Баргашт Чоп кардан

ТО БИТВОНӢ, ЗИЁРАТИ ДИЛҲО КУН


Солҳое, ки ман дар Рӯшон кор мекардам, як нимирӯзӣ ба ошхонаи болои дарёчаи Вомар, ки хеле мавзеи гуворо ва хушбоду ҳаво буд, рафтам. Ногаҳ дар долони он ба як мӯйсафеди нуроние вохӯрдам, ки аксашро дар китобҳо ва суханрониашро аз телевизион дидаву шунида будам. Ин одам тақрибан шасту панҷ - ҳафтодсола менамуд. Либосҳои сайёҳии тозаву озода дошт. Абрувони ба ҷавонӣ бовафомондаи сиёҳ, қадду басти ба синну солаш нигоҳ накарда рост, бардаму бақувват, нигоҳҳои омӯзанда ва боандеша салобати ин шахси дар ноҳияи дурдасти кӯҳистон фавқулодаро фарқкунанда нишон медоданд.
Ман бори дигар ба истгоҳи автомашинаҳое, ки дар назди ошхона буданд, бодиққат нигоҳ кардам. Дар он ҷо ягон мошинаи сабукраве, ки ба салобати ин шахс, тибқи тахмини ман, мувофиқ меомад, намудор набуд. Ҳама мошинҳои ба ном «борбурди таъҷилӣ» буданд, ки то маҳкам шудани роҳи Бадахшон бояд хӯрокаву пӯшокаи мардуми сарсахти кӯҳистонро оварда, захира мекарданд. Умеду имдоди дигар набуд.
Ин мошинҳо хеле куҳнаву фарсуда. Баъди ҳар бозгашт ба Душанбе, як моҳи дигар дар таъмир «менишастанд».
Аммо аҷоиб донистани он буд, ки мӯйсафеди олуфта бо чӣ мошине омада бошад?
Бо хаёлу таҳқиқоти фикрӣ самти ошхона гаштам, ки пирамардро гум кардам. Даруни ошхона даромадам. Дидам, дар баробари ронандаҳо барои гирифтани ғизо навбат истодааст.
Назди ӯ рафтам.
– Салом, муаллим! – гуфтам бо ҳаяҷон ба мӯйсафед нигариста.
– Салом, – гуфт оромона пирамард, бо тааҷҷуб ба ман нигоҳ карда.
– Ман Шуморо шинохтам! – гуфтам саросема ва содалавҳона ба ин сайёҳи ғайриодӣ.
– Аъ, вай ман нестам, – гуфт мӯйсафед, қиёфа тағйир накарда.
– Шумо ҳамоне ҳастед, ки ману модарам китоби куҳнаатонро чанд шабонарӯз ҷамъоварӣ, саҳифабандӣ ва дӯхтудӯз кардаем.
– Чаро ба ман нагуфтед? – пурсид пирамард, акнун каме хушҳолона.
Ҳамин тариқ, шубҳаҳоро бартараф ва Ҳилол Карим будани ин одамро тасдиқ карда, гуфтам:
– Устод, ғизоҳои амаки Палла (Палла Карим) бомаззаанд. Аммо каме сахтанд. Бо дастури Вазорати нақлиёт интихоб ва пухта мешаванд, ки дар ин роҳҳо дер ҳал шаванд. Ба Шумои мусофир созгор нестанд.
Ман тез ба хулоса омадам, устодеро, ки аз китоби «Алифбо»-и ӯ миллионҳо хатту савод омӯхтаанд, одам шудаанд, дар байни аъроф ва дар навбати оши палави до Палла (до - бо шеваи рӯшонӣ, яъне амак) мондан камоли беҳурматист. Ҳол он ки боре бо дӯстам Мансурхон омада, навбат истода, ду коса ош гирифтем. Як қошуқӣ хӯрдем. Ниҳоят сахт ва нопухта буд, ки Мансурхон косаҳоро ба қаҳр гирифта, пеши до Палла бурд ва бо эҳсосот гуфт:
– Ба Худо мурғ сангро ҳал мекунад. Аммо ин биринҷи туро, ки дар лингча мулоимтар буд, не! Хӯрад, мемурад! Ва мо ошхонаро тарк кардем.
Ман Ҳилол Каримро гуфтам:
– Устод, мо ба як ошхонаи дигар меравем.
– Агар мошини мо равад, чӣ? – пурсид устод.
– Мо аллакай барои Шумо мошини дигар пайдо кардаем, – гуфтам.
Ман устодро ба хона овардам. Як пиёла чой нӯшидем. Ӯ хеле хаста менамуд. Дар ҷояш хобаш бурд. Он лаҳза сардор дар рухсатӣ буд. Маро муваққатан дар ҷойи худаш монда, мошини нави идораро ҳам ба ман бовар карда. Бегоҳ, наздики шом устод аз хоб хест. Мо ҳарду зери дарахтони санҷиди лаби оби дарёчаи Вомар сайру гашт кардем.
Устод Ҳилол Карим аз ин тасмими худ – сайри Бадахшон, ки солҳо орзу мекардааст, шоирона гуфт:
– Писарам, тамоми ҳаёти худро дар рӯйи ҷаҳон гузаронидам. Акнун ба ҳафтод расидам. Хостам, дар охири умр як бор ба Боми он ҳам бароям.
