Яке аз масъалаҳои мубрами замони муосир бунёди оилаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва рафти инкишофи худи инсон ва рушди ҷомеа вобаста мебошад.
Оила аз замони офариниши инсон арзи ҳастӣ дошта, дар ҳар давру замон, ҳамчун воҳиди асосии ҷомеа, ташаккул меёбад. Муҳимтарин коре, ки инсон дар ҳаёти худ анҷом медиҳад, бунёди хонавода аст. Муқаддасоти оила, пеш аз ҳама, дар покии ахлоқӣ ва ҷисмонӣ зуҳур меёбад. Оромиш, муҳаббат ва эҳтироми якдигар дар хонавода бузургтарин ва муқаддастарин рисолати иҷтимоӣ буда, ба ин васила, ба ташаккули инсон ҳамчун шахсияти бархӯрдор аз одобу фарҳанг таъсир мерасонад.
Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ, маҳз дар хонавода ташаккул меёбанд. Ҳамзамон, нақши калидии оила ҳамчун як ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанди солим, бомаърифату ватандӯст басо калон аст. Яъне, миллати мо дар масъалаи бунёди хонаводаи солим ва танзими муносибатҳо байни аъзои он таҷрибаи бузург дорад. Садсолаҳо хонаводаи тоҷик ҳазорон фарзанди фарзонаро ба дунё овардаву ба камол расонд ва онҳо барои халқу миллати худ хизматҳои шоёну таърихиро ба анҷом расонданд.
Замони муосир боисрор талаб мекунад, ки мо бояд барои бунёди оила ва ҷомеаи солим фарзандонро ба ҳаёти мустақилона омода намоем. Дар давраи ҷаҳонишавӣ масъалаи аз рӯйи принсипҳои ахлоқи ҷамъиятӣ устувор гаштани ақди никоҳ, оила ва муносибатҳои оилавӣ эътибори махсусро тақозо менамояд, зеро пешрафти иҷтимоии ҷомеа аз устувории оила вобастагӣ дорад.
Ҳамин тариқ, оила бақои давлат ва ҷамъият буда, пойдевори тарбияи насли наврас маҳз дар хонавода гузошта мешавад.
Фариштамоҳ РАҲМАТУЛЛОЗОДА,
мудири бахши сабти асноди ҳолати
шаҳрвандии ноҳияи Файзобод