Боиси ифтихор аст, дар остонаи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо метавонем аз рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат ва саҳми он дар ғанигардонии буҷети давлатӣ, ҷалби сармоя, рушди соҳибкорӣ ва афзоиши даромади аҳолӣ ёдовар шавем. Дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ ба сатҳи сифатан нав баромада, Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста касб намуд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, шумораи сайёҳони хориҷӣ аз 700 нафар дар соли 1996 ба 1 миллиону 780 ҳазор нафар дар соли 2025 афзоиш ёфта, ҳиссаи умумии сайёҳӣ дар ММД тақрибан ба 5 дарсад расид. Ин рақамҳо далели равшани самаранокии соҳа ва бахшҳои хизматрасонӣ буда, он танҳо омор нест, балки натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии алоқамандон ва дастоварди даврони истиқлол мебошад.
ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН – МАРКАЗИ САЙЁҲИИ САРГУЗАШТӢ ВА ЭКОЛОГӢ
Имрӯз ВМКБ бо кӯҳҳои сарбафалаккашида, табиату манзараҳои зебо ва фарҳанги бою қадимаи худ яке аз марказҳои асосии сайёҳӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Роҳи машҳури Бадахшон (М41) – Шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб – Кулма пайвандгари пойтахти мамлакат бо шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва кишварҳои Чину Қирғизистон буда, ҳамасола садҳо сайёҳони хориҷии дӯстдорони ронандагии экстремалӣ ва дучархарониро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҷалб менамояд. Шоҳроҳи мазкур дар радабандиҳои гуногуни ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз роҳҳо беназир ва ҷолибтарин эътироф шудааст. Сабаби асосии ин мақоми он ҳамчун дувумин шоҳроҳи баландкӯҳи байналмилалӣ дар ҷаҳон ва табиати зебои он мебошад.
Ба шарофати табиати нотакрори Бадахшон, аз қабили манзараҳои кӯҳӣ, водиҳои сарсабз, кӯлҳои баландкӯҳ, дарёҳои тезҷараён, дар ин ҷо сайёҳии экологӣ маъмул аст. Қуллаҳои баланди Исмоили Сомонӣ, Озодӣ, Истиқлол кӯҳнавардонро аз тамоми ҷаҳон ҳамасола ҷалб мекунанд. Ҳамчунин, сайёҳон дар ин ҷо аз қалъаҳои қадимаи Ямчун, Қаҳқаҳа ва дигар ёдгориҳои таърихӣ дидан мекунанд, бо фарҳанг, забон, таомҳои анъанавии бадахшонӣ, тарзи зист ва анъанаҳои беназири мардуми маҳаллӣ шинос мешаванд. Минтақа бо чашмаҳои шифобахши гарм ва маъдании худ, аз қабили Гармчашма, Авҷ машҳур мебошад. Бо назардошти зарфиятҳои ин минтақа, айни ҳол дар ВМКБ сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, саргузаштӣ ва табобативу солимгардонӣ ба таври фаъол рушд доранд.
СУҒД – ГАҲВОРАИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН
Вилояти Суғд минтақаи дорои мероси ғании таърихӣ-фарҳангӣ мебошад, ки бо шаҳрҳои қадимаи Истаравшан, Панҷакенти Қадим, Саразми бостон ба худ аз дер боз диққати сайёҳону олимони хориҷиро ҷалб менамояд. Саразми бостон, ки мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО мебошад, ба сайёҳон имкон медиҳад, ки бо тамаддуни 5500-солаи ниёгони тоҷик шинос шаванд. Истаравшан бо ёдгориҳои меъмории қадима ва ҳунарҳои мардумӣ, Панҷакент бо осорхонаи таърихӣ ва ёдгориҳои бостоншиносӣ ҳар сол ҳазорҳо сайёҳонро ба ин минтақа меоранд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, танҳо дар нимсолаи аввали соли 2026 аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва дигар ҷойҳои сайёҳии вилоят зиёда аз 90 ҳазор сайёҳ дидан намудааст.
