![]()
4-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва иштирок дар тантанаҳои идонаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ноҳияи Фархор ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи марказии ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилоят, намояндагони касбу кори гуногун ва аҳли фарҳанг бо шодиву сурур ва муҳаббату самимияти бепоён пешвоз гирифтанд.
Аз ҷониби аҳли санъату ҳунари ноҳия барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз инъикос мекунанд, пешниҳод гардид.
Ифтитоҳи бинои нави шуъбаи КДАМ
4-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Фархор бинои нави шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, баҳри фароҳам овардани шароити муосир барои фаъолияти кормандони мақомоти амнияти миллӣ пешбинӣ мегардад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои бисёрошёна бо тарҳи замонавӣ ва инфрасохтори зарурӣ сохта шуд. Дар таҳхона толори варзиш, бойгонӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир буда, дар ошёнаҳои дигар ҳуҷраҳои корӣ, ошхона, маҷлисгоҳ, китобхона ва хонаҳои истиқоматии хидматӣ барои кормандон пешбинӣ мешаванд. Манзилҳои зист бо шароити зарурӣ таъмин буда, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматӣ ба низоми ягонаи гармидиҳӣ пайвастанд.
Барои роҳату осонии истифодаи бино лифти замонавӣ насб гардида, инфрасохтори муҳандисии он низ пурра ба талаботи муосир мутобиқ аст. Бунёди иншоот моҳи апрели соли 2023 оғоз ёфта, дар раванди сохтмон 40 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардид. Саҳни бино бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан сабзкорӣ шуда, суҳбаткадаю майдончаи бозӣ бунёд гаштанд.
Таваҷҷуҳ ба фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти кормандон, таъмини онҳо бо манзили хидматӣ ва муҳити зарурии кору зиндагӣ, дар маҷмуъ, ба баланд бардоштани самаранокии хидмат ва беҳтар намудани инфрасохтори соҳавӣ нигаронда шудааст.
Ба истифода додани бинои нави Маркази адлия
4-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои Маркази адлия бо тарҳи меъмории миллӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Вазорати адлия ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфт.
Баъди ба истифода супурдани бинои нав Маркази адлия дар ноҳияи Фархор бо равзанаи ягона пайваст гардид. Марказ дорои китобхона, толори ақди никоҳ, ҳуҷраҳои кории барҳаво ва иншооти ёрирасон аст.
Барои дар сатҳи хуб ба роҳ мондани фаъолияти корӣ равзанаи ягона бо муҳимтарин дастгоҳ ва лавозимоти муосири соҳавӣ, аз ҷумла таҷҳизоти иттилоотии рақамӣ, таъмин буда, мутахассисони касбӣ бо истифода аз низоми электронӣ ҳамаи дархосту муроҷиати шаҳрвандонро дар фурсати кӯтоҳ шаффофу босифат иҷро менамоянд.
Дар китобхонаи Маркази адлия асарҳои Пешвои миллат, теъдоди зиёди осори назмию насрии адибони маъруфи тоҷик, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои соҳавӣ мавҷуданд, ки аз ин махзани илму маърифат кормандони мақомоти адлия васеъ истифода хоҳанд кард. Толори ақди никоҳ вобаста ба маросими домодию арусӣ оро дода шудааст.
Ҳуҷраҳои корӣ барои кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳуҷраҳои кории идораи нотариалии давлатӣ, Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» ва нозироти корҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ низ дар бинои нав дорои шароити хуби корӣ ҳастанд. Дар бинои нав меҳмонхонаи замонавӣ сохта шуд, ки бо 4 ҳуҷраи барҳаво барои қабули 8 нафар дар як вақт пешбинӣ мешавад. Ҳуҷраҳо стандартӣ ва люкс буда, дорои шароити ҷавобгӯ ба талаботи муосиранд. Дар таҳхонаи иншоот бойгонии бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораи нотариалии давлатӣ ҷойгиранд. Дар умум, дар бинои Маркази адлияи ноҳияи Фархор 10 ҳуҷраи корӣ бо тамоми шароити зарурӣ ва ҳуҷраҳои техникию ёрирасон мавҷуданд.
Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави Маркази адлия қадами муҳим дар самти рушди инфрасохтори мақомоти адлия буда, барои татбиқи ислоҳоти соҳа, гузариш ба низоми муосири идоракунӣ ва рақамикунонии хидматрасониҳо мусоидат хоҳад намуд.
Аснои шиносоӣ бо имкониятҳои фароҳамгардида, дар бинои мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати бино баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки бо истифода аз шароити арзандаи корӣ кормандону мутахассисони мақомоти адлия бояд дар самти амалисозии босамари стратегияву барномаҳои давлатӣ, хидматрасониҳои саривақтиву босифат ба аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи одобу маърифати оиладорӣ бештар фаъолият намоянд. Иншооти хуштарҳи навбунёд туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони мақомоти адлия дар ноҳияи Фархор арзёбӣ гардид.
Ифтитоҳи ҳашт иншоот
4-уми октябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархор Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 8 иншооти таъиноташон гуногунро ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаи навсозии роҳи Гулистон – Фархор шинос шуданд.
Иншооти нахустине, ки дар ин ноҳия ба таври фосилавӣ кушода шуд, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Фархор дар деҳаи Ориён мебошад. Ин иншооти муҳими маъмурӣ шароити мусоиди кориро барои кормандони Ҷамоат ва хидматрасонии босифат ба сокинони маҳаллӣ фароҳам меорад. Бинои мазкур бо тарҳи муосири меъморӣ сохта шуда, дорои шароити зарурӣ мебошад.
