![]()
2-юми октябр дар Вазорати фарҳанг маросими рӯнамоии китоби тозанашри Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор шуд.
Китоби мазкур бо мусоидати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нашр гардидааст.
Дар чорабинӣ аҳли фарҳангу адаб, шоирону нависандагон, намояндагони вазорату идораҳо ва дӯстдорони каломи бадеъ иштирок намуданд.
Зимни рӯнамоӣ таъкид гардид, ки китоби мазкур бозгӯйи муҳаббат ба Ватан, арзишҳои миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ буда, аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво барои хонандагон арзиши баланди маънавию адабӣ дорад. Китоб корномаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ фаро гирифтааст.
Ба гуфтаи муҳаррири китоб Раҳмоналӣ Мирализода, Давлат Сафар аз зумраи шоиронест, ки чашмаи шеъраш софу беғубор буда, аз ниҳонхонаи дил меҷӯшад ва чун бо набзи ҳаёт ҳамоҳанг аст, зуд дар дилҳо менишинад.
Номи китоб аз қитъаи шоир дар тавсифи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб шудааст, ки бо муҳтавои он комилан созгор аст:
Намакдони миллат кафи дасти ӯст,
Шукӯҳу ҷалолаш ба мо обрӯст!
Маромаш ба Меҳан, ки ободӣ аст,
Ҷавонмардӣ аз ӯ худододӣ аст.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд: “Намак дар фарҳанги мардуми тоҷик аз қадим рамзи покӣ, баракат, дӯстӣ, аҳду паймон ва вафодорӣ ба шумор меравад. «Нон ва намак» барои миллати мо танҳо ғизо нест, балки нишонаи эҳтиром, меҳмондорӣ ва пайванди инсонӣ мебошад. Вақте мегӯем «Намакдони миллат кафи дасти ӯст», пеш аз ҳама, бояд масъулияти бузурги роҳбарӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, нигоҳдории сулҳу субот ва таҳкими давлатдориро дар назар дошта бошем. «Намакдони миллат кафи дасти ӯст», пеш аз ҳама, як ифодаи рамзӣ мебошад. Намакдоне, ки кафи даст аст, ҳамзамон, ҳам шараф ва ҳам масъулият аст”.
Баррасии ҳифзу ҳимояти арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва манфиатҳои миллӣ маҳаки асосии эҷоди муаллиф буда, тавассути ковишҳои тозаи образофарӣ хонандаро ба дарку эҳсоси ҳувияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ талқин мекунад.
“Ҷумҳурият”