Баргашт Чоп кардан

НУРИ ОРЗУ


Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дар баробари 51 иншооти таъиноташон гуногун, як зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ бо ду трансформатори иқтидори ҳар кадомаш 25 000 кВа ба истифода дода шуд. Барои ин зеристгоҳ манбаи барқ шохаи зеристгоҳи 110/35/6 кВ “Кӯлоб – Дарё”-и ноҳияи Восеъ ба шумор меравад, ки аз он ҷо хатти интиқоли барқи 110 кВ-и воридотӣ ба дарозии 14,5 километр кашида шудааст.
Ин зеристгоҳ танҳо як иншооти нави энергетикӣ дар харитаи ноҳия нест, он муттакои барқи ноҳия, имкони таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва посух ба талаботи рӯзафзуни неруи барқ мебошад. Агар содатар тафсир кунем, барои энергетикони ноҳия шароите фароҳам омад, ки неруи барқ акнун аз як манбаи нав бо имконияти бештару эътимоднокии баландтар қабул гардида, ба муштариён тақсим карда мешавад.
Дар назари аввал, шояд ин як кори муқаррарӣ ва зеристгоҳ як иншооти одии энергетикӣ намояд. Аммо агар ба масъала жарфтар назар андозем, аҳамияти ин зеристгоҳ барои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хеле фарох аст. Ҳатто ҳамон 51 иншооти таъиноташон гуногун, ки ба шарафи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёд гардиданд, бе неруи барқи устувор наметавонанд бо иқтидори пурра фаъолият кунанд. Мактаб, кӯдакистон, муассисаи тиббӣ, коргоҳ, корхона, маркази хизматрасонӣ, мағоза ва хонаҳои истиқоматӣ – ҳар кадом ба неруи барқ ниёз доранд. Имрӯз неруи барқ на танҳо манбаи рӯшноӣ дар хона, балки неруи ҳаракатдиҳандаи истеҳсолот, рушди маориф, тандурустӣ, хизматрасонӣ ва зиндагии муосир мебошад.
Махсусан, барои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки то соли 2016 бо номи ноҳияи Москва шинохта мешуд, масъалаи таъмини устувори неруи барқ аҳамияти хос дошт. Аз замони ба системаи мутамаркази энергетикии кишвар пайвастан (охири солҳои 60-ум ва аввали солҳои 70-уми асри гузашта) ноҳия аз зеристгоҳи 110/35/6 кВ-и «Фархор – Обшор», воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Фархор, тавассути хатти интиқоли барқи 35 кВ, ки тақрибан 17 километр дарозӣ дошт, неруи барқ мегирифт. Солҳои дароз ин зеристгоҳ талаботи ноҳияро таъмин кард. Аммо талабот ба неруи барқ сол ба сол афзуд, зеро аҳолӣ зиёд шуд, хонаҳои нав қомат афрохтанд, деҳаҳои нав пайдо ва муассисаҳои иҷтимоӣ бунёд гардиданд, корхона ва коргоҳҳои нав ба фаъолият шуруъ карданд. Дар давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ шумораи аҳолии ноҳия аз 92,7 ҳазор нафар ба 132,4 ҳазор нафар расид. Яъне, аҳолӣ 39,7 ҳазор нафар ё 42,8 фоиз зиёд шуд. Дар даҳ соли охир дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зиёда аз 100 корхона, коргоҳ ва муассисаи нави истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ба ин шумора корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, иншооти фарҳангӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ дохил мешаванд. Ҳамаи ин тағйирот табиист, ки ба шабакаи мавҷудаи барқ сарбории бештар меовард. Низоме, ки барои талаботи дирӯза сохта шуда буд, акнун ниёзҳои имрӯзаро қонеъ намекард.
Солҳои охир дар хатти барқии 35 кВ-и байни ду ноҳия сарборӣ то 60 фоиз буд ва талафоти неруи барқ то ба 12 фоиз мерасид. Шиддат паст мегардид, садамаҳо зуд-зуд рух медоданд. Ин танҳо мушкили техникии энергетикҳо набуд, он ба зиндагии мардум ва фаъолияти корхонаҳо низ халал ворид мекард. Аз ҷиҳати иқтисодӣ низ чунин тарзи интиқоли барқ самаранокии заруриро надошт.
Баъд аз татбиқи ин лоиҳа, эътимоднокии таъминоти барқ на танҳо дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, балки дар ноҳияи Фархор низ баланд гардид. Зиёда аз 30 000 кВт бори зеристгоҳи 110/35/6 кВ-и “Фархор – Обшор” ба зеристгоҳи нави 110/35/10 кВ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузаронда шуд. Сифати шиддат дар ин ду ноҳия беҳтар гардида, талафоти техникии барқ дар ХБ-35 кВ-и байни ҳар ду ноҳия аз байн бардошта шуд.
