад. Дар ин хусус аз Фонди мазкур ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд.
Дар Конфронс намояндагон аз давлатҳои муассиси ФБНА, сиёсатмадорон, коршиносон, олимон, сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, доираҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок менамоянд.