Баргашт Чоп кардан

ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН. ФАТҲИ УФУҚҲОИ НАВИ ДӮСТӢ


21-уми сентябр дар меҳмонхонаи Hayat Regency бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “35 – солагии Истиқлолияти Туркманистон: уфуқҳои нави дӯстии туркманҳову тоҷикон ва шарикии амиқи стратегӣ” конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар он коршиносони вазорату идораҳо ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Котиби якум-консули Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Атамират Байрамов зимни ифтитоҳи чорабинӣ изҳор дошт, ки Туркманистон дар муддати начандон тулонии таърихӣ тавонист заминаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии худро фароҳам оварад. Дар ин давра ба бунёди инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ таваҷҷуҳи махсус равона гашта, саноати нафту газ ва нассоҷӣ бомайлон рушд карданд. Иншооти муҳими соҳаҳои маорифу тандурустӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. – Вақте сухан аз сулҳ меравад, мо ба таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон бо эҳтироми хос менигарем. Ин сулҳу субот бо хизматҳои бузурги Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омад. Бояд гуфт, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ муносибатҳои мо аз сатҳи дипломатӣ ба шарикии стратегӣ расиданд, – гуфт ӯ.
Мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Саидмурод Фаттоҳзода имсол ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли кишварҳоро басо рамзӣ хонда, иброз дошт, ки моро решаҳои амиқи таърихӣ, эҳтиром ба тамомияти арзии якдигар ва ҳамсоягии нек ба ҳам мепайванданд. Дар зарфи 35 сол Тоҷикистон ва Туркманистон тавонистанд бар асоси таъриху фарҳанг ва расму оинҳои аҷдодӣ моделҳои рушди худро ташаккул диҳанд.
– 2-юми ноябри соли 2017 Аҳднома дар бораи шаркии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид, ки муносибатҳои моро ба сатҳи нав баровард. Имрӯз ин муносибатҳо на танҳо ба рушду пешрафти кишварҳо, балки шукуфоии Осиёи Марказӣ равона гардидаанд, – илова кард Фаттоҳзода.
Собиқ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Қозидавлат Қоимдодов муносибатҳои бародаронаро маҳаки асосии муносибатҳои ду кишвар унвон кард. Ба қавли ӯ: “Ҳамкории фарҳангӣ ва башардӯстона яке аз самтҳои муҳими робитаҳои дуҷониба миёни кишварҳои мост. Халқҳои мо дорои гуманизми волоанду меҳмоннавоз ва барои ҳифзи суботу устувории Осиёи Марказӣ назари ҳамсон доранд”.
Ҳамин тавр, бо дарназардошти манфиатҳои муштарак дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон аз ҷониби коршиносон мусбат арзёбӣ гашт.


М. ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»