Ифтитоҳи Беморхонаи хусусии ташхисию табобатии «Мирзоён»
5-уми октябр зимни сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб дар деҳаи Маҳмадалӣ Ғаффоров Беморхонаи хусусии ташхисию табобатии «Мирзоён» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти нави тандурустӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ Мирзо Гадоев ва фарзандаш Хуршед Гадоев, инчунин Мирзозода Хушбахт ва Зуҳуршо, бунёд гардид.
Беморхонаи «Мирзоён» дорои шаш шуъба ва 36 ҳуҷраи корӣ буда, барои хизматрасониҳои ташхисӣ ва табобатӣ ба аҳолӣ имкониятҳои зарурӣ фароҳам меорад.
Дар сохтори беморхона шуъбаҳои бемориҳои занона, дарунӣ, қалб, ҷарроҳӣ ва кӯдакона бо 50 кат фаъолият менамояд. Ҳамчунин, дар беморхона шуъбаи табобати физиотерапевтӣ ташкил гардида, он имкон дорад дар як вақт то 55 беморро бо намудҳои гуногуни муолиҷа фаро гирад.
Беморхонаи хусусии «Мирзоён» барои зиёда аз 35 000 сокини минтақа хидматрасонии тиббӣ пешниҳод намуда, бо ба истифода додани он беш аз 100 нафар бо кори доимӣ таъмин гашт.
Дар идомаи сафар дар деҳаи Даҳана маркази ташхису табобатии «Шифо-D» ба истифода дода шуд.
Марказ бо ташаббус ва маблағгузории оилаи Тоировҳо бунёд ёфта, барои хидматрасониҳои ташхисӣ ва табобатӣ ба аҳолӣ пешбинӣ мегардад.
Маркази «Шифо-D» дорои панҷ шуъба ва 23 ҳуҷраи корӣ буда, дар як вақт имкони ҷойгир намудани 20 беморро бо рахти хоб дорад. Бо ба фаъолият оғоз намудани марказ зиёда аз 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мешавад.
Ифтитоҳи иншооти мазкур дар доираи таҷлил аз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани шароити хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шаҳодат медиҳад.
Ба истифода додани марказҳои обтаъминкунӣ ва корез
5-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб марказҳои обтаъминкунӣ ва корезро дар деҳаҳои Корез, Валиҷон Шамсов ва Тӯдакафш ба истифода доданд.
Иншоот барои беҳтарсозии таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва рушди инфрасохтори коммуналии шаҳри Кӯлоб сохта шуданд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки марказҳои нав бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои қабули об, захира ва интиқоли он ба маҳаллаҳои аҳолинишин пешбинӣ мешавад.
Дар деҳаи Корез маркази обтаъминкунӣ бо ҳавзи захиравӣ, истгоҳи обкашӣ ва иншооти ёрирасон ба истифода дода шуд. Фаъолияти он имкон медиҳад, ки таъминоти сокинон бо оби ошомиданӣ мунтазам ба роҳ монда шавад.
Дар деҳаи Валиҷон Шамсов маркази обтаъминкунӣ ва корез мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва хизматрасонӣ пешбинӣ мегардад.
Дар деҳаи Тӯдакафш низ маркази обтаъминкунӣ ва корез ба истифода дода шуд. Бо фаъолияти иншоот имконияти дастрасии сокинон ба оби ошомиданӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ беҳтар мешавад.
Баъд аз ба истифода додани иншооти нав 30 нафар бо кор таъмин шуд.
Ҳангоми сохтмони марказҳо ба сифати корҳо, насби таҷҳизоти зарурӣ ва омодасозии шабакаҳо барои фаъолияти мунтазам таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки фаъолияти муназзами марказҳои нав таъмин гардида, таҷҳизоту шабакаҳо дар ҳолати хуб нигоҳ дошта шаванд.
Таъкид гашт, ки ба сифати хидматрасонӣ ба аҳолӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва риояи талаботи санитарӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.
