25-уми сентябр сафари расмии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба Ҷумҳурии Озарбойҷон аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар шаҳри Боку оғоз ёфт.
Қоҳир Расулзода дар оғози суҳбат ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев паёми самимӣ ва таманниёти неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонд.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуда, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳанг, сайёҳӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ба рушди муносибатҳо дар самтҳои энергетикаву нақлиёт ва логистика афзалият дода шуд.
Ҷонибҳо аз вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба хуш истиқбол гирифта, барои тақвияти бештари он алоқамандии хешро баён карданд.
Дар ин рӯз Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, шахсиятҳои маъруф ва шаҳидони ин кишвар дар назди оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ва ҳамсари ӯ Зарифа Алиева, ҳамчунин, гулхани ҷовидони шаҳидон гулчанбар гузошта, хотираи неки онҳоро пос дошт.
Ҳамзамон, Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Асадов мулоқот намуд.
Зимни суҳбат бо баррасии ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории кишварҳо таъкид гардид, ки сиёсати созандаи роҳбарони ду давлат барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба заминаи мустаҳкам фароҳам меорад. Ин аст, ки солҳои охир ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар тадриҷан меафзояд.
Ҷонибҳо аз рушди ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷорату иқтисод, саноат, кишоварзӣ, энергетика, фарҳанг ва сайёҳӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати густариши ҳамкорӣ дар ин соҳаҳоро таъкид доштанд.
Зимнан, ба истифодаи манбаъҳои табиӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамчунин, дар доираи сафар Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Саҳиба Ғаффарова мулоқот намуд.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ба муносибатҳои ҳасана ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи байнидавлатӣ бо Озарбойҷон, ки дар натиҷаи муколамаи доимии сиёсӣ дар сатҳи олӣ ҳосил шудаанд, аҳамияти хосса медиҳад.
Комрон САФАР