Баргашт Чоп кардан

ШОМИ ШАНБЕ


ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
КАЛИДКАЛИМА
Дар ин муаммоҳои пешниҳодгашта шуморо мебояд аз калимаҳои гуногун вожаи нав бисозед.
Масалан: НОБ + АҲД + АСР = САРҲАДБОН.


Таҳиягар Ш. ШОКИР


Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 935 35 51 50
Масъули рубрика
Ш. ШОКИР
ҶАВОБ БА КАЛИДКАЛИМА АЗ ШУМОРАИ
18-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2026, №182 (25589):
1. Равшанибахш 2. Мухталифзабон 3. Собитқадамона 4. Соҳибманзалат 5. Фавқуттамом
6. Тиркиштасма 7. Рутубатнопазир 8. Ситорамонанд 9. Тозанашаванда 10. Абирафшон


БЕМОР, ЯЪНЕ БЕ МОР
Номи аслии Ибни Сино Ҳусейн ва номи падараш Абдулло буд. Номи пуррааш чунин аст: Абуалӣ Ҳусейн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино. Яъне, Сино насаби сулолавии Абуалӣ мебошад.
Достоне ҳаст бо ин мазмун, ки дар замони Ибни Сино шаҳри Ҳамадонро мушҳо зер мекунанд ва мардум гирифтори бемории тоун мешавад. Барои роҳи ҳал назди Ибни Сино мераванд. Ибни Сино мегӯяд: “Мор пайдо ва дар шаҳр раҳо кунед”. Мардум ин корро анҷом медиҳанд ва морҳо боиси аз байн рафтани мушҳо мешаванд, бемории тоун низ решакан мегардад. Ба поси ин коре, ки морҳо карданд, сари роҳашон ҷомҳои шароб мегузоранд, чун вақте морҳо шароб мехӯрданд, заҳрашон сахттаъсиру хатарноктар мешуд. Баъд аз он мор намоди саломатӣ мегардад. Ҳатто мардум дар хонаҳояшон мор нигоҳ медоштанд, то маризӣ аз онҳо дур бошад. Ҳамин тавр, баъдҳо шахсеро, ки зиёд мариз мешуд, мегуфтанд бе мор аст, яъне мор надорад. Ин байни мардум роиҷ шуд ва шахси маризро бемор мегӯянд. Ҳоло ҳам дар тамоми дунё рамзи тиб як ҷом аст, ки мор гирдаш печидааст.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ


БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ДИЛИ БУЗУРГ
Дар бораи одамияти Месси, ки фарқкунанда аст
Ҳаводорони футбол дар бораи муносибатҳои бародаронаи ду ситораи нотакрор- Роналдинйо ва Месси бисёр чизҳоро медонанд. Фарзи мисол, огоҳанд, ки Месси шогирди Роналдинйо мебошад ва бо эътирофи устод шогирд аз ӯ беҳтар бозӣ мекунад. Вале, шояд, кам касоне хабар доранд, ки Месси борҳо дар ҳолатҳои барои устодаш ниҳоят вазнин дасти ӯро гирифтааст. Ҳарчанд худи Роналдинйо борҳо гуфтааст, ки Месси маблағи калони гарав дода, ӯро аз маҳбас озод кардааст.
Бале бовар нокарданист, вале далел аст, ки Месси бо вуҷуди шуҳрати ҷаҳонияш, барои устод то имрӯз ҳамон шогирд боқӣ мондааст, ки аз одамияти баланди ӯ шаҳодат медиҳад. Аз нақли Роналдинйо аст, ки мегӯяд: «Месси вақте маро аз маҳбас озод кард, медонист, ки дар ҷайбам пул ҳам надорам. Рӯзи дигар футболкаи худро бо имзои боз чанд ситораи ҷаҳонии футбол фиристода, таъкид кард, ки онро фурӯшам ва зиндагии худро таъмин созам. Вале ман чунин амалро ба худ раво надонистам. Чӣ хел туҳфаи шогирдро ба ивази пул фурӯшам? Чанд рӯз баъд вақте ба суратҳисобам маблағи калон ворид шуд, занг зада, аз масъулони Месси тақозо кардам, ки қазияро шарҳ диҳанд. Онҳо гуфтанд, ки чун шогирдат аз тасмими шумо огоҳ шуд, айнан чунин як футболкаи дигарро дар музояда ба фурӯш монд. Суратҳисоби шумо аз ҳамин ҳисоб пур шудааст».
Ҳикмати ин қисса ҳамин аст, ки на ҳар одам чун ба зинаи шуҳрат боло меравад, гашта ба поён назар карданро хуш дорад. Мессиро бошад, маҳз ана ҳамин хислаташ миёни мухлисон маҳбубтар мегардонад, ки ҳалолаш бод!
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА


4 МЕДАЛИ ТИЛЛОИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ


Хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и шаҳри Хуҷанд Зафарҷон Рауфов чанде пеш дар олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалии «UniCEP JEO-SEO” ва «XCEL international” дар шаҳри Сиднейи Австралия иштирок намуда, дар маҷмуъ, соҳиби 4 медали тилло гардид. Ӯ аз рӯйи фанҳои забони англисӣ ва математика дар ҳар ду олимпиада дутоӣ медал гирифт. Дар ин рақобати илмӣ намояндагони беш аз 55 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.
Таҳияи Далер ИБРОҲИМ


ДИҚҚАТ!
РУБРИКАИ НАВ
ИХТИРОИ НОГАҲОНӢ
ПУЛАКЧАҲОИ ҶУВОРИМАККА
Таърихи пулакчаҳои ҷувори-макка (кукурузные хлопья) аз асри XIX оғоз меёбад. Соҳибони осоишгоҳи «Батл-Крик» дар иёлати Мичигани (ИМА) — бародарон Келлогҳо аз орди ҷуворимакка кадом як таомеро омода карданӣ буданд, вале ба онҳо лозим омад, ки бо корҳои муҳим ва таъхирнопазири пансионат ба ҷое бираванд.
Вақте баргаштанд, диданд, ки орди ҷуворимакка каме вайрон шудааст. Бо вуҷуди ин, қарор доданд, ки аз ин орд хамир кунанд, аммо хамир лахта-лахта шуда, аз он пулакчаҳо ва тухмчаҳо ба вуҷуд омаданд. Бародарон аз ноумедӣ ин пулакчаҳоро бирён карданд ва баъзе аз онҳо дам карда, баъзеи дигар сохтори хуши шикананда (хрустяши) гирифтанд.
Ин пулакчаҳо дертар ҳамчун таоми нав ба беморони духтур Келлог пешниҳод мешуд ва онҳо бо шир ва зефир ба дастархон кашида шуда, маъруфияти зиёд пайдо карданд.
Соли 1894 пулакчаҳои аслии ҷуворимакка аз ҷониби пизишки амрикоӣ Ҷон Харви Келлог патент карда шуда, соли 1906 ба истеҳсоли оммавии ин намуди нави хӯрок шуруъ намуданд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ


ТАБИБИ ХАЙРХОҲ
Сураҷ Мерабонов, табиби осебшинос-раддод ва яке аз ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол - 2026», тасмим гирифтааст, маблағе, ки аз Озмун ба ӯ додаанд, барои табобати ду бемор, ки бояд дар шаҳри Душанбе ҷарроҳии пайвандсозии узви баданро анҷом диҳанд, хайр мекунад.
Сураҷ бори нахуст дар таърихи тибби ВМКБ ҷарроҳии эндопротезкунонии буғуми косу ронро гузарондааст. Ӯ муддати фаъолияташ зиёда аз 150 ҷарроҳиро бо натиҷаи аъло анҷом додааст.


Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ДУ ПАҲЛУИ ЯК ҚОБИЛИЯТ
Аз қобилияти фардии Юлий Сезари машҳур, ки дар як вақт ҳам навиштану хондан ва ҳам фармон дода метавонист, аксаран огоҳем. Вале, шояд, кам нафароне медонанд, ки додари ӯ низ, ҳамчунон, қобилияти фавқулода дошт: ӯ дар як вақт ҳам ҳасад мебурд, ҳам ашк мерехт ва ҳам бародарашро пеши дарбориён сиёҳ мекард.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА


ОДАМИ ХУБУ НОХУБ


Аз фармудаҳои ҳикматомези Раневская аст, ки мегӯяд:
– Одами хуб будан, ҳарчанд гоҳ-гоҳе забонат олудаи дашном шавад ҳам, беҳтар аз онест, ки дар сурат боодоб, вале ботинан ноодам бошӣ.


