5-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори Ҷашни умумимиллӣ – 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланд ва бонангу номуси шаҳри Кӯлобро ба муносибати солгарди 35-уми Истиқлоли давлатӣ ва санаи муҳим – Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз муқаддасоти миллӣ ва аз ҷумлаи арзишҳои зиндагисози миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад, табрику таҳният гуфтанд.
Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб минбаъд низ расму оинҳо, суннату анъанаҳои миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, раванди созандагиву бунёдкориро бо ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватандорӣ идома медиҳанд ва дар ҷодаи ободии диёри худ ва Тоҷикистони соҳибистиқлоли маҳбубамон ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил мегарданд.
Пас аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии Кӯлоб ба муносибати ҷашнҳои муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи забони давлатӣ барномаи идонаи консертӣ баргузор гардид.
Чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ аз суруду рақсҳои дилнишин ва намоиши рангини театрикунондашуда иборат буд.
Устодони санъати тоҷик ва ҳунармандони шаҳри Кӯлоб аз эҷодиёти шоирони хушкалом ва оҳангсозони шинохта дар васфи Тоҷикистон, истиқлол, сулҳу ваҳдати пойдори сарзамин, забони давлатӣ, Пешвои миллат ва дигар муқаддасоту дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ сурудҳо иҷро намуданд, ки бисёр пурмазмун, ҷолиб ва хотирнишин буданд.