28-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳри Хоруғ ба шаҳри Душанбе баргаштанд.
Маросими гусели Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ, мисли лаҳзаҳои истиқболи ишон, бо шукӯҳу шаҳомат ва эҳсоси баланди сипосгузории мардуми Бадахшон доир гардид. Сокинони вилоят бо садоқат ва муҳаббати самимӣ Роҳбари давлатро дар фазои пур аз эҳтиром ва шодиву нишот гусел карданд.
Аҳли фарҳанги вилоят бо ҷалби беш аз 1500 нафар ҳунармандону сокинон барномаи ҷолиби фарҳангӣ манзур намуда, сурудҳои васфи Ватан, Пешвои миллат ва муҳаббати халқро бо завқи баланд иҷро карданд. Лаҳзаҳои гусел ба саҳнаи эҳсоси миллӣ ва арҷгузорӣ ба сиёсати хирадмандонаву инсондӯстонаи Роҳбари давлат табдил ёфт.
Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки давоми ду рӯз дар шаҳри Хоруғ сурат гирифт, ба ифтихори таҷлили Ҷашни бошукӯҳи таърихӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ доир гардид.
Дар ҷараёни ин сафари пурбаракат Президенти мамлакат як силсила иншооти таъиноти гуногунро мавриди истифода қарор дода, ба сохтмони як қатор иншооти нав санги асос гузоштанд ва ба таври фосилавӣ 87 иншоотро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 185 иншооти дигар дар арафаи ин сафар мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамаи ин самараи сиёсати созанда ва ғамхории Сарвари давлат нисбат ба мардуми сарбаланди Бадахшон мебошанд.
Яке аз ҳадафҳои муҳими сафари Роҳбари давлат, мулоқоти рӯ ба рӯ бо мардуми сарбаланди вилоят, шунидани пешниҳодҳои онҳо ва тарҳрезии нақшаҳои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии ВМКБ арзёбӣ мегардад. Зимни ин мулоқотҳо Сарвари давлат сокинони вилоятро бо 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ раҳнамоӣ карданд.
Маросими гусели Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ – таҷассуми эҳтиром, арҷгузорӣ ва пайванди ногусастании халқ ба Сарвари давлат аст.