Баргашт Чоп кардан

“ДИЛУ ҶОНИ ТУ ХОНАИ СУР БОД!” ШИНОХТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ДИДГОҲИ ЗИЁИЁНИ ХОРИҶӢ


Маҳйиддин Маҳдӣ, таърихнигор ва сиёсатшиноси шинохта, собиқ намояндаи мардум дар Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон:
– Истиқлоли Тоҷикистон дар марҳалаи аввал бо шикаст рӯ ба рӯ шуд, аммо фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон нагузошт, ки ин кишвари тозаистиқлол аз байн биравад. Боқӣ мондани Тоҷикистон барои тоҷикони ҷаҳон, ҳувияти тоҷикӣ, забони порсӣ хеле муҳим буд, зеро чашми умеди ҳама ба Тоҷикистон буд. Вазъияти Афғонистони он замон хеле бад ва хатари ба чунин вазъияти печида гирифтор шудани Тоҷикистон ҳам вуҷуд дошт. Ман шоҳиди он ҳама таҳаввулот будаам. Бо шаҳид Бурҳониддин Раббонӣ, Роҳбари собиқи Афғонистон, бори нахуст ба Тоҷикистони тоза ба истиқлол расида омада будам. Раҳбари Тоҷикистон бо сиёсати дурандешона дар аз миён бурдани танишҳои зотулбайнӣ бо ҳамсоягони варорӯдияш муваффақияти чашмгире доштааст. Дар ҳусни робитаи байни ин кишварҳо ба вуҷуд омада, ки акнун масал гаштааст, нақши Тоҷикистон ва Ҷаноби Олӣ бисёр барҷаста аст.


Алиризо Қиёматӣ, шоҳномапажӯҳ ва ровии номвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, устоди Донишгоҳи Машҳад:
– Дастури Шумо – Олиҷаноб, дар мавриди ба ҳар хонадони тоҷик расондани “Шоҳнома”-и ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ шоистаи таҳсин аст. Вақте Шумо ин дастурро додед, навор ва хабари хуш чун насими фараҳбори ошноӣ ба дару девори ҷонҳо печид, бавижа дар шабакаҳои иҷтимоӣ миллионҳо корбарони эронӣ истиқбол карданд, садҳо ҳазор назару комент навиштанд. Ба ин густардагӣ мардумӣ кардани “Шоҳнома” ибтикори беназири Шумост, ки паёми озодиву бедориро баланд медорад. Аз номи ҳаким Фирдавсӣ аз “Шоҳнома” ин ниёишро барои Шумо пешкаш менамоям:
Зи ту чашми оҳарманон дур бод,
Дилу ҷони ту хонаи сур бод!


Ҳодӣ Саидии Киёсарӣ, раиси Конуни шоирону нависандагони Ҷумҳурии Исломии Эрон:
– Ҳақ бар ҷониби Сарвари кишвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки паҳнои забони порсиро қаламрави порсизабонон донист ва гуфт, ки ҳар куҷо ин забон садо медиҳад, он ҷо руҳи гузаштагони шашҳазорсолаи мо пар мезанад. Дар тақвияти ин гуфтаҳо бояд бияфзоям, ки забони порсӣ ё ҳамон дарии тоҷикӣ Меҳани мост. Воридшавию бурунрафтан ба ин Меҳан, ба ин қаламрав шартеву қайде намехоҳад. Пайвандгари асливу асосии мо ҳамин забон аст, ки дар ин ҳазорсола ҳеҷ шикастеву банде аз он моро ҷудо накардааст.


Алиасғари Шеърдӯст, сафири вақти Эрон дар Тоҷикистон:
– Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ободонии ин мамлакат нақше сутуданӣ доранд ва улгуе барои роҳбарони дунёянд, ки барои рифоҳи миллат, ободии кишвар талош мекунанд ва аввалу охирин каломашон муосир будан, талош кардан барои тарбияти насли ҷадид бо илми рӯз аст. Имрӯз дар суханронияшон бисёр нуктаҳои зебо гуфтанд; барои пайванди ниёгон "Шоҳнома"-ро гуфтанд; барои ободонии кишвар ба масъулони Тоҷикистон тавсия карданд, ки аз кадрҳои ҷавон истифода баранд. Инҳо таълимоти имрӯзаи менеҷменту мудирияти дунё ҳастанд, ки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон парварда.


Фотеҳа Муҳаммадзода, устоди забон ва адабиёти порсӣ дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад:
– Ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон иқдомоти бисёр писандидае дар заминаи эҳёи тамаддун ва фарҳанги ориёӣ анҷом доданд. Ҳамаи мо дар тули солҳо дидем, ки ишон чи тур дар бораи фарҳанги ориёӣ ранҷҳое кашидаанд. Махсусан, эҳёгари суннатҳои пешини мо, мисли Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон ва масоили гуногуни фарҳангӣ будаанд. Дар бораи эҳёи хатти ниёгон низ тасмимоте гирифта шуда, ки умедвор ҳастем, саранҷом бишавад. Мо аз ишон бисёр сипосгузор ҳастем ва ин ҳамоишро ҳақиқатан ҳам шоистаи кишвари Тоҷикистон ва барозандаи вуҷуди фарҳангдӯсти ишон медонем.


Гирдоваранда Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”