Иншооти дигар бинои маъмурии маркази бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Фархор аст, ки ба таври фосилавӣ кушода шуд. Ин иншооти муҳими соҳавӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти озуқавории кишвар ва баланд бардоштани сифати назорати маҳсулоти кишоварзию хӯрокворӣ бунёд ёфт. Бинои нав аз ҳуҷраҳои кории барҳаво ва озмоишгоҳҳои муосир иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти пешрафтаи соҳавӣ ва технологияҳои муосири назоратӣ таъмин мебошад.
Ҳамчунин, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-ро дар деҳаи Дӯстии деҳоти Фархор ба истифода доданд. Бинои иловагии таълимӣ барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, мушкилоти норасоии ҷойи нишастро дар Муассиса аз байн мебарад. Дар иншооти нав шароит мутобиқ ба талаботи замон оварда шудааст.
Иншооти дигари соҳаи маориф, ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд, бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 дар деҳаи Муродбахши деҳоти Истиқлол мебошад.
Дар ин бинои таълимӣ метавонад 384 хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шавад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои иловагии Муассисаи таълимӣ хонандагон таҳсилро дар шароити замонавӣ давом хоҳанд дод.
Дар идома Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толори варзиш, майдончаи варзиши болопӯшида ва маҷлисгоҳро дар деҳаи Бобосафоли деҳоти Гулшан ба тариқи фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти нав дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, барои ҷалби таваҷҷуҳи сокинон, бахусус ҷавонону наврасон, ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим мусоидат хоҳад кард.
Ду маркази саломатӣ низ дар деҳаҳои Хуросон ва Дарқади ноҳияи Фархор аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд.
Иншооти соҳаи тандурустӣ дар деҳаҳо дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, барои беҳтар намудани сатҳу сифати хидматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳот заминаи мусоид фароҳам меоранд. Ин марказҳои саломатӣ барои қабули беморон, гузарондани муоинаи тиббӣ, ташхиси ибтидоӣ, расондани ёрии аввалияи тиббӣ ва иҷрои дигар корҳои зарурӣ пешбинӣ гардидаанд.
Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Гулистон – Фархор, ки 29,6 километр дарозӣ ва 12 метр паҳноӣ дорад, шинос шуданд. Нақши ин роҳ дар рушди боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, тиҷорати наздисарҳадӣ ва пешрафти сайёҳӣ басо муҳим арзёбӣ гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расондани лоиҳа вазифадор намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 109 километр роҳҳои мумфаршгардидаи байни деҳаҳои ноҳияи Фархорро, ки аз ҷониби соҳибкорон ва сокинони боҳиммату ватандӯст ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мумфарш гардидаанд, мавриди истифода қарор доданд. Сокинон бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои ободониву созандагии ноҳия саҳм гузошта, роҳҳои байни деҳаҳоро мумфарш намудаанд.
Иншооте, ки дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ба таъсиси ҷойҳои нави кор, беҳтар шудани сифати хидматрасонӣ ба аҳолӣ ва дар маҷмуъ, ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия замина хоҳад гузошт.
Ташрифи Пешвои миллат ба ноҳияи Восеъ
4-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинон, ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд.
Дар назди варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон, масъулон ва сокинони шарафманди ноҳия самимӣ истиқбол гирифтанд.
Маврид ба зикри хос аст, ки ҳар як ташрифи Роҳбари давлат ба ин ё он гӯшаи кишвар барои фароҳам гардидани инфрасохтор, таъсиси ҷойҳои нави кор ва дар маҷмуъ, ҷиҳати беҳтар гардидани вазъи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ифтитоҳи бинои беморхонаи хусусии «Тибби Ҳулбук»
4-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ, нахуст, бинои беморхонаи хусусии «Тибби Ҳулбук»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Беморхонаи хусусӣ бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳбуди сифати хидматрасониҳои муосири тиббӣ аз ҷониби соҳибкор Раҷабалӣ Мирзоализода сохта шуд.
Ёдовар мешавем, ки санги асос барои бунёди муассисаи нави тиббӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2025 гузошта шуда, иншоот дар муҳлати муайян бо сатҳу сифати хуб бунёд гардид.
Зимни шиносоӣ бо шароит ва имкониятҳои ташхису муолиҷа дар муассисаи мазкур, ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки беморхона аз шуъбаҳои занона, асаб, кӯдакона, калонсолон, ҷарроҳӣ, эҳё ва дигар шуъбаҳои муҷаҳҳаз иборат мебошад. Дастгоҳу таҷҳизоти беморхона истеҳсоли бонуфузтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ буда, истифодаи онҳо ба рушди соҳаи тандурустӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад. Беморхона дар самти ташхис ва муолиҷаи бемориҳои дилу рагҳои хунгард низ имкониятҳои васеъ дорад. Ҷиҳати ба роҳ мондани хидматрасониҳои муосири тиббӣ дар беморхона таҷҳизот барои амалиёти ангиографӣ ва гузоштани стент насб шудааст, ки ин дар минтақаи Кӯлоб таҷрибаи аввал мебошад. Дар беморхона 50 корманди соҳа, ки дорои тахассуси баланди касбӣ мебошад, ба кор ҷалб гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овардани чунин шароити хидматрасонии тиббӣ ба сокинонро аз ҷониби соҳибкор нишони ватандӯстӣ ва саҳм гузоштан дар таъмини солимии ҷомеа маънидод карданд. Дар беморхона ошхона бо 30 ҷойи нишаст мавҷуд буда, дар он барои табобатгирандагон хӯрокҳои парҳезӣ пешниҳод мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати табибон барои содиқона иҷро намудани рисолати пуршараф дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Ҳудуди иншоотро гулу буттаҳо, дарахтони ороишӣ зинат медиҳанд.