Ғайр аз ёдгориҳои таърихӣ, табиати нотакрори вилоят низ ҷузъи ҷудонашавандаи сайёҳии минтақа маҳсуб меёбад. Кӯлҳои мусаффо, аз ҷумла Искандаркӯл, бо манзараҳои афсункораш ва силсилакӯҳҳои Фон макони дӯстдоштаи сайёҳони фаъол ва кӯҳнавард ҳастанд.
Рушди инфрасохтор дар солҳои охир, аз ҷумла бунёди меҳмонхонаҳои замонавӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва беҳтар гардидани роҳҳои нақлиётӣ имкон фароҳам оварданд, ки меҳмонон бо роҳати бештар аз ҷойҳои таърихӣ дидан намоянд.
ХАТЛОН – МАРКАЗИ САЙЁҲИИ ТАЪРИХӢ ВА ПОЙДОРИИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ
Дар вилояти Хатлон имрӯз, асосан, сайёҳии таърихӣ-фарҳангӣ, деҳотӣ, кишоварзӣ, шикор ва зиёратӣ фаъолона рушд мекунад. Хатсайрҳои махсус таҳияшуда сайёҳонро ба қалъаҳои таърихӣ, мақбараҳои бостонӣ ва осорхонаҳои мардумӣ мебаранд. Ин ҷо ҳар санге ҳикояти асрҳо дорад ва ҳар гӯша хотираи гузаштагонро зинда нигоҳ медорад. Маконҳое ба мисли Чилдухтарон, Чилучорчашма, инчунин, зиёратгоҳҳои маъруф ба монанди мақбараҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Султон Увайси Қаранӣ ва Имом Зайналобиддин дар байни сайёҳони ҷаҳонӣ маҳбубияти хосса пайдо кардаанд. Дар ин радиф, маҷмааи таърихиву фарҳангии Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ, ёдгории беназири Аҷинатеппа дар ноҳияи Вахш ва шаҳраки замони антиқа Тахти Сангин ҳамчун ганҷинаҳои нодири таърихӣ мақому мавқеи махсус доранд.
Роҳҳои нав ба сӯйи қалъаҳои таърихӣ ва манзараҳои кӯҳӣ, меҳмонхонаҳои хурди оилавӣ ва хонаҳои истиқоматии сайёҳӣ дар деҳот сайру истироҳат дар ин минтақаро боз ҳам осонтар мегардонанд. Ин тағйирот на танҳо барои сайёҳон, балки барои сокинони маҳаллӣ низ имкониятҳои хуб фароҳам оварда, ҷиҳати эҳё ва пойдории анъанаҳо, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамояд.
НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ: МАКОНҲОИ ИСТИРОҲАТӢ ВА РУШДИ ИҚТИСОДӢ
Сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ босуръат ва ба таври динамикӣ рушд карда истодааст, зеро ин минтақа аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар маркази кишвар ва наздикии пойтахт ҷойгир буда, дорои захираҳои бойи табиӣ ва таърихӣ аст. Ба шарофати дастгириҳои давлатӣ ва имтиёзҳои сармоягузорӣ, навъҳои сайёҳии экологӣ, табобатӣ, кӯҳнавардӣ, варзишӣ, таърихиву фарҳангӣ дар ин шаҳру ноҳияҳо пешрафти ҷиддӣ доранд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар нимсолаи аввали соли равон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 22 ширкати сайёҳӣ фаъолият намуда, 332 мавзеи сайёҳӣ ва 419 меҳмонхона мавҷуд буд. Дар ин давра, аз хизматрасонии ин объектҳои сайёҳӣ ва ширкатҳо 139 325 сайёҳ истифода бурдааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36 704 нафар зиёд мебошад.
Рушди сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ на танҳо бо шумораи афзояндаи меҳмонон, балки ба беҳбуди сифати хизматрасонӣ низ рабт дорад. Ташкили меҳмонхонаҳои муосир, такмили инфрасохтори роҳҳо ва таъсиси минтақаҳои истироҳатии нав имкон додаанд, ки сокинони пойтахт дар рӯзҳои истироҳатӣ ва сайёҳон аз кишварҳои дуру наздик аз табиати фараҳбахш ва иқтидори меҳмондории ин минтақа баҳравар гарданд. Ин раванд бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ вусъати тоза гирифтааст.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»