Ба истифода додани марказҳои обтаъминкунӣ ва корез дар деҳаҳои Корез, Валиҷон Шамсов ва Тӯдакафш ба беҳтар гардидани таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, сифати хидматрасониҳои коммуналӣ ва фароҳам омадани ҷойҳои нави кор мусоидат менамояд.
Ифтитоҳи 17 иншоот
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ифтитоҳи бинои маъмурии МОИ «Кӯлоб» як қатор иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохториро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Нахуст, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Кӯлоб» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Фаъолияти он ба коркарди гиёҳҳои шифобахш, истеҳсоли маводи тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ равона буда, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бунёд гардид.
Дар корхона истеҳсоли 80 номгӯйи мавод, аз ҷумла 35-намуд чой аз гиёҳҳои шифобахш, истеҳсоли равған аз гиёҳҳои шифобахши сиёҳдона, ангат, кунҷит, зағир, чормағз, бодоми талх, каду, зайтун, хуч ба роҳ монда шудааст.
Корхонаи истеҳсоли доруворӣ ва ороишии «Растанӣ Инно» бо ҷалби шарикони рушд бунёд ёфта, имкон дорад дар як сол то 100 тонна доруворӣ ва ороишӣ истеҳсол намояд.
Дар иншоот се коргоҳ: коргоҳҳои маҳсулоти нимтайёр барои омода намудани малҳамҳои тиббӣ, истеҳсоли маводи биологӣ ва лаборатория мавҷуд мебошад.
Инчунин, дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ҶДММ «Кӯлоб агросаноат» расман ба кор оғоз намуд. Корхона аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Саломуддин Икромзода бунёд шуд.
Ба Сарвари кишвар иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии иншооти тозабунёд дар як сол 900 тонна наботро ташкил медиҳад. Дар раванди корҳои сохтмонӣ, ки ду сол идома кард, 100 мутахассис ба кор ҷалб шуд.
Корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи парандаи «Саман» дар доираи истиқболи шоиста аз Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии солонаи он 60 ҳазор тонна хӯроки омехтаи паранда мебошад. Ҳоло фаъолияти корхонаи мазкур имкон дод, ки беш аз 35 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардад.
Корхонаи парандапарварии ҶДММ «Исмоилиёни Бурҳониён» барои парвариши 200 ҳазор сар паранда дар як сол ва истеҳсоли гӯшти мурғ дар деҳаи Хонободи шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Исмоили Бурҳон бунёд ёфта, дар рафти корҳои сохтмонӣ 60 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва баъди ба истифода додани он 17 кас бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Корхонаи парандапарварии ҶДММ «Бинямин» барои парвариши 40 ҳазор сар паранда дар як сол ва истеҳсоли гӯшти мурғ дар деҳаи Зарбдори шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ гардид. Он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мирзода Ғолиб бунёд шуда, имкон дорад, ки дар як сол то 150 тонна гӯшти парҳезии мурғ ба бозор барорад.
Марҳалаи сеюми корхонаи парандапарварии ҶДММ «Сувайба – 2014» барои парвариши 120 ҳазор сар паранда дар як сол ва истеҳсоли гӯшти мурғ дар деҳаи Зарбдори шаҳри Кӯлоб низ дар ҳамин рӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Корхонаи мазкур дар як сол бо роҳандозии 5 марҳалаи парвариш 120 ҳазор сар мурғ нигоҳубин карда, аз он гӯшти аълосифати парҳезӣ истеҳсол менамояд. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур имкон дорад дар 1 сол 360 тонна гӯшти аълосифат истеҳсол ва ба бозор барорад.
Марҳалаи дуюми корхонаи парандапарварии ҶДММ «Саман» барои парвариши 200 ҳазор сар паранда ва 36 миллион дона тухм дар як сол дар деҳаи Зарбдор ба истифода дода шуд. Он аз ҷониби соҳибкор Масидиқ Одиназода бунёд гардида, барои парвариши паранда ва истеҳсоли тухми босифат шароити зарурӣ фароҳам меорад.
