![]()
Тантанаҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ки аз Хатлону Душанбе оғоз шуда, дар Рашт, Суғду Бадахшон идома пайдо карданд, бори дигар аз ҳамдилӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва таҳкими ғояи миллӣ дарак доданд. Оре, руҳияи идонаи мардуми шарифи тоҷик дар саросари мамлакат нишон дод, ки дар даврони истиқлол ғояи миллӣ дар заминаи рӯйдодҳои калидии таърихие, ки ба вуқуъ пайвастанд, ташаккул ёфт ва имрӯз барои халқи мо ҳифзи арзишҳои таърихӣ, муҳаббат ба Ватан, садоқат ба Роҳбари хирадманд, гиромидошти фарҳангу забони модарӣ рисолати муҳими ватандорӣ ба шумор мераванд.
Шаклгирии чунин руҳияи муносиби ватандӯстӣ, фазои осудаи Ватан ва рӯзгори пурфараҳу шодӣ натиҷаи ҳамон сиёсати оқилонаест, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари истеҳкоми аркони давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ амалӣ намуда, барои таҳкими ғояву андешаи миллӣ даст ба иқдомоти бузурги мафкурасоз заданд.
Масалан, агар паради ҳарбӣ бо иштироки 27 ҳазор афсару сарбози ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва дигар низомиёни мамлакат, ки 7-уми сентябри соли ҷорӣ дар пойтахти мамлакат сурат гирифт, баёнгари таҳкими қудрати дифоии кишвар бошад, танҳо роҳпаймоии осоиштаи сокинони шаҳри Душанбе бо шумули 120 ҳазор нафар арзишҳои ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз неъматҳои истиқлолу озодии мардуми шарафманди тоҷикро ба намоиш гузоштанд. Ҳамчунин, барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ки шоми 9-уми сентябри соли ҷорӣ дар Варзишгоҳи миллӣ пешкаши сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардид, аз ҷумлаи тантанаҳои бошаҳомати ҷашние буд, ки аз як сӯ сохтусози давлати навбунёд ва аз сӯйи дигар марҳала ба марҳала тақвият ёфтани ғояи миллиро нишон дода, иштирокчиёни тантанаҳои ҷашнӣ, бахусус меҳмонони хориҷиро зери таъсири матлуб қарор дод.
Яке аз ташаббусҳои дигаре, ки дар самти огоҳӣ ва таҳкими ғояи миллӣ таъсиргузор шуд, ин аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр ва ба ҳар оила тақдим намудани шоҳасари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ мебошад, ки чунин иқдоми маърифатпарварона на танҳо дар дохили кишвар, балки аз ҷониби кулли тоҷикони бурунмарзӣ ва форсизабонони олам истиқболи густарда ёфт.
Ҳоло, агар ба тадбирҳои анҷомшуда дар соли равон – шуруъ аз интиқоли мушти хоки қаҳрамонҳои Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва ходими давлатӣ Нисор Муҳаммад то шеваи баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ назар андозем, дармеёбем, ки ҳамаи ибтикорот ба амалӣ гардидани ҳадафҳои Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ пайванди мустақим доранд. Яъне, Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, воқеан, корҳои ободониву созандагиро тақвият бахшида, руҳияи худшиносиву худогоҳиро низ боло бурд.
Шероз РАҲМАТҶОНОВ, рӯзноманигор, ноҳияи Ашт