Баргашт Чоп кардан

СИРК. БАРДОШТ АЗ АВВАЛИН ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ


Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 то 20-уми сентябр дар Сирки давлатӣ таҳти унвони «Дунёи сирк пайвандгари қалбҳо» 1-умин Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ доир гашт.


Зикр гардид, ки Фестивали мазкур ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи санъати сиркӣ, табодули таҷрибаи ҳунарӣ ва густариши робитаҳои фарҳангӣ миёни давлатҳо мусоидат менамояд.
Дар Фестивал гурӯҳҳои сиркӣ аз кишварҳои Арманистон, Беларус, Булғористон, Венгрия, Ветнам, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Олмон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуда, беҳтарин барномаҳои ҳунарии худро манзур гардонданд.
Дар маросими ҷамъбаст иштирокчиён барои саҳми арзандаашон дар баргузории Фестивал бо туҳфа ва сипосномаҳо қадр шуданд.
Дар ҳошияи Фестивал осорхонаи Сирк ифтитоҳ гардид. Осорхона таърихи рушди санъати сирк ва фаъолияти ҳунармандони ин муассисаро бозгӯ намуда, ба ҳифзи мероси сиркӣ ва муаррифии дастовардҳои он мусоидат мекунад.
Ҳунармандон ва намояндагони гурӯҳҳои сиркии кишварҳои иштирокчии Фестивал, ҳамчунин, аз Осорхонаи миллӣ боздид намуданд. Меҳмонон тавассути сайри осорхонавӣ бо таърихи пурғановати халқи тоҷик, мероси бостонии кишвар ва осори нодири таърихию фарҳангии халқи тоҷик шинос шуданд. Ба онҳо оид ба таърихи ташаккул ва рушди тамаддуни тоҷикон, бозёфтҳои бостоншиносӣ, намунаҳои санъати тасвирӣ ва амалӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар ёдгориҳои арзишманди миллӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.


У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”