Баргашт Чоп кардан

ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НАЗАРГОҲИ САРВАРИ КИШВАР


Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд.
* * *
Ҳарчанд тайи асрҳои тулонӣ забони тоҷикӣ ҳамеша забони илму адабу фарҳанг буд, аммо баъди зиёда аз ҳазору сад сол – танҳо дар замони истиқлол – бори дигар ба ҳайси забони расмии давлатӣ соҳиби мақому манзалати аслии худ гардид. Маҳз истиқлоли давлатӣ маҳдудиятҳои сунъиеро, ки дар роҳи рушди забони тоҷикӣ мавҷуд буданд, бартараф сохта, роҳи тараққиёти озодонаи онро таъмин намуд.
* * *
Дар тули таърих забони форсӣ – дарӣ – тоҷикӣ ба фишору таҳдидҳои зиёде рӯ ба рӯ гардидааст, вале абармардони сиёсат ва илму фарҳанг дар тамоми давраҳои таърих барои нигаҳдории он талошу кӯшишҳои зиёд ба харҷ додаанд.
* * *
Мо ҳеҷ гоҳ иқтидору имконоти забонамонро дар мақоми забони илм набояд нодида гирем ва онро камарзиш шуморем. Забони миллии мо чун омили тавоноии забони илм, чунонки дар аҳди Сомониён ва минбаъд дошта буд, ҳоло низ аз чунин имконот бархурдор мебошад.
* * *
Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забон мебошанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд.
* * *
Забони тоҷикӣ дар раванди рушди таърихии худ ҳамчун шаҳсутуни бинои маънавии миллат ва муҳимтарин воситаи инъикоси ҳаёти мардум барои мондагории миллати тоҷик нақши барҷаста бозидааст. Яъне, тоҷикон роҳи тайкардаи худро дар хотираи таърихии хеш маҳз ба василаи забони модарӣ ҳифз кардаанд.
* * *
Забон, миллат ва давлат ҷузъҳои ҷудоинопазири якдигар ба ҳисоб рафта, устувории давлат, бақои умри миллат ва ҳувияти миллӣ ба василаи забон таъмин мегардад.


ҲАФТ ПАЁМИ МУҲИМ ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ


1. Забони тоҷикӣ ё ҳамон порсӣ як аср пеш аз забони лотинӣ ва дувоздаҳ сада пеш аз забони англисӣ пайдо шуд;
2. Бо ин забон ва гӯишҳои гуногуни он мардум дар 29 кишвари дунё суҳбат мекунанд;
3. Забони тоҷикӣ пас аз забони юнонӣ дувумин забони бостонии дунёст ва забонҳои лотиниву санскритӣ дар ҷойҳои сеюм ва чорум қарор доранд;
4. Забони мо дорои беш аз 225 миллион вожа мебошад;
5. Забони тоҷикӣ аз назари паҳноварӣ ва бисёрмаъноии вожаҳо яке аз се забонҳои маъруфи дунё ба шумор меравад;
6. Соли 2024 ин забон ба рӯйхати 9 забони классикии дунё ба сиёсати маорифи Ҳиндустон (кишваре бо фарогирии 1 миллиарду 425 миллион аҳолӣ) дохил шуд ва омӯзонда мешавад;
7. Дар се кишвар мақоми давлатӣ дорад: Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон. Ин забонро дар Тоҷикистон тоҷикӣ, дар Эрон порсӣ ва дар Афғонистон дарӣ ном мебаранд, ки ҳар се якест!