Ифтитоҳи меҳмонхона ва маркази хидматрасонии «Эҳсон»
4-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бинои меҳмонхона ва маркази хидматрасонии «Эҳсон»-ро ба истифода доданд.
Бинои меҳмонхона дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкор Даврон Мирзозода сохта шуда, дорои 18 ҳуҷраи хоб барои қабули меҳмонон, тӯйхона ва тарабхона мебошад.
Меҳмонхона барои қабули 40 нафар дар як вақт пешбинӣ шуда, дар он 50 ҷойи корӣ муҳайё аст. Инчунин, толори барҳаво бо 150 ҷойи нишаст барои гузарондани маросими тӯй ва ошхона бо 20 ҳуҷра бо пешниҳоди хӯрокҳои миллӣ барои қабули мизоҷон пешбинӣ мегардад.
Намои берунӣ ва дохили меҳмонхона дар асоси лоиҳаи муосири шаҳрсозӣ бо назардошти унсурҳои миллии меъморӣ бунёд ёфта, хидматрасонӣ тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад.
Саҳмгузорӣ дар ташаккули хизматрасониҳои муосир, рушди ҷаҳонгардӣ, муаррифии тамаддуни оламгири миллат, фарогирии сокинони маҳаллӣ ба кор ва меҳмоннавозии сатҳи баланд ҳадафи аслии таъсиси меҳмонхона дар ноҳияи Восеъ арзёбӣ мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба хидматрасонии сатҳи баланд барои ҷаҳонгардон, тарғиби маданияти баланди меҳмоннавозии тоҷикон, муаррифии таъриху анъанаҳои миллӣ ва дар ҳамин замина рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти сердаромад дар шароити кунунӣ ҷалб намуданд.
Гуфта шуд, ки роҳи байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ –сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин қисми долони нақлиётии Осиё маҳсуб меёбад ва бунёди меҳмонхона дар шафати он ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон, муаррифии маданияти баланди меҳмоннавозӣ ва беҳтар шудани инфрасохтори хидматрасонии минтақавӣ барои ҷаҳонгардӣ мусоидат мекунад.
Чароғонсозӣ, сабзкорӣ ва насби лавҳаҳои тарғиботӣ зебоии дучанди меҳмонхонаро дар шафати роҳи байналмилалӣ таъмин кардааст.
Ба истифода додани 20 иншоот ва 70 километр роҳҳои маҳаллӣ
4-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз ифтитоҳи бинои меҳмонхонаи «Эҳсон» дар ноҳияи Восеъ, 20 иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла се муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, як кӯдакистон, нуҳ маркази инкишофи барвақтии кӯдакон, бинои маъмурии Корхонаи давлатии фаръии оби нӯшоӣ ва рафъи обҳои партов, марказҳои хидматрасонӣ ва забономӯзӣ, бинои маъмурии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар деҳоти Миралиобод, корхонаи парандапарварӣ барои 60 ҳазор сар паранда ва истеҳсоли гӯшти мурғ, корхонаҳои истеҳсоли хишти «Бадахшон-Тур» ва «Шукӯҳи маҳсулоти сохтмонӣ» ва 70 километр роҳи мумфаршгардидаи маҳаллиро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 дар деҳоти Бобошоҳиён ҷойгир буда, дар он 960 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Муассисаи нави таълимӣ дорои 16 синфхона, аз ҷумла 6 кабинети фаннӣ, ошхона ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Иншоот бо маблағгузории раёсати сохтмони вилояти Хатлон сохта шуда, дар он 41 омӯзгор ва 13 корманди техникӣ ба кор ҷалб гардид.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 дар деҳоти Худоёр Раҷабов ҷойгир буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар он 8 синфхона ва ду ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон мавҷуд мебошад. Муассисаи наву замонавӣ аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ва кумитаи падару модарон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бунёд ёфт. Бо ба истифода додани иншооти нави соҳа 25 омӯзгори соҳибтахассус ва 15 корманди техникӣ ба кор ҷалб гардид.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №76 дар деҳаи Навдеҳ барои 540 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, бо саҳми сокинону соҳибкорони саховатпеша бунёд гардид. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар 9 синфхонаи наву барҳаво хонандагон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани Муассисаи нави таълимӣ, 30 омӯзгор ба кор ҷалб шуд.
Иншооти дигари соҳа бинои нави кӯдакистон дар деҳаи Тосқалъа мебошад, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Камол Ҳабибуллозода барои 80 кӯдак эъмор гашт. Иншоот дорои 8 синфхона, ошхона бо 40 ҷой ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Бо мақсади таълими дӯстрӯякон 15 парастор ба кор ҷалб гардид.
Дар 9 маркази инкишофи барвақтии кӯдакон, ки дар доираи лоиҳаи “Рушди барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” аз ҷониби Вазорати молия дар назди муассисаҳои таълимӣ дар шаҳраки Ҳулбук, деҳаҳои Меҳробод, Баҳористон, Гулистон, Навобод, Анористон ва дигар маҳаллаҳо бунёд гардиданд, барои ба таълим фаро гирифтани 325 тарбиятгиранда ва 26 ҷойи нави кор замина фароҳам омад.