Аз русӣ тарҷимаи Ҳ. РАҲМОНЗОДА


11 РӮЗ ДАР ҶАНГАЛ
Қиссаи наҷоти Карина аз ҷониби Найда


Соли 2014 Карина Чикитоваи чорсола дар ҷангали Ёқутистон гум шуд. Вай хомӯшона аз паси падараш, ки ба ҷангал равон шуд, мерафт, аммо падараш инро пай набурд. Бар асари набудани алоқа, волидон танҳо пас аз чанд рӯз пай бурданд, ки кӯдак нопадид шудааст.
Тули 11 рӯзи баъдӣ Карина дар олами ҳайвоноти ваҳшӣ, ки дар он хирсу гургҳо гаштугузор мекунанд, танҳо монд. Рӯзона ӯ аз меваҳои ҷангалӣ ғизо мегирифт ва аз ҷӯйборҳо об менӯшид, шабона бошад, саги вафодораш Найда, ки ҳеҷ гоҳ аз паҳлуяш дур намешуд, ӯро гарм нигоҳ медошт. Ба шарофати саг кӯдак тавонист аз шабҳои сард ҷон ба саломат барад.
Рӯзи даҳум Найда ғайриинтизор танҳо ба деҳа баргашту бисёриҳо ба хулосае омаданд, ки дигар ҳеҷ умеде боқӣ намондааст. Аммо маҳз ҳамин чиз ба наҷотдиҳандагон кумак кард: саг онҳоро ба назди Карина бурд. Духтар дар ҳолати ниҳоят лоғар, пойи луч ва бо бадани пур аз изи газидани ҳашарот, зинда пайдо шуд.
Дар Ёқутистон ба хотири Карина ва сагаш Найда муҷассама гузошта, дар бораи наҷот ёфтани ӯ китоби бачагона ва филми бадеӣ офарида шудааст.


Таҳияи Наргис АТОЕВА


КАФКӮБИИ 12-ДАҚИҚАГӢ ҲАНГОМИ ҶОИЗАСУПОРИИ "ОСКАР"
10-уми апрели соли 1972. Маросими ҷоизасупории Оскар. Аз ҳама охир, баъд аз тақдими ҷоизаи "Филми беҳтарин", нобиғаи 82-солаи кино Чарли Чаплин баъд аз 20 соли дур шуданаш аз Ҳолливуд ба саҳна даъват карда шуд ва тамоми тамошогарон аз ҷой хеста, ба кафкӯбӣ шуруъ карданд, ки 12 дақиқа давом ёфт. Дар таърихи "Оскар" чунин қадрдонӣ аз тарафи тамошогарон беназир буд.
Чаплин бо садои ором мегуфт: “Ташаккур. Шумо чи қадар инсонҳои бомуҳаббатед”.
Таҳияи Муҳаммадамин ОДИНАЕВ


ФУТБОЛ
10 БОЗИИ ДОРОИ БЕШТАРИН ШУМОРАИ ТАМОШОБИНОН ДАР МАЙДОН
2. Бразилия – Парагвай
(Бозии интихобии Ҷоми ҷаҳонии соли 1954, варзишгоҳи «Маракана», 183 341 тамошобин)
Ин бозӣ, ки 21-уми марти соли 1954 баргузор гардид, ба рӯйхати сертамошобинтарин бозиҳо дар таърихи футбол ворид шуд. Шумораи расмии тамошобинон дар ин бозӣ 174 599 нафарро (бо чипта) ташкил дод, дар ҳоле ки шумораи воқеии онҳо 183 341 нафар (бо шумули афроди бечипта ва меҳмонони фахрӣ) буд. Дар ин бозӣ тими миллии Бразилия бар дастаи Парагвай бо ҳисоби 4:1 ғолиб омад ва ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки соли 1954 дар Швейтсария баргузор гардид, роҳ ёфт.
Аз русӣ тарҷумаи С. АШУРОВ


ҚИМАТИ ВАҚТ


Мард аз пирамард пурсид:
– Чаро шумо ҳамеша оромед?
Пирамард ҷавоб дод:
– Ман вақти худро барои чизҳое, ки барнамегарданд, сарф намекунам.
Марди ҷавон ҳайрон шуда, гуфт:
– Кадом чизҳо?
Пирамард гуфт:
– Дирӯз ва сухани гуфташуда. Дирӯз дигар гузашт, сухан бошад, агар гуфта шуд, дигар баргардонда намешавад.
Хулоса: Вақтро қадр кун ва пеш аз сухан гуфтан андеша намо.