Басо рамзист, ки дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин як иқдоми муҳим татбиқ гардид. Дар ин раванд саҳми мутахассиси соҳаи энергетика, муҳандис-электрик Давлатназар Холзода, ки айни замон вазифаи масъулиятноки роҳбарии филиали ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар вилояти Хатлонро иҷро менамояд, қобили зикр аст. Баъд аз анҷоми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оғози корҳои ободонию созандагӣ дар ибтидои солҳои 2000-ум маҳз бо пешниҳоди Давлатназар Холзода ин лоиҳа ба Барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияи Ҳамадонӣ барои солҳои 2005 – 2015 ворид шуд.
Ниҳоят, вақте масъалаи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад ва дар ноҳия бунёди иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуд, Давлатназар Холзода бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Мирзоалӣ Комил мулоқот намуда, аҳамияти масъалаи бунёди зеристгоҳи навро пурра шарҳ дод. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби намояндагони Ҳукумат дар ноҳия ҳаматарафа дастгирӣ ёфт. Баъд аз ин, Давлатназар Холзода чандин маротиба бо роҳбарияти ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” низ вохӯрд ва роҳҳои татбиқи лоиҳаро пешниҳод намуд. Ин мулоқотҳо, пешниҳодҳо ва талошҳо билохира самар доданд ва дар зеристгоҳи нав корҳои сохтмонӣ оғоз ёфтанд.
Тамоми вақти сохтмон Давлатназар Холзода ҳар ҳафта як-ду рӯзи кориро дар мавзеи бунёди зеристгоҳ мегузаронд ва ба рафти корҳо назорат мекард. Барои кашидани хатти интиқоли барқ дар мавзеи баландкӯҳи Қарағоч истифодаи пояҳои 22-метра зарур буд. Бо хоҳиши ӯ корхонаи воқеъ дар ноҳияи Спитамен, ки дигар чунин пояҳоро истеҳсол намекард, дубора ба истеҳсоли онҳо шуруъ намуд. Дар натиҷа, 65 пояи 22-метра истеҳсол гардида, барои татбиқи лоиҳа фиристода шуд.
Пояҳои оҳанинро, ки шумораи онҳо 27 ададро ташкил медиҳад, бо истифода аз таҷрибаи сохтмончиёни чинӣ дар бунёди хатти интиқоли барқи «Лолазор – Хатлон», дар мавзеи сохтмон васлу насб карданд.
Давлатназар Холзода ба ҳар ҷузъиёти кор аҳамият медод. Назорат мекард, ки таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар ҷузъҳои воридшаванда ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ ва босифат бошанд.
Корҳои пудратиро ширкати маҳаллӣ – ҶДММ «Микрон» иҷро кард. Пас аз анҷоми ҳар марҳалаи сохтмон ба роҳбарият гузориш пешниҳод мегардид ва натиҷаи корҳои иҷрошуда мавриди санҷиш қарор мегирифт.
Ҳамин тавр, меҳнати пуршиддати беш аз яксола, тавре гуфтем, дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самари худро дод: ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соҳиби зеристгоҳи нави 110/35/10 кВ гардид. Акнун ноҳия дорои як нуқтаи муҳими пайвастшавӣ ба шабакаи баландшиддати энергетикист, ки ин барои таъминоти устувортари барқ заминаи мусоид фароҳам овард.
…Вақте Давлатназар Холзода ба садои якмароми кори зеристгоҳи нав гӯш медиҳад, ботинаш саршори фараҳ мегардад. Ин танҳо садои кори трансформаторҳо нест. Барои ӯ ин садои амалӣ шудани як орзуи чандинсола аст.
Гӯё зарраҳои ноаёни неруи барқ, ки дар печу тобҳои трансформаторҳо танзим шуда, ба шиддати мувофиқ табдил меёбанду тавассути ноқилҳо ҳаракат мекунанд, ба ҳар хона нур мебаранд, ба ҳар коргоҳ неру мебахшанд, худи зиндагиро ба ҳаракат меоранд. Дар чунин лаҳзаҳо инсон эҳсос менамояд, ки меҳнаташ хеле арзишманд аст, чунки ба зиндагии ҷомеа манфиатбахш мебошад. Орзуи чандинсолаи ӯ амалӣ шуд ва муҳимтар аз ҳама, орзуи неке, ки амалӣ шуду ба мардум манфиат овард.


Нозир ЁДГОРӢ,
нависанда