Баргашт Чоп кардан

СИПОСНОМАИ РӮШОНИҲО БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ДАҲ ОИЛА СОҲИБИ ХОНАҲОИ НАВ ШУД




30-юми сентябри соли равон раиси ВМКБ Шарифхон Сафарзода ва раиси ноҳияи Рӯшон Илҳом Аҳмадзода ба таври тантанавӣ калидҳои хонаҳои навсохтаро ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Баррӯшон супурданд. Раиси вилоят ва раиси ноҳияро сокинони деҳа бо садои даф истиқбол намуданд, ки рамзи шодиву хушбахтист.
Хонандагони МТМУ №7-и деҳаи Баррӯшон меҳмонони олиқадрро бо шеърхонӣ дар васфи Ватан, Истиқлоли давлатӣ ва Пешвои миллат пешвоз гирифтанд. Меҳмонон бо садои форами суруду мусиқӣ, парчамбардорӣ сӯйи хонаҳои навсохта раҳсипор гаштанд. Раиси вилоят дар ҳузури мардум бори дигар сокинонро ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ муборакбод намуд ва аз пазироии гарм миннатдории хешро баён намуд.
Ёдамон ҳаст, ки 20-уми июл бар асари сел дар деҳаи Баррӯшон 40 хонаи сокинон зарар дид. Аз ҷумла, 10 хона комилан, 13 хона қисман ва боқимонда зарари сабук диданд.
Ногуфта намонад, ки дар рӯзи аввали ин ҳодиса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан бо раиси вилоят ва ноҳия дар тамос шуда, аз аҳволи мардуми зарардида пурсон шуданд.
Супориши қатъии Пешвои муаззами миллат ин буд, ки дар муддати кӯтоҳ мардуми аз офат зарардидаро бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин кунанд.
Рӯзи дуюми баъди офат барои даҳ хонавода замин барои сохтмони хонаҳо ҷудо шуд. Дар сохтмони ин хонаҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи идораву муассисаҳои вилоятиву ноҳиявӣ ва мардуми деҳа саҳми арзанда гузоштанд. Занону бонувони деҳа дар тайёр намудани хӯрок ба бунёдкорон мадад мекарданд. Дар муддати 27 рӯз хонаҳо бо сифати баланди меъморӣ сохта шуданд. Хонаҳо бо тамоми ҷиҳози зиндагӣ таъмин мебошанд.
Инак, дар ноҳияи Рӯшон деҳаи наве бо номи Истиқлол арзи ҳастӣ намуд. Сокинони ин деҳа миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонанд, ки барои дар рӯзҳои барояшон вазнин дар барашон буданд.
Давлатсултон Ҷавова ва Руқия Худоиева ашк мерехтанд ва даст ба дуо буданд, ки соҳиби хонаи нав шуданд. Худойназар Мерафзунов, собиқадори маориф, гаштаву баргашта мегуфт: “Дар ягон давру замон ин хел ғамхориро ёд надорам. Хонаҳоямон дар селроҳа ҷойгиранд, чандин бор сел меомад. Худамон тоза мекардем. Бе ягон ёрии иловагӣ. Мегуфтем, ки офати табиат аст ва диламонро таскин медодем. Вале ҳозир ёрмандии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагонро дида ҳайрон мемонам ва ҳазорон бор шукр мегӯям, ки дар чунин давлати ободу озод умр ба сар мебарем.
Воқеан, мо низ моҳе пеш дар ҷараёни охирин корҳои бунёдкории хонаҳои мазкур будем ва дидем, ки чи гуна мардум бо дасту дили гарм пайи ободии як гӯшаи Ватани азизи хеш талош мекарданд. Қариб касеро бекор намедидем, чидани хишту чӯб ва рангу борро даст ба даст ба поён расонданд.
Чунин ҳодисаҳои нохуш дар табиат зиёданд, аммо иттиҳоду ҳамдилии мардумро дида, бори дигар ба дил мегӯӣ, ки қудрати бунёдкории инсон аз қувваҳои табиат бузургтар аст. Ин аст, ки мегӯянд: дасти одамӣ гул.


Барноз РАҲМОНШОЕВА,
“Ҷумҳурият”