Бинои нави шуъбаи милитсия дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббус ва саҳми соҳибкори маҳаллӣ Раҷабалӣ Мирзоализода бунёд гардид.
Бинои нав дорои 13 ҳуҷраи корӣ буда, дар он барои кормандон ҷойи хобу истироҳат низ пешбинӣ мешавад. Ҳуҷраҳои кории дорои шароити муосир ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ин сохтор мусоидат менамояд.
Бинои маъмурии Корхонаи давлатии фаръии оби нӯшоӣ ва рафъи обҳои партов дар ноҳияи Восеъ аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохта шуда, дорои 7 ҳуҷраи корӣ, шуъба ва бахшҳои соҳавӣ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Маркази савдо ва хидматрасонии «Восеъ-Мол», ки дар ҳамин рӯз аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид, дар кӯчаи Султони Кабир ҷойгир буда, бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои харидуфурӯш ва пешниҳоди хидматрасониҳои гуногун ба сокинон ва меҳмонони ноҳия бунёд шудааст.
Иншоот ба истиқболи шоиста аз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Мустафо Назарзода эъмор гашт.
Маркази хизматрасонии «Нур» дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Нуриддин Сатторзода бунёд ёфта, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати пешниҳоди хидматрасониҳои тиббӣ ва таълимӣ ба сокинон пешбинӣ мегардад.
Дар маркази хидматрасонӣ бахши дандонпизишкӣ фаъолият менамояд, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз аст. Дар бино маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ фаъолият менамояд. Барои ташкили раванди таълим панҷ синфхонаи муҷаҳҳаз пешбинӣ гардида, дар як вақт имкони ба омӯзиш фаро гирифтани то 70 нафар мавҷуд мебошад.
Корхонаи парандапарварӣ дар деҳаи Пушиёни Миёнаи деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов ҷойгир буда, барои таъмини бозорҳои дохилӣ ва сокинон бо маҳсулотӣ гӯштӣ мусоидат хоҳад кард.
Ду корхонаи хиштбарорӣ – «Бадахшон-Тур» ва «Шукӯҳи маҳсулоти сохтмонӣ» дар деҳаҳои Гулистон ва Тугарак бунёд гардида, дар амалигардонии саноатикунонии босуръати кишвар, таъсиси ҷойҳои нави кор ва таъмини сокинон бо маҳсулоти сохтмонӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард. Иқтидори солонаи истеҳсолии корхонаи «Бадахшон-Тур» 24 миллион дона ва «Шукӯҳи маҳсулоти сохтмонӣ» 30 миллион дона хишт мебошад.
Дар идомаи иқдомҳои созанда бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша 70 километр роҳҳои мумфаршгардидаи маҳаллӣ дар ноҳияи Восеъ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ба беҳтар кардани вазъи зиндагӣ ва интиқоли молу маҳсулот ва бехатарии воситаҳои нақлиёт имкон медиҳад. То охири сол дарозии умумии роҳҳои мумфаршгардида ба 100 километр мерасад.
Дар маҷмуъ, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаҳои нави таълимӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншоот зиёда аз 390 ҷойи нави кор барои сокинон муҳайё гардид.
Илова бар ин, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 540 хонанда ҷойи нишаст ва дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои 400 тарбиятгиранда шароит фароҳам омад, ки ҳамаи ин нишонаи возеҳи сиёсати созанда, ғамхорӣ ва ҳидоятҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
Ифтитоҳи боғчаи бачагонаи «Маҳдия»
4-уми октябр сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ бо расман ба истифода супурдани боғчаи бачагонаи «Маҳдия» идома ёфт.
Кӯдакистони «Маҳдия» дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар маҳаллаҳои дорои 100 хоҷагӣ дар деҳаи Заркамар бунёд гардид.
Бунёди чунин муассисаҳо дар маҳалҳо яке аз тадбирҳои муҳим дар самти рушди таҳсилоти томактабӣ буда, барои татбиқи ҳадафҳои Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030 заминаи мусоид фароҳам меорад.
Муассисаи нав бо риояи талаботи муосир ва истифода аз унсурҳои меъмории миллӣ бунёд гашта, дар он барои таълиму тарбия ва фароғати 200 кӯдак шароити зарурӣ фароҳам аст.
Дар дохили кӯдакистон толорҳои бозии зимистона мавҷуд буда, дар ҳудуди муассиса низ майдонҳои бозиву варзиш ташкил шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки кӯдакон ҳам дар дохили бино ва ҳам дар ҳавои кушод ба бозиҳои инкишофдиҳанда, машғулиятҳои ҷисмонӣ ва дигар фаъолиятҳои тарбиявӣ машғул шаванд.
Барои ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия дар муассиса 10 парастори соҳибтахассус ҷалб гардида, машғулиятҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешаванд. Ин раванд барои рушди қобилияти зеҳнӣ, ҷаҳонбинӣ ва малакаҳои муоширати кӯдакон аз хурдсолӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиягирандагон дар кӯдакистон бунгоҳи тиббӣ пешбинӣ мегардад. Ошхона низ дорои шароити зарурӣ ва 50 ҷойи нишаст мебошад.