Замоне ман дар масъулияти муовини раҳбари идора кор мекардам. Яке аз дӯстонам, Илҳом Розиқов ҳам майли ба Боми Ҷаҳон «баромадан»-ро кард. Ман бидуни ғараз ва беихтиёр таърихи «дар охири умр нияти аз рӯйи ҷаҳон ба боми он баромадан»-и устод Ҳилол Каримро нақл кардам.
Рафиқам ин таъбирро ба синну соли худ нисбат дода, хандакунон:
– Раҳмат, раҳмат, ҷӯра, гапатонро фаҳмидам, ки умри ман ба куҷоҳо расида будааст, – гуфт.
Ҳамин тариқ, мо бо мошини як дӯстамон субҳи барвақт ба самти Бадахшон ҳаракат кардем.
Ҳини говгум ба деҳаи Шипади ноҳияи Рӯшон расидем.
Мошинро дар байни қишлоқ, дар сари роҳ, дар пеши мағозаи хурдакаке, ки аз замони мо монда буд, манъ кардем. Мо дӯстон се нафар аз мошин фаромадем. Он ҷо як писарбачаи тахминан панҷсола бозӣ мекард. Ӯро фарёд карда, пурсидам:
– Ту чаят ғада? (Ту писари кӣ мешавӣ?)
– Му пе Мубориз нӯм (падари ман Мубориз ном дорад) – ҷавоб дод писар.
– Алеле! Та боб Душанбеят наве? (Аҷаб! Ту набераи бобои Душанбе ҳастӣ?), – пурсидам ман.
– Дуруст, вродар (дуруст мегӯӣ, бародар).
– Марҳамат, қив та боб (Лутф карда, бобоятро пеши мо даъват кун.)
– Ҳозир! – гуфта, писарак давида, дар самти хонаи
бобои Душам ғайб зад.
Сӣ сол боз бобои Душамро надида будам. Акнун синну соли ӯ ба ҳаштод дакка мехӯрд. Агар аз он зиёд набошад.
Баъди лаҳзае як мӯйсафеди қоқина, бардам-бардам қадам монда, тарафи мо омадан гирифт. Чун наздиктар шуд, ман ӯро зуд шинохтам. Ин дӯсти деринаи ман бобои Душам буд.
Пиракӣ омада, тақрибан, дар масофаи як метр дуртар аз ман истод. Ришаш покиза тарошида. Мӯйлаби ба синну сол зебандаи бо эҳтиёт қайчидида, абрувони ғафс ва албатта, ранги пирӣ кашида. Тоқии сабз дар сар, чакмани пашмии худбофти зебо дар бар дошт.
– Салом, боб Душам! Та му шинохт ё на? (Салом бобои Душам! Ту маро шинохтӣ ё на?)
Бобои Душам ним қадами дигар пеш омад. Ба ман хуб нигоҳ кард ва ниҳоят эҳсосотӣ ва гарм:
– Ҳа! Ту Саидмуъмин! КГБ! КГБ! – гуфт бо овози баланд бобои Душам ва маро сахт дар оғӯш гирифт.
Ман аз ҳолу аҳволи худаш ва фарзандҳову набераҳояш пурсидам.
– Шукр, ҳамагӣ хубанд, – гуфт бобои Душам бо хушнудиву қаноатмандӣ.
Аз дигар дӯстон ҳолпурсӣ кардам:
– Бобои Ҷорӯбу дӯсти азизи ман муаллим Ҳусейнзода гузашта шуданд. Илҳому Назрихудову бародарони Охонлаъл соқу саломатанд, – гуфт.
Ман тасаллияту афсус ба гузаштагон ва шукр ба сиҳатмандон изҳор кардам.
Бобои Душам:
– Чаро мо ин ҷо меистем? Хона медароем! – гуфт ва аз самими дил моро таклиф кард.
Ман миннатдории худро изҳор доштам. Гуфтам, ки дар меҳмонхонаи Рӯшон моро интизоранд.
Бобои Душам моро гап задан намонд. Ба хонааш даъват кард.
Мо розӣ шудем ва ман гаштаву баргашта таъкид кардам, ки дар мошини дуюми мо тамоми намуди ғизову сабзавот омода аст. Ҳатто бо худамон асбоби газии хӯрокпазӣ ҳам дорем.
Мӯйсафед як табассум кард. Пеш даромад.
Мо бо иҷозати бобои Душам хонаи бобои Ҷорӯб барои таъзия рафтем.
Аёдати ду-се дӯсти қадимии дигарро ҳам ба ҷо овардем. Баъди чандин солҳо дидор тоза кардем.
Ториктар вориди ҳавлии бобои Душам гаштем. Он дар муддати сӣ сол қариб, ки тағйир наёфта буд.
Мӯйсафеди соҳибхона аҳли оилаи худро либоси идона пӯшонида, қатор монда, дастҳо пеши бар меҳмононро хайрамақдам гуфтанд.
Ба боғи бобои Душам нигоҳ кардам. Он ҷо чароғи барқӣ монда, нафаре гӯсфанди калонеро пӯст мекард.
– Давлат, ҳо Давлат, ку ин ҷо биё, аз меҳмонҳо ягон касро мешиносӣ? – гуфт мӯйсафед ба қассоб.
Давлати дасту остин бар зада, омадан баробар маро шинохт. Мо гарм вохӯрӣ ва аҳволпурсӣ кардем.
Ҳамин тариқ, ба неву нестони мо гӯш надода, бобои Душам маъракаи калон ташкил кард. Ҳаққу ҳамсояҳоро ҷамъ овард. Як базми дӯстӣ орост.
Худи бобои Душам рубобро гирифта, чанд ғазал хонд. Яктоаш ин буд:


Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махӯр,
Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр.
Эй дили ғамдида ҳолат беҳ шавад, дил бад макун,
В-ин сари шӯрида боз ояд ба сомон, ғам махӯр.
Гар баҳори умр бошад, боз дар тахти чаман,
Чатри гул дар сар кашӣ, эй мурғи хушхон, ғам махӯр.


Ин меҳрубониву меҳмондории бобои Душамро ҳамчун намунаи бузурги поси ошноиҳои мардуми Бадахшон қабул кардам.
Одати маъракаи дӯстон буд, нӯшбод гуфтан. Вақте бобои Душам суруду мусиқиро каме раҳо кард, ман фурсати сухан гуфтан пайдо кардам. «Саҳна», бари бобои Душам рафтам ва агар чӣ тавони сухани бадеӣ гуфтан доштам ин ғазалро бадоҳатан бо дӯстони ин деҳаи биҳиштосои давраи ҷавонии саршор аз сидқу сафо хондам:


Донӣ, ки чист давлат? Дидори ёр дидан,
Дар кӯйи ӯ гадоӣ бар хусравӣ гузидан.
Аз ҷон тамаъ буридан осон бувад, валекин,
Аз дӯстони ҷонӣ мушкил тавон буридан…
Фурсат шумор суҳбат, к-аз ин дуроҳа манзил,
Чун бигзарем дигар, натвон ба ҳам расидан.


