Дар вилояти Суғд таҳти унвони «Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ» Форуми дуюми сулҳи Фарғона баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, доираҳои дипломатӣ, марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишӣ, ҷомеаи илмӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳои маҳаллии водии Фарғона иштирок доштанд.
Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар маросими ифтитоҳ ба аҳамияти густариши ҳамкориҳои минтақавӣ таъкид намуда, иброз дошт, ки дар тули садсолаҳо робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва хешутабории мардумони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ва ба ҳам пайвастагии манфиатҳои сокинони минтақа масъалаҳоеро ба вуҷуд меоранд, ки ҳалли онҳо ҳамкории доимии кишварҳоро тақозо мекунад. Масъалаи рушди иқтисодӣ ва саноатии минтақа, васеъ намудани ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни минтақаҳои се кишвар, рушди савдои фаромарзӣ ва ташкили робитаҳои нави истеҳсолӣ дар ин ҷода хеле муҳиманд.
Мамиржан Раҳимов, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Боткен, Хайрулло Бозоров, ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Каха Имнадзе, намояндаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиёи Марказӣ, Эдвардс Стипрайс, намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ, Бакит Ҷусупов, ҳамоҳангсози фаъолияти иқтисодӣ ва экологии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Виктор Лутенко, роҳбари Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон, Андре Алгермиссен, намояндаи минтақавии ваколатдори Бунёди Конрад Аденауэр оид ба Осиёи Марказӣ ва доктор Катриона Гурлей, директори иҷроияи Бунёди “PeaceNexus”, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо зикр шуд, дар шароите, ки минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон бозорҳо ва имкониятҳои иқтисодии ба ҳам наздик доранд, рушди кооператсияи истеҳсолӣ метавонад барои соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони маҳаллӣ имкониятҳои нав боз кунад.
Масъалаҳои об, замин ва дигар захираҳои табиӣ ҳамоҳангии муносибатҳо ва пайдо кардани роҳҳои муштараки ҳалли мушкилоти экологӣ аз мавзуъҳои муҳими Форум буд.
Дар баробари масъалаҳои иқтисодӣ ва экологӣ, ба иштироки ҷомеаҳои наздисарҳадӣ дар равандҳои ҳамкорӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Хайридин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба аҳамияти рамзии баргузории Форум дар шаҳри Хуҷанд ишора намуд. Эъломияи Хуҷанд дар муносибатҳои кишварҳои минтақа ҳамчун яке аз рамзҳои дӯстӣ ва эътимод ҷойгоҳи хос дорад. Ба ҳамин маъно, баргузории Форуми сулҳи Фарғона дар Хуҷанд метавонад идомаи гуфтугӯ дар бораи арзишҳое бошад, ки муносибатҳои осоишта ва ҳамсоядории неки кишварҳои минтақаро тақвият диҳад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”