Яке аз хусусиятҳои муҳими иншооти нав истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ мебошад. Дар болои бино панелҳои офтобӣ насб гардидаанд, ки иқтидори умумии онҳо 62 киловаттро ташкил медиҳад. Ин иқдом барои таъмини муассиса бо неруи барқ ва истифодаи самараноки манбаъҳои тозаи неру заминаи мусоид фароҳам меорад. Муассиса, ҳамчунин, бо низоми бехатарӣ таъмин аст. Ҳудуди он сабзкорӣ ва ободу зебо гардонда шуда, дар майдони назди кӯдакистон нишастгоҳҳо ва ҷойҳои махсус барои истироҳату бозии кӯдакон омода мебошад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани кӯдакистони «Маҳдия», шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар деҳоти Миралиобод ба сето расид. Дар маҷмуъ, ин муассисаҳо барои фарогирии 500 кӯдак ба зинаи аввали таҳсилот имконият фароҳам овардаанд. Ин нишондиҳанда дар шароити деҳот муҳим буда, таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврасро нишон медиҳад.
Дар идомаи тадбирҳо баҳри васеъ намудани имкониятҳои фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, дар деҳаи Сурхдараи ҳамин деҳот сохтмони боз як кӯдакистон идома дорад. Пас аз ба истифода додани он, имкониятҳои фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ боз ҳам бештар хоҳанд шуд.
Татбиқи ҳадафҳо дар самти бештар намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба волидон имкон медиҳад, ки фарзандони худро дар муҳити солим ва наздик ба маҳали зист ба зинаи аввали таҳсилот ҷалб намоянд. Дар ин раванд саҳми соҳибкорони маҳаллӣ низ қобили зикр аст. Иштироки онҳо дар бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ бозгӯйи он аст, ки соҳибкорон баробари рушди фаъолияти иқтисодӣ, ҳамчунин, дар самти фароҳам овардани шароити муносиб барои насли наврас саҳми арзанда мегузоранд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди кӯдакистон ба соҳибкорон изҳори сипос намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки ин омил метавонад сармоягузорӣ ба соҳаи маориф ва, махсусан ба ояндаи ҷомеа, бошад. Дар ин замина, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкоронро, ки дар бунёду ободонии муассисаҳои иҷтимоӣ саҳм мегузоранд, намунаи хуби ватандӯстӣ гуфта, нақши онҳоро дар фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия, ташаккули зеҳну тафаккур ва рушди қобилиятҳои кӯдакон муҳим арзёбӣ карданд.
Ҳамин тавр, бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани кӯдакистони «Маҳдия» дар деҳоти Миралиобод намунаи равшани таваҷҷуҳи пайваста ба соҳаи маориф, дастгирии ташаббусҳои созанда ва фароҳам овардани шароити муносиб барои насли наврас мебошад. Муҳити муосири таълиму тарбия, омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва фароҳам будани шароити муносиб барои бозиву омӯзиш ба ташаккули кӯдак ҳамчун шахсияти соҳибмаърифат ва дорои ҷаҳонбинии васеъ мусоидат хоҳад кард.
Ифтитоҳи Маркази таълимӣ ва забономӯзии «Ориё»
4-уми октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии «Ориё» расман оғоз бахшиданд.
Марказ бо тарҳи зебову муосир бунёд ёфта, барои фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва аз худ намудани фанҳои дақиқ пешбинӣ шудааст. Дар он синфхонаҳои махсуси компютерӣ, химия, биология ва математика ташкил гардида, ҳар кадом бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои муосири таълимӣ таъмин мебошанд.
Дар Марказ озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ фаъолият намуда, ба хонандагон имкон медиҳад, ки донишҳои назариявии худро дар амал санҷанд ва бо усулҳои муосир ба омӯзиши фанҳои табиию дақиқ машғул шаванд.
Дар маҷмуъ, Марказ барои фарогирии 168 нафар ба омӯзиши забон ва фанҳои дақиқ имкон фароҳам меоварад. Ин иқдом, пеш аз ҳама, ба рушди қобилияти зеҳнӣ, васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ ва баланд шудани сатҳи донишомӯзии насли ҷавон мусоидат хоҳад кард.
Дар муассиса китобхонаи замонавӣ ташкил гардида, дар он ҳудуди 6 ҳазор китоб гирд оварда шудааст. Ин ганҷинаи маърифат барои толибилмон имкони васеъ фароҳам меорад, ки дониши худро тавассути мутолааи адабиёти таълимиву илмӣ такмил бахшанд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Марказ омодасозии довталабон ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф дар муассиса омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дорои донишу малакаи зарурӣ ба кор ҷалб шудаанд.
Марказ 10 омӯзгори дорои таҷрибаи баланд ба таълиму тарбияи хонандагон машғул аст. Ҳамин тавр, дар баробари фароҳам овардани шароити муносиб барои донишомӯзӣ, таъсиси Марказ барои 15 нафар ҷойи кор муҳайё кард.
Бунёди чунин марказҳои таълимӣ дар маҳалҳо барои рушди неруи зеҳнии ҷомеа муҳим арзёби гардид, зеро дар шароити имрӯза донистани забонҳои хориҷӣ, аз худ намудани илмҳои дақиқ ва истифодаи дурусти технологияҳои муосир аз омилҳои асосии омодасозии ҷавонон ба таҳсилоти олӣ ва бозори ҷаҳонии меҳнат ба шумор меравад.
Маркази таълимӣ ва забономӯзии «Ориё» бо чунин имкониятҳо метавонад ба пойгоҳи муҳими донишомӯзӣ барои наврасону ҷавонони ноҳия табдил ёфта, дар омодасозии довталабони соҳибдониш ва рақобатпазир саҳми назаррас гузорад.