Субҳ ҳангоми ҳаракат ба самти Рӯшон, ман ба Илҳом Розиқов ҳар як деҳаву мардумони алоҳидаи онро ғоибона сифат мекардам. Ӯ ин суханҳои маро бодиққат гӯш карда, гуфт:
– Акнун ман бори дигар эҳсос кардам, ки дар замони Шумо, кормандони идораи бехатарӣ бо мардуми одӣ чӣ гуна кор мекардаанд ва дӯстиву рафоқат доштаанд. Чунин муносибате, ки бобои Душам ба мо кард, шояд одамон ба наздиктарин хешу қавми худ накунанд.


ИН ҚОФИЛАИ УМР АҶАБ МЕГУЗАРАД


Аввали моҳи ноябри соли 1984 фармони ба вазифаи корманди калони оперативии шуъбаи панҷуми Раёсати идора дар Бадахшон таъйин шудани ман баромад.
Рӯзи дигар бо рафиқони рӯшониам хайру хуш кардам.
Охирон шаби Рӯшон омад. Аммо то субҳ хоби ман наомад.
Шаби маҳтобӣ кулбаи хоксоронаи моро ҳам то ҳадди имкон равшан мекард. Фазои гунбади осмон мисли дами субҳ гуворову дилкаш менамуд.
Руҳи одамиро мисли он ки аз хоб сер шуда бошад, мусиқии дилбарангези назди ҳавлӣ – садои дарёчаи Вомар торафт амиқтар ба андешаи ҷавҳари умри одамӣ мебурд.
Ва ман то ба рӯз тани танҳо дар соҳили ин рӯди дилнавози пурхурӯш, ки ба оҳанги дили одамӣ месуруд, сайр кардам. Ва тамоми ҳаёти гузаштаи худро дар деҳаҳои Рӯшон, ки қадами аввалин дар муҳимтарин қисмати ҳаётам буд, андеша намудам.
Як замон давраҳои бачагӣ, наврасӣ, мактабхонӣ, машаққати тоқатфарсои кори саҳро, таҳсили пурзаҳмати донишгоҳ, ҷараёни ноумедии пайдо кардани ҷойи кор, муаллимӣ, хизмати раҳдурии аскарӣ ва мушкилоти рӯзгор аз пеши чашмам мисли навор мегузаштанд.
Дар баробари ин, шукр мекардам, ки дар Рӯшон, дар кору амал, дар муносибат бо одамони гуногун, дар ҷомеа, бигузор он ҳукми як ноҳияи дурдасти кӯҳсори сахтрӯзгорро ҳам дошта бошад, таҳкурсии фаъолияти умри азизро гузоштам.
Аз лиҳози фаъолияти одамӣ донистам, то нафаси охирон ба лолазори умр, баҳори умр, рӯзгори умр, ихтиёри умр, мадори умр, сифати мудоми умр, ёдгори умр Рӯшон асос гузошт. Тухми коридаи умр реша пайдо кард. Рустанӣ шуд. Аввалин бори умед овард. Ва акнун онро андешаи ҳамешагӣ ва парвариш бояд, то сабзад, мақсаду марому моҳияти умрро сафо бахшад. Ба он ваъдае, ки нақшофарин ба ман арзи ҳастӣ ато кард, вафо кунад.
Шояд муҳимтарин дастовард, омӯзиш, шинохти табиати инсонҳо ва кӯшиши доимии расидан ба қадри бузургии одамони одӣ, имкону лаззати хушбахтии мурувват бо дӯстон буд.
Дар роҳи расидан ба мақсад, ошноӣ ба касбият ва майли бузурги хизмат намудан ба Ватан, ҳадди ақал, муфид будан ба мардум, фаъолият дар шуъбаи дурафтода ва назарногири Рӯшон барои ман нақши бузург дошт. Тамоми умр ба кор омад.
Дарё, ки қудрату тавоноӣ пайдо мекунад, набояд сипоси аз чашмаҳо ибтидо гирифтан фаромӯшаш бошад.

(Аз китоби С. Ятимов «Ёддоштҳо», қисми 2,
Душанбе, «Эко Принт», 2024, саҳ. 134-142)