Ҳангоми бунёди иншоот 30 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва баъди ба кор даромаданаш 25 кас бо кори доимӣ таъмин гашт.
Корхонаи истеҳсоли ҳасиби ҶДММ «Набӣ Ҳайдар» дар деҳаи Сангпари деҳоти Зиракӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Валӣ Абдураҳимзода бунёд ёфт. Зимни корҳои сохтмонӣ 12 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гашта, бо кушодашавии корхона бошад, барои 10 кас ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид.
Маркази ташхису табобатии «Шифо» аз ҷониби оилаи Тоирзодаҳо дар деҳаи Чинор бунёд гардид. Ин маркази нави тиббӣ имкон фароҳам овард, ки 25 мутахассиси соҳаи тиб бо кор таъмин шуда, ба 40 ҳазор аҳолии маҳаллаҳои атроф хизмати тиббӣ расонда шавад. Дар ин марказ озмоишгоҳи биохимиявӣ, ҳуҷраҳои қабули бемориҳои кӯдакона, ташхиси электрокардиографӣ, ултрасадо, дандонпизишкӣ, доругузаронӣ, қабули бемориҳои занона ва амалиётгоҳ барои ҷарроҳии фаврӣ муҳайё шуд.
Дар доираи лоиҳаи кам намудани талафоти неруи барқ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ (киловолта) мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Зеристгоҳи мазкур барои қабули неруи барқ аз шабакаи 110-киловолта ва таҳвилу интиқоли он ба шабакаҳои 35 ва 10-киловолта пешбинӣ мегардад. Дар ин замина, дар маҳаллаи Хатти Роҳи шаҳри Кӯлоб зеристгоҳи барқии амалкунандаи Кӯлоб 110/35/6 кВ (киловолта) баъди таҷдиду навсозӣ ба истифода дода шуд. Дар ин иншооти энергетикӣ 16 чашмаки содиротӣ ва хатҳои нави барқии 6, 10 ва 35-киловолта насб гаштанд. Дар маҷмуъ, дарозии хатҳои ҳавоии иншооти 10-киловолта 5300 метр ва хатҳои зеризаминии он 8266 метрро ташкил медиҳад.
Дар маҳаллаи Қурбон Асадуллои шаҳр низ зеристгоҳи барқии 110/10-киловолтаи Ато Саид бунёд ёфт. Зеристгоҳи нав дар доираи татбиқи лоиҳаи кам намудани талафоти неру дар вилояти Хатлон, қисмати зеристгоҳҳо дар шаҳри Кӯлоб бунёд гашт.
Бо саҳми сокинону соҳибкорони шаҳри Кӯлоб, ҳамчунин, 62,5 километр роҳҳои маҳаллӣ, ки дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти шаҳр таъмиру навсозӣ гардиданд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иттилоъ доданд, ки дар деҳаҳои Файзобод, Танёл, Хонобод ва Лавоваи деҳоти Даҳана 24 километр, маҳаллаи Зарқалъа 8 километр, Хоҷа Исҳоқ 6 километр, Бахтобод 6 километр, Корези Поён 2 километр ва деҳаи Пахтакори деҳоти Зиракӣ 6,5 километр роҳ мумфарш шуд.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо саҳми соҳибкорони ватанӣ аз ҷониби ҶДММ «Кӯлоб-Пласт» бунёди корхонаи истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ ба нақша гирифта шуд.
5-ум октябр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Ситораи Тоҷ»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.
Корхонаи коркард ва истеҳсоли саноати сабук дар заминаи ширкати «Ситораи Тоҷ», ки соли 2023 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфта буд, бунёд гардид. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи дӯзандагии «Ситораи Тоҷ» 200 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин шуд.
5-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли дастпӯшакҳои сохтмонӣ бо 50 ҷойи кор дар назди корхонаи ҶДММ «Ғаюр-текстайл»-ро ифтитоҳ намуданд. Коргоҳи мазкур ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат бо ташаббуси соҳибкори ватандӯст Акбар Асадулло бунёд гардида, мавриди истифода қарор гирифт.
Коргоҳи мазкур бо 112 мошинаи истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад.
Ҳоло дар ҶДММ «Ғаюр-текстайл» ҳудуди 200 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидааст. Қобили зикр аст, ки тақрибан 90 фоизи кормандони корхонаро бонувон ташкил медиҳанд.
Иқтидори истеҳсолии моҳонаи коргоҳи нави дастпӯшакҳои сохтмонӣ ба ҳисоби миёна аз 180 ҳазор то 220 ҳазор ҷуфтро ташкил медиҳад.
Дар доираи марҳалаи иловагии сеюм дар назди корхонаи мазкур 277 мошинаи ҷуроббофӣ насб мегардад.
Ҳоло корҳои сохтмонӣ ва дигар тадорукот бомаром идома доранд. Дар назар аст, ки ин коргоҳи нав то Ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди истифода қарор гирад ва дар он боз 100 ҷойи кори нав муҳайё гардад.
Дар ин росто, Сарвари давлат изҳори бовар намуданд, ки иншооти нав ба рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳо такони ҷиддӣ бахшида, сатҳи зиндагии мардум боз ҳам хубтар мегардад.
Ба тариқи фосилавӣ, ҳамчунин, иншооти зиёди сарҳадӣ ва наздисарҳадӣ, аз ҷумла 82 манзили истиқоматӣ барои афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ, бинои сеошёнаи отряди сарҳадии Ишкошим, хобгоҳҳо барои сарбозон, нуқтаҳои тиббӣ, пулҳои мошингузар, осорхонаи Пешвои миллат, кохи «Спитамен» бо 120 ҷойи нишаст, марказҳои хидматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ барои оилаҳои афсарон ба истифода дода шуданд.
Ҳамзамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти бунёди роҳ барои муҳофизати сарҳади давлатӣ ва насби панҷарадеворҳою камераҳои назоратӣ шинос гаштанд.
Дар маҷмуъ, зимни сафари кории Сарвари давлат ба шаҳри Кӯлоб 51 иншооти нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, барои бунёди 5 иншооти муҳими иқтисодиву зербиноӣ санги асос гузошта шуд.
Ба истифода додани бинои нави маъмурияти МОИ «Кӯлоб»
5-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар шаҳри Кӯлоб бинои нави маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави маъмурияти МОИ «Кӯлоб» бо риояи санъати баланди меъморӣ бунёд ёфта, дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 100 сокини маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб гардид. Баъди ба истифода додани иншооти мазкур барои 60 корманди Минтақа ҷойи кори доимӣ ташкил шуда, кормандони он бо тамоми шароити лозима таъмин гаштанд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 оғоз ёфта, дар муҳлати муайяншуда бо риояи талаботи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ ба анҷом расиданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур аз 23 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 108 ҷойи нишаст, 2 утоқи вохӯрӣ ва ошхона бо 54 ҷой иборат буда, бо техникаю таҷҳизоти замонавӣ, низоми муосири гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ, назорати бехатарӣ ва видео таъмин мебошад.
Дар ошёнаи аввали бинои мазкур маркази хизматрасонии «Равзанаи ягона» бунёд гардида, дар он хизматрасониҳои андозӣ, гумрукӣ, муҳоҷират, раводид, бонкӣ ва ғайра пешниҳод мешаванд.
Дар доираи корҳои ободонӣ, 2,1 километр роҳ бунёду мумфарш гашта, саҳни бино бо фаввораҳо, дарахтони ороишӣ, беш аз 15 ҳазор бех гули мавсимию ороишӣ ва 10 ҳазор бех гули садбарги рангоранг оро дода шуд. Инчунин, бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар толори варзишии он 32 адад таҷҳизоти варзишӣ насб гардид.