Дар маҷмуъ, ба истифода додани ин Марказ боз як қадами муҳим дар роҳи таҳкими заминаҳои таълимӣ, дастгирии ҷавонон ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои омӯзиши илм, забон ва технологияҳои муосир мебошад.
Истиқболи Пешвои миллат дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб
4-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари корӣ ба ноҳияҳои Фархор ва Восеъ, бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, гузоштани санги асос ба сохтмони иншооти оянда ва иштирок дар тантанаҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон ва масъулону намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо эҳтиром ва самимияти беандоза пешвоз гирифтанд.
Ба истиқболи шоистаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи шаҳр фаъолону ҷавонон бо шукӯҳ ва ҷалоли хосса барномаи рангини ҳунарӣ пешниҳод намуданд.
Истиқболи гарму самимӣ ва шодию нишоти намояндагони сершумори аҳолии ҷомеа дар фазои сафобахши Ватан шаҳодати ифтихор ва шукргузории мардуми Тоҷикистон аз сиёсати муваффақонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, суруду таронаҳои дилангез, ҳамбастагиву ҳамдилӣ, иттиҳоду дӯстии мардуми кишвар ва комёбиву дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолиро тараннум намуданд.
Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
4-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб, нахуст, бо нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба гузаштагон, оромгоҳи олими тавоно ва мутафаккири барҷаста Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сулҳу оромии Ватан, осоиштагии аҳли башар, саодату зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол дуо ва фотиҳаи нек намуданд. Оромгоҳи шахсияти хирадманди миллати тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ёдгории таърихӣ-бостонӣ аз асрҳои XIV ва XV мелодист, ки дар маркази шаҳри Кӯлоб ҷой гирифтааст. Бинои ин ёдгории таърихӣ аз санъати миллии меъморӣ, ҳунари зебоиофарии устоҳои чирадасти маҳаллӣ, ки таҷассумгари санъати баланди миллии тоҷикианд, шаҳодат медиҳад.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ин макони муқаддас бо дастгириҳои Сарвари давлат солҳои 1995, 2006 ва 2015 таҷдиду навсозӣ гардид. Ҳамарӯза меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ аз ин ёдгории таърихию фарҳангӣ дидан менамоянд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу зебо гардондани атрофи оромгоҳ ва риояи суннатҳои миллӣ ба масъулон дастуру супоришҳои судманд доданд.
Ифтитоҳи бинои раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб
Дар идомаи сафари корӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор дода, бо шароити он шинос шуданд.
Иншоот ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби пудратчии сохтмон – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дилафрӯз» дар муҳлати қариб 5 сол бо ҷалби 45 коргари маҳаллӣ сохта шуд.
Тибқи лоиҳа, дар бинои навсохт шуъбаю бахшҳои дастгоҳи марказии раёсат, маркази рақамикунонӣ ва инноватсионии Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб, маҷлисгоҳ бо 110 курсӣ, 25 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири техникӣ, озмоишгоҳ, китобхона, меҳмонхона бо 6 ҳуҷраи хоб, ошхона ва иншооти ёрирасон ҷойгир мебошанд, ки ҳамаи онҳо бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти пешрафтаи соҳавӣ таъмин ҳастанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бунёди чунин иншооти замонавиро дар маркази шаҳри Кӯлоб барои рушди соҳа муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон дастур доданд, ки барои анҷоми босифати корҳои назоратӣ, ҳифзи муҳити зист ва татбиқи Барномаи давлатии сабзкории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 чораҳои иловагӣ андешанд.
Дар бомпӯши бинои навсохти соҳаи ҳифзи муҳити зист панелҳои офтобӣ бо иқтидори 36 киловатт насб шудааст, ки тамоми фасли сол биноро бо неруи барқ таъмин мекунад.
То ин вақт кормандони раёсат дар бинои солҳои 50-уми асри гузашта бунёдшуда, фаъолият мекарданд, ки шароити кории он ба талаботи замон ҷавобгӯ набуд.
Бо ифтитоҳи иншооти нав кормандони раёсат, ки наздики 50 нафарро ташкил медиҳанд, фаъолиятро дар бинои муосиру дорои шароити хуби корӣ идома дода, донишу малакаи худро дар рушди соҳа сарф менамоянд.
Дар ин ҷо, ҳамчунин, ба Роҳбари давлат барномаҳои нави самти рақамикунонии соҳа, ки дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025 – 2030) аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист амалӣ шудааст, муаррифӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки таҳияи шакли нави барномаҳои «Назорат», «Экомеп», «Маркази тамос», «Дидбонгоҳи атмосферӣ» ва «Рақамикунонии замини Тоҷикистон» бо зеҳни сунъӣ, сифати корҳои назоратӣ ва сатҳи хидматрасониро ба мутахассисону шаҳрвандон бамаротиб осон намудааст.
Бо барномаи электронии «Назорат» нозир ва ё масъулони дахлдор имкон пайдо мекунанд, ки ҳангоми ошкор шудани қонуншиканиҳои экологӣ, маҳали воқеъшавии ҳодисаро тавассути геолокатсия муайян намуда, маълумоти лозимро дар шакли электронӣ сабт ва протоколи электронӣ таҳия намояд.
Барномаи «Экомеп» бошад, чун пойгоҳи ягонаи маълумоти экологӣ хидмат намуда, маълумоти муҳими соҳаро дар шакли муназзам ва рақамӣ муттаҳид месозад.
