Баргашт Чоп кардан

НОМАИ СИПОС

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори бозшавии шоҳроҳи Дарвоз-Ванҷ

Дуруд, эй Пешвои миллати ман!

Дуруд, эй раҳкушои миллати ман!

Туро чун муҷиби бахту саодат

Худо дод аз барои миллати ман!

Чу роҳи сулҳро ҳамвор кардӣ,

Нахуфтӣ, ҳамвора кор кардӣ!

Гирифта каштали ин кӯҳи хоро,

Ту панҷа нарм бо кӯҳсор кардӣ.

Ба зарба шаҳраги ҷонаш буридӣ,

Даридӣ, синаи сангаш даридӣ.

Ватан Ширину ту Фарҳоди дерин,

Вале ту бар муроди худ расидӣ!

Кунун пайроҳаи пурбими Ванҷам,

Шуда шаҳроҳ сӯи симу ганҷам.

Чу пояндози сабзи махмалин шуд

Раҳе, ки солҳо медод ранҷам.

Сипос, эй Пешвои миллати ман!

Сипос, эй раҳкушои миллати ман!

Чу кӯҳсори Ватан поянда бошӣ,

Ба номат қуллаи оянда бошӣ!

Нуқраи СУННАТНИЁ,

барандаи Ҷоизаи адабии

ба номи Мирзо Турсунзода

ҲАФТ БУРҶИ ТОҶИКИСТОН

Ҳафт бурҷи Тоҷикистон ҳафт рукни олам аст,

Ҳафт бурҷи Тоҷикистон ҳафт пушти одам аст.

Ҳафт бурҷи Тоҷикистон ҳафт шаҳзоди Худо,

Ҳафт бурҷи Тоҷикистон ҳафт эҷоди Худо.

Тоҷикистон аст бо Раштони мо хуш давлате,

Тоҷикистон бе гули Раштон надорад савлате.

Тоҷикистон пурҷило аз ранги кӯҳистони хеш,

Тоҷикистон Тоҷикистон нест бе Хатлони хеш.

Тоҷикистон бо Хуҷандаш бо сару сомона аст,

Тоҷикистон бе Хуҷандаш гӯшаи вайрона аст.

Тоҷикистон бо Зарафшон аст боғи пурсамар,

Тоҷикистон бе Зарафшон зар надорад дар камар.

Тоҷикистон бо Ҳисори шодмонаш шод бод,

Бо Ҳисори шодмонаш хонаи обод бод!

Тоҷикистон Вахш дорад, Вахши ганҷафшони худ,

Тоҷикистон гӯшаи танг аст бе Вахшони худ.

Тоҷикистон бо Бадахшон марди якҷону тан аст,

Тоҷикистон бе Бадахшон хонаи беравзан аст.

Ҳафт бурҷи Тоҷикистон ҳафт ризвони ман аст,

Ҳафт бурҷи Тоҷикистон ҳафт ихвони ман аст!

Ширин БУНЁД,

Шоири халқии

Тоҷикистон

ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ

Аз домани кӯҳистон хандида гуҳар хезад,

Бо хандаи истиқлол аз боғ шакар хезад.

Дар боғи само нағма зад булбули бахти мо,

Ҳар гул садафе бар гӯш аз субҳи саҳар хезад.

Шуд хоки Ватан зархез аз накҳати истиқлол,

Бо шохаи себи бахт аз субҳ самар хезад.

Дар пираҳани кишвар гулдӯзии ваҳдат бин,

Оҳанги табассумҳо аз бому зи дар хезад.

Аз чашми само имшаб мушки сара мерезад,

Аз шуълаи истиқлол оянда самар хезад.

Бар мардуми хуштолеъ ин ҷашн муборак бод,

Аз равзаи озодӣ гулдастаи зар хезад.

Лаълҷубаи МИРЗОҲАСАН,

Шоири халқии Тоҷикистон