Бунёди бинои нави маъмурияти МОИ «Кӯлоб» барои фароҳам овардани шароити муосири хидматрасонӣ ба субъектҳои минтақа, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Минтақа нигаронда шудааст.
Муаррифии лоиҳаҳои роҳ ва пулҳо
Зимни сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар шаҳри Кӯлоб лоиҳаҳои бунёду барқарорсозии роҳ ва пулҳои мошингузари дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ муаррифӣ гардиданд, ки татбиқи онҳо ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтарсозии сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони роҳи Гулистон – Кӯлоб бо дарозии 32,2 километр ва роҳи Гулистон – Восеъ дар масофаи 14 километр дар доираи лоиҳаи мазкур, ки дар маҷмуъ, 46,5 километрро ташкил медиҳад, санги асос гузоштанд. Имрӯз бо супориши Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 12 нуқтаи роҳи Гулистон – Кӯлоб корҳои сохтмонӣ оғоз ёфтанд.
Роҳи Гулистон – Кӯлоб ба дараҷаи техникии 1 маҳсуб меёбад ва аз 4 хатти ҳаракат иборат буда, паҳноии қисми роҳи мошингард дар ду самт 17 метрро ташкил медиҳад. Дар ин масир 6 пул, 8 гузаргоҳи болоизаминӣ, зеризаминӣ ва барои чорво, хатти махсус барои дучархаронҳо, 31 истгоҳ ва таваққуфгоҳ барои хонаи модару кӯдак сохта мешаванд. Дар корҳои сохтмон зиёда аз 30 техника ва 78 коргар аз ширкатҳои «Хунан» ва ТГЭМ ҷалб гардидаанд. Дар доираи татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи Гулистон – Кӯлоб навсозии 15 километр роҳ дар ноҳияи Восеъ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳоло сохтмони роҳи Данғара – Гулистон бомаром идома дошта, дар 52 нуқта корҳо ҷараён доранд. Дарозии роҳи мазкур 49 километрро ташкил дода, ба дараҷаи техникии 1 мансуб мебошад. Паҳноии роҳ дар ҷойҳои аҳолинишин 45 – 66 метрро ташкил дода, аз роҳи пиёдагард ва дучархаронҳо иборат мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар нуқтаи охири роҳи мазкур ва оғози роҳи Гулистон – Кӯлоб барои рафтуомади беисти нақлиёт дар нуқтаи буриши самтҳои Данғара – Кӯлоб ва Фархору Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ роҳи дусатҳа сохта мешавад. Дар ин масир, ҳамчунин, бунёди гузаргоҳҳои зеризаминӣ барои техника, пиёдагардон, чорво, гузаргоҳҳои болоизаминӣ, равшанидиҳӣ, чароғакҳою аломатҳои роҳ, истгоҳҳо, хатҳои алоқа ва обу корез ва системаи обёрӣ дар назар аст.
Ҳамчунин, ба Сарвари давлат лоиҳаи бунёди 2 пули мошингузар дар роҳи Гулистон – Кӯлоб муаррифӣ гардид.
Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар пули якум, ки дар болои дарёи Сурхоб бо дарозии 133 метр бунёд мегардад, дар арафаи анҷомёбист. Пули мазкур аз навъи оҳанубетонии болорӣ буда, таҳкурсии такягоҳҳои он бо истифода аз мехсутунҳо бо қутри 1,2 метр бунёд меёбад.
Сохтмони пули дуюм дар болои дарёи Ёхсу, воқеъ дар ноҳияи Восеъ, тибқи нақша идома дошта, дарозии он 100,4 метр ва паҳноияш 14 метрро ташкил медиҳад. Пули дуюм низ бо усули оҳанубетонии болорӣ сохта шуда, барои таъмини устуворӣ ва мустаҳкамии иншоот таҳкурсии такягоҳҳо тавассути мехсутунҳо бунёд гашта, дар арафаи анҷомёбӣ мебошад.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, барои сохтмони роҳи таворавии Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин ба масофаи 11 километр санги асос гузоштанд.
