1-уми октябр дар ноҳияи Деваштич маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз ёфт. Дар рӯзи аввали даъват беш аз 140 ҷавон барои адои хидмати ҳарбӣ саф ороста, омодагии худро ҷиҳати иҷрои қарзи фарзандӣ дар назди Ватан нишон доданд.
Ба муносибати гусели наваскарон дар майдони Боғи Парчами давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода зимни суханронӣ таъкид кард, ки хидмати ҳарбӣ барои ҷавонон мактаби масъулиятшиносӣ, обутоби ҷисмониву маънавӣ ва тарбияи ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад.
— Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хидмат ба Ватан қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ ва ҳифзи хоки поки Ватанро меомӯзанд, — иброз дошт Ашуралӣ Ҷалилзода.
Дар идомаи чорабинӣ раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Юсуф Баҳодуров, сержант Матин Маҳмудов, даъватшудагон ва падари яке аз даъватшудагон Ҳамидулло Яҳёев сухан карданд.
Онҳо аз омодагии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, нақши оила, ҷомеа ва сохторҳои маҳаллиро дар тарбияи ватандӯстии насли ҷавон муҳим арзёбӣ намуданд.
Ба як гурӯҳ наваскарон, ки курси ронандагиро хатм намуданд, шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи «В» тақдим шуд.
Яке аз маросимҳои чорабинӣ баргузории анъанаи «нонгазонӣ» буд. Бо ин роҳ, волидон ва наздикони наваскарон онҳоро ба хидмати Ватан гусел намуданд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»