Ҳоло фаъолияти «Маркази тамос» бо рақами кӯтоҳи 2122 ба роҳ монда шуда, шаҳрвандон метавонанд тавассути он аз ҳолатҳои эҳтимолии вайрон гардидани талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зист хабар дода, муроҷиатҳои худро пешниҳод намоянд.
Ин иқдом қадами муҳими самти рақамикунонии фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист буда, барои такмили низоми идоракунии иттилооти экологӣ, баланд бардоштани шаффофият ва рушди хидматрасониҳои рақамӣ дар соҳа заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ифтитоҳи қисми минтақавии раёсати ВКД дар вилояти Хатлон
оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб
Қисми минтақавии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб иншооти дигари тозабунёд дар маркази шаҳри Кӯлоб мебошад, ки 4-уми октябр бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.
Зимни шиносоӣ ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки дар ин бинои бисёрошёна барои кормандони 20 шуъба ва гурӯҳҳои 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоб шароити муосири хидматӣ фароҳам оварда шудааст.
Бинои қисми минтақавии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб бо ҷалби коргарони маҳаллӣ ва бо истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ бунёд шуда, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар ба кормандони ин мақомот гардид.
Дар ин ҷо барои мутахассисони шуъбаву гурӯҳҳо ҳуҷраҳои кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, ҳуҷраи хоб ва дигар шароити зарурӣ таъмин аст.
Қисми минтақавии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз ҷониби раёсати сохтмони Вазорати корҳои дохилӣ бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯйи талаботи меъморӣ сохта шуда, дорои маҷлисгоҳи барҳаво бо 354 курсӣ, ошхона, меҳмонхона, толори варзиш, таваққуфгоҳ ва дигар ҷойҳои зарурӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону кормандони соҳа, онҳоро ба хидмати софдилона ба Ватан ҳидоят намуданд.
Ба таъкиди Роҳбари давлат, дар замони ҷаҳонишавӣ бояд ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳушёру зирак бошад, донишу малакаи худро сайқал диҳад, дар роҳи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои мардум ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ софдилонаву содиқона хидмат намояд.
Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан
5-уми октябр сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб идома ёфт.
Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мабно»-ро ба истифода доданд. Корхона дар масоҳати 7 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, бо хатҳои технологии муосир муҷаҳҳаз мебошад. Иқтидори истеҳсолии он 32 тонна маҳсулот дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхона 15 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад. Дар он бо истифода аз хатҳои технологии муосир марҳалаҳои асосии истеҳсол ва бастабандии маҳсулот ба роҳ монда шудаанд.
Корхона бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Ҷамшед Аҳмадзода бунёд гардида, дорои 120 ҷойи кор мебошад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки истеҳсоли 15 намуди маҳсулот имкон медиҳад доираи маҳсулоти пешниҳодшаванда васеъ гардида, талаботи бозори дохилӣ ба нӯшокиҳои истеҳсоли ватанӣ бештар таъмин гардад.
Ба истифода додани корхона дар баробари зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави кор дар шаҳри Кӯлоб замина фароҳам меорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки иқтидорҳои истеҳсолии корхона самаранок истифода гашта, ҳаҷми истеҳсолот ва номгӯйи маҳсулот минбаъд зиёд гардад.
Таъкид шуд, ки ба сифати маҳсулот, риояи талаботи технологӣ ва санитарӣ, истифодаи самараноки таҷҳизот ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.
Ифтитоҳи МТМУ №51 баъд аз таъмиру навсозӣ
5-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 ба номи Худоёр Раҷабовро баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки Муассиса соли 2004 ба истифода дода шуда буд, вале бо гузашти вақт ба таъмиру навсозӣ ниёз пайдо намуд.
Корҳои навсозӣ бо саҳмгузории оилаи Ҷобирзодаҳо ва бо ҷалби 200 коргари маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми кишвар дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд ба анҷом расиданд. Акнун дар он 2600 хонанда дар ду баст бо шароити ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ ба таҳсил фаро гирифта мешавад.
Дар Муассиса 93 омӯзгор ва 26 корманди техникӣ ба кор ҷалб шудааст. Муассиса дорои 50 синфхона, аз ҷумла кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз бо аёният ва лавозимоти зарурии химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ барои писарону духтарон ва омодагии ҳарбӣ мебошад.
Ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, китобхонаҳои анъанавию электронӣ, нуқтаи тиббӣ ва толори маҷлис бо 100 курсӣ ҳам ба шароити муосири таълим ва кору фаъолият мутобиқ гардонда шудааст.
Толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзиш низ, ки дар муассиса навсозӣ шудааст, барои машқу тамрини футбол, волейбол, баскетбол, тенниси рӯйи миз, шоҳмот ва тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва обутоб ёфтани хонандагон мусоидат мекунад. Майдончаи варзиши таъмиргардида ҳам аз бартариҳои дигари мактаб дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳо баҳои баланд дода, ба соҳибкороне, ки дар ободонӣ ва навсозии мактаб саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуда, ин иқдомро намунаи равшани саҳмгузории соҳибкорон дар рушди соҳаи маориф ва ободонии Ватан арзёбӣ карданд.
Зикр гардид, ки бо фароҳам гардидани шароити мусоиди таълиму тарбия бояд дар мадди аввал сифати таҳсилот ва дониш гузошта шавад.
Навсозии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 ба номи Худоёр Раҷабов дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қадами муҳим дар самти фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи насли наврас ва таҳкими заминаи моддию техникии соҳаи маориф ба шумор меравад.
