Дар қатори шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар дар рӯзи нахуст ноҳияи Данғара низ аз иҷрои нақша паём дод.
Муовини якуми раиси ноҳия Амонулло Ҳабибзода зимни суханронӣ дар маросими тантанавӣ ба ҷавонон барои интихоби бошуурона ва омодагӣ ба хидмати ҳарбӣ изҳори сипос намуда, нақши падару модарон, масъулони комиссариати ҳарбӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳоро дар иҷрои нақшаи даъват муҳим арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки ҳифзи Ватан аз ҳар як ҷавон масъулияти ҷиддӣ талаб мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ҷавонони Данғара ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ рафтани худро ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ арзёбӣ менамоянд.
Муовини раиси ноҳия Зуҳро Ҳакимзода низ дар суханронии худ иштироки фаъоли ҷавононро дар маъракаи даъват ба хидмати ҳарбӣ муҳим арзёбӣ кард.
Дар чорабинӣ волидони даъватшавандагон низ сухан гуфтанд. Яке аз модарони наваскарон иброз дошт, ки имрӯзҳо дар қисмҳои низомӣ беҳтарин шароит муҳайёст ва ҳамеша афсарону роҳбарон аз ҳоли сарбозон бохабаранд. Ӯ аз дигар падару модарон даъват кард, ки фарзандонашонро бо эҳсоси масъулият ба хидмати Ватан гусел намоянд.
Пас аз қисми тантанавӣ аз бинои комиссариати ҳарбии ноҳия то қисми низомӣ роҳпаймоӣ баргузор гардид. Дар он даъватшавандагон, волидон, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия иштирок карданд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»