Иттилоъ доданд, ки роҳи мазкур бо 2-3 хатти ҳаракат пешбинӣ гардида, паҳноии ҳар як хат 3,5 метр ва паҳноии қисми ҳаракати нақлиёт аз 7 то 10,5 метрро ташкил медиҳад.
Дар доираи лоиҳа, бунёди 1530 метр пиёдароҳ дар маҳаллаҳои аҳолинишин, насби низоми равшаннамоии офтобӣ, сохтмони лӯлаҳои обгузар, 2 пул ва истгоҳҳои нақлиётӣ пешбинӣ шуда, барои таъмини бехатарии ҳаракат аломатҳои роҳ насб мешаванд.
Дар доираи лоиҳаи роҳи таворавӣ дар панҷ мавзеъ барои то 3500 оила замини наздиҳавлигӣ дар масоҳати 5 дарсадӣ, ки дар назар аст. Ҳамчунин, бунёди хатти оби нӯшоӣ ва барқ пешбинӣ мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки корҳои созандагию ободонӣ ба хотири рушди инфрасохтори нақлиётӣ ба сифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳо ба роҳ монда шаванд.
Ҳадафи асосӣ аз амалисозии лоиҳаи бунёду навсозии роҳҳои мошингард таъмини бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолат ва андозаҳои геометрии роҳ, сарфа намудани вақт ва сӯзишворӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор мебошад.
Оғози бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар МОИ «Кӯлоб»
5-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо лоиҳаи бунёди маҷмааи нассоҷӣ шинос шуда, барои сохтмони он санги асос гузоштанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки маҷмаа аз ҷониби ҶДММ «Текстил Тоҷикистон» ва ҶДММ «Пахтаи Тоҷикистон» бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд мешавад.
Иқтидори коргоҳи ресандагӣ 10 ҳазор тонна ришта ва то 3 ҳазор тонна матои трикотажӣ дар як сол мебошад. Дар маҷмуъ, дар ин коргоҳҳо 440 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин мегардад.
Дар коргоҳҳо таҷҳизоти нави истеҳсолкунандагони пешқадами ҷаҳонӣ бо сатҳи баланди худкор ва технологияи ресандагӣ истифода мешавад, ки сифати устувори содиротӣ ва ҳосилнокиро дар сатҳи таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ таъмин менамояд. Ҳамчунин, дар маҷмаа корхонаи пахтатозакунӣ бо иқтидори солонаи 60 480 тонна пахтаи хом бунёд мешавад. Дар ин ҷо 200 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин мегардад.
Бунёди ин маҷмаа дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, саҳми арзанда мегузорад.
Бозгашти Пешвои миллат ба пойтахт
6-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба шаҳри Душанбе баргаштанд.
Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили Ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ давоми се рӯз дар ноҳияҳои Фархор, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб сурат гирифт.
Зимни сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор 21 иншоот, ноҳияи Восеъ 30-то ва шаҳри Кӯлоб 42 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Истиқлоли давлатӣ дастоварди беназири миллати тоҷик буда, давоми 35 сол ба сифати ҷашни давлатии муқаддас барои созандагиву бунёдкориҳои бемисл, рушду тараққиёт ва пешрафти Ватан заминаи устувор фароҳам овард.
Дар панҷсолаи охир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ҳазорҳо иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нишонаи он аст, ки сокинони сарбаланд ва заҳматпешаи вилоят барои ояндаи дурахшони Ватани маҳбуб ва ҳаёти шоиставу босаодат талошу кӯшишҳои зиёд менамоянд.
Маросими гусели Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳомати хосса бо иштироки ҳунармандон, фаъолон ва ҷавонони шаҳри Кӯлоб, барномаи рангини ҳунарӣ ва суруду таронаҳои ватандӯстона дар фазои фараҳмандӣ ва шодию нишот сурат гирифт.
Мардуми саодатманди шаҳри Кӯлоб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фазои эҳтироми хосса ва муҳаббати беандоза гусел намуданд.