Таҳияи Хуршед ТОЛИБОВ


ДУЧАРХАИ «ОФТОБӢ»
Як сафари таҷрибавӣ аз Фаронса то Чин
Шон Райани англис, ки на муҳандис асту на велосипедрони касбӣ, дучархаи барқие сохтааст, ки бо неруи панелҳои офтобӣ кор мекунад.
Шон дучархаи худро дар асоси дучархаи боркашонии “Omnium” сохта, ба он панелҳои офтобӣ часпонд. Дар аввал чанд ҳафта дар зодгоҳаш – шаҳри Ноттингем гашт. Баъдан, ба Мусобиқаи байналмилалии дучархаҳои «офтобӣ» ҳамроҳ шуд.
Таҳияи Сайфиддин СУННАТӢ


ҲОДИСАИ ҒАЙРИОДӢ ДАР ФУТБОЛИ БРАЗИЛИЯ
Футболбози бразилӣ ва ҳимоятгари дастаи «Coritiba» Ҷаси Маранҳао ҳангоми бозӣ бо дастаи «Chapecoense» гол зад ва барои ҷашни гол ба назди мухлисон давид. Аз болои лавҳаи таблиғотӣ парида, ба нақби даромадгоҳи варзишгоҳ афтод ва пояш осеб дид. Ҷолиб ин аст, ки баъд аз баррасии VAR бо қарори довар голи задаи Ҷаси Маранҳао бекор ва худи футболбоз дар қисми дуюми бозӣ иваз карда шуд. «Coritiba» бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Ин ҳодиса ба яке аз лаҳзаҳои аҷиби футболи Бразилия табдил ёфт.
Таҳияи З. РАҶАБ


АСАЛ
ҳеҷ гоҳ вайрон намешавад


Асал ягона маҳсулоти табиӣ мебошад, ки ҳазорон сол бетағйир мемонад ва ҳеҷ гоҳ вайрон намешавад. Ин хусусияти беназири он ба чанд омили кимиёӣ ва биологӣ вобаста аст.
Сабаби асосии вайрон нашудани асал, камии об дар таркибаш мебошад. Асал дар таркиби худ хеле кам об дорад (тақрибан 17-18%). Ин муҳити «хушк» имкон намедиҳад, ки бактерияҳо ва занбӯруғҳо афзоиш ёбанд, зеро онҳо барои зинда мондан ба намӣ ниёз доранд.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА


1816
Соли бе тобистон


Тобистони соли 1816 дар таърихи Нимкураи шимолӣ аз ҳама аҷибтарин сабт шудааст, зеро дар ин сол аз моҳи июн ҳаво якбора сард шуда, то август дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ барф борид. Дар авҷи тобистон ҳаво чунон хунук буд, ки одамон ҳатто аз моҳи июл маҷбур шуданд, палто пӯшанд.
Ба ин далел, дар таърихи метеорология соли 1816 ҳамчун «соли бе тобистон» маҳфуз мондааст.


Таҳияи Лайло ЛАТИФЗОДА, ноҳияи Нуробод


7 КӮЛИ ҲАФТКӮЛ
ХУРДАК – ЗЕБО ВА МАЪРУФ


Кӯли Хурдак панҷумин кӯли силсилаи Ҳафткӯл дар дараи Шинги шаҳри Панҷакент буда, зебо ва машҳур аст. Он дар баландии тақрибан 1870 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, яке аз гӯшаҳои дилфиреби табиати нотакрори Тоҷикистон мебошад.
Кӯли Хурдак бо оби мусаффо, кӯҳҳои сарбафалаккашида ва манзараҳои сабзу хуррами атроф диққати саёҳону дӯстдорони табиатро ҷалб мекунад.


Таҳияи Далер ИБРОҲИМ


ДАРЁ ДАР ЗЕРИ УҚЁНУС
Сеноти Анхелита (Cenote Angelita) — ин ғори амиқи обиест дар нимҷазираи Юкатани Мексика (тақрибан 17 км дар ҷануби шаҳри Тулум), ки бо падидаи нодири визуалии худ — «дарёи зериобӣ» дар тамоми ҷаҳон машҳур гаштааст.
Дар асл ин дарё нест, балки як иллюзияи табиии аҷиб аст, ки дар натиҷаи омезиши обҳои дорои зичии гуногун ба вуҷуд меояд.


Таҳияи Ҷӯрабек НЕГМАТОВ


ЧУҚУРТАРИН ҲАВЗИ ШИНОВАРӢ ДАР ҶАҲОН
Дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб, ки баландтарин бинои осмонбӯс – “Бурҷи Халифа”, бузургтарин маркази савдо – “Дубай тиҷорат” ҷойгир аст, чуқуртарин ҳавзи шиноварӣ ифтитоҳ гардид.
Умқи ҳавз 60 метр буда, гунҷоишаш 14 миллион литр обро ташкил медиҳад. Бо чунин иқтидор ҳавзро 27-уми июн ба "Китоби рекордҳои Гиннесс" дохил карданд.


Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА