Баргашт Чоп кардан

СПИТАМЕН. ТУҲФАҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА КӮДАКОНИ ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД


Дар ҳошияи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, дар тарабхонаи «Малика»-и ноҳияи Спитамен бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодӣ Зебонисо Абдуллозода, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода чорабинии идона баргузор гардид.

Қисмати асосии чорабинӣ ба дастгирии кӯдакону наврасон бахшида шуд. Ба 100 нафар ятим ва кӯдакони оилаҳои ниёзманд аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ туҳфаҳои идона тақдим гардид.
Зикр шуд, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак, таъмини шароити муносиб барои таҳсилу тарбия ва дастгирии иҷтимоии қишрҳои осебпазири ҷомеа аз самтҳои муҳими фаъолияти сохторҳои давлатӣ мебошад. Дар ин замина, барои фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
Барномаи идона ва дастархони идона ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.

Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Спитамен Ботуралӣ Ашурализода дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома гуфт, ки истиқлол барои насли наврас, пеш аз ҳама, имкони таҳсил, интихоби касб, рушди истеъдод ва зиндагӣ дар фазои сулҳу субот аст. Ба гуфтаи ӯ, таваҷҷуҳ ба кӯдакону наврасон танҳо иқдоми хайрхоҳона набуда, масъулияти муҳим дар назди насли имрӯзу фардои кишвар мебошад.

– Маҳз дар чунин муҳит эҳсоси масъулиятшиносӣ, худшиносии миллӣ ва меҳри Ватан ташаккул меёбад. Кӯдаке, ки имрӯз ба дониш ва тарбия фаро гирифта мешавад, фардо метавонад дар пешрафти ҷомеа ва ободии кишвар саҳми арзанда гузорад, – гуфт ӯ.
Дар ҳақиқат, ғамхорӣ ба кӯдак сармоягузорӣ ба ояндаи ҷомеа аст, зеро насли наврас, ки имрӯз дар муҳити созанда ба камол мерасад, фардо идомадиҳандаи роҳи ободониву пешрафти кишвар хоҳад буд.


Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»