Ифтитоҳи 10 иншооти соҳаи маориф
5-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб 10 иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Аз ҷумла, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Асадулло Қурбонов бинои нави филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»-ро ифтитоҳ намуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои наву замонавии филиал аз шаш ошёна ва таҳхона иборат буда, бо дарназардошти талаботи муосири таълимӣ бунёд ёфт. Дар он барои баргузории машғулиятҳои назариявию амалӣ, курсҳои такмили ихтисос, семинарҳо, ҳамоишҳои илмӣ ва дигар чорабиниҳои таълимию методӣ шароити зарурӣ фароҳам овардаанд.
Дар ҳамин ҷо, аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47, воқеъ дар деҳаи Гулистони деҳоти Зарбдор, ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид.
Муассисаи нави таълимӣ дар заминаи корҳои ободонию созандагӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот бунёд гашт. Муассиса дорои 21 синфхона ва кабинетҳои фаннӣ буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 1000 хонанда дар ду баст пешбинӣ мешавад.
Ҳамчунин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и деҳаи Сари Ҷари деҳоти Даҳанаро ба истифода доданд. Муассиса бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бунёд гардида, ба фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия ва фарогирии бештари кӯдакону наврасон ба таҳсил нигаронда шудааст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Муассиса 40 омӯзгор ба фаъолияти таълимию тарбиявӣ ҷалб гардида, барои таҳсили 600 хонанда дар ду баст имкониятҳои зарурӣ муҳайё мебошанд.
Дар идома Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и деҳаи Файзободи Болои деҳоти Зарбдорро ба истифода доданд. Бино аз 10 синфхонаи барҳаво иборат буда, барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 480 хонанда пешбинӣ мегардад. Бо ба истифода додани бинои иловагӣ, имкониятҳои Муассиса барои қабули хонандагон зиёд гардида, раванди таълим дар шароити муносиб ба роҳ монда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пистамазори деҳоти Зиракӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Синфхонаҳо бо дарназардошти талаботи муосири соҳаи маориф бунёд ёфта, барои беҳтарсозии шароити таълим ва ташкили самараноки раванди дарсҳо мусоидат мекунанд. Мактаб дар ду баст барои 600 хонанда пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо 22 омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зиракии деҳоти Зиракӣ ба таври фосилавӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-ро ба истифода доданд. Бинои нави таълимӣ аз 10 синфхона иборат буда, барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 480 хонанда пешбинӣ мегардад. Ҳоло дар муассисаи қаблӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар ду баст дар маҷмуъ, 796 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба таълиму тарбияи онҳо 63 омӯзгор машғул мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ синфхонаҳои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Кӯлобро ба истифода доданд. Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ба хотири фароҳам овардани шароити муносиб барои таълим ва зиёд намудани имкониятҳои Муассиса амалӣ гардидааст. Синфхонаҳои нав бо дарназардошти талаботи Муассиса бунёд ёфта, барои ба роҳ мондани дарсҳо дар муҳити муносиб ва истифодаи самараноки имкониятҳои таълимӣ пешбинӣ шудаанд. Дар Муассиса 12 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошад.
Дар идома Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хобгоҳи Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим дар деҳаи Лағмони шаҳри Кӯлобро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корҳои сохтмонӣ дар хобгоҳи Мактаб-интернати №1 соли 2025 бо иқдоми созандаи академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ӯлмас Мирсаидов ва дастгирии соҳибкорони ватандӯст Аюбҷон Маҳмадов ва Мирсаид Мирсаидов оғоз гардида, он дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо риояи талаботи муосири меъморӣ ва инфрасохтори замонавӣ бунёд гардид. Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки бинои нави хобгоҳ хуштарҳу барҳаво буда, бо 14 ҳуҷраи хоб, 160 кат, 2 толори васеъ барои бозӣ ва машғулиятҳои инкишофдиҳанда, 5 ҳуҷраи корӣ ва бахшҳои ёрирасон барои зиндагии хуби ятимону кӯдакони имконияташон маҳдуд шароити мусоиди зист ва таҳсил фароҳам омада, иншоот бо низоми эҳтиётии барқ дар асоси неруи офтобӣ таъмин гашт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарбдори деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб Муассисаи таҳсилоти томактабии «Бобуна»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сохтмони Муассисаи таҳсилоти томактабии «Бобуна» соли 2021 оғоз ёфта, барои фарогирии 200 кӯдак ба таълиму тарбия пешбинӣ мешавад. Муассисаи таълимии мазкур дорои 86 ҳуҷраи корӣ, таълимӣ, хобгоҳ, ҳуҷраҳои ёрирасон ва 2 ҳавзи шиноварии алоҳида барои духтарон ва писарон буда, дар 10 гурӯҳи кӯдакон мукаммал сохтани маҳорат, ҳозирҷавобӣ, ҳушёриву зиракӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва рушди дигар сифатҳои ақливу зеҳнӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудаанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Асадулло Қурбонови шаҳри Кӯлоб Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон»-ро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Муассисаи томактабии «Дурахшон» барои 300 кӯдак пешбинӣ шуда, дар он тамоми шароити муосири таълиму тарбия барои 15 гурӯҳ, толори варзиш, ошхона, бунгоҳи тиббӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, системаи гармидиҳии муосир, майдончаи бозии кӯдакона ва суҳбаткадаҳо муҳайё гардидааст. Бо мавриди истифода қарор додани Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон» 120 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуд.
Ифтитоҳи фосилавии 10 иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб туҳфаи арзишманди Пешвои муаззами миллат ба аҳли маориф дар рӯзҳои таҷлил аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.