Забон яке аз муқаддастарин арзишҳои маънавии ҳар миллат ба шумор меравад, ки тавассути он таърих, фарҳанг, ҷаҳонбинӣ, ормон ва ҳувияти хешро ба наслҳои оянда мерос мегузорад. Омӯзгор бошад, ҳамчун чароғи маърифат ва тарбиятгар, дар ҳифзу густариш ва дуруст истифода намудани ин ганҷи бебаҳо нақши калидӣ дорад.
Маҳз ба ҳамин хотир, дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон таҳти унвони «Забони тоҷикӣ ва омӯзгор: мақом, масъулият ва рисолати миллӣ» конфронси илмӣ баргузор шуд. Муовини ректор оид ба корҳои тарбия, номзади илмҳои тиб Нигора Аминова таъкид кард, ки забони давлатӣ на танҳо воситаи муошират, балки муҳимтарин рукни давлатдорӣ, омили таҳкими худшиносии миллӣ ва пайванди ногусастании наслҳои гузаштаву имрӯза мебошад. Забони тоҷикӣ ҳамчун ёдгории беназири маънавии миллати куҳанбунёди тоҷик дар тули ҳазорсолаҳо аз санҷишҳои пурпечутоби таърих гузашта, бо вуҷуди таҳаввулоту дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоӣ мақоми хешро ҳифз намудааст. Имрӯз забони тоҷикӣ яке аз пояҳои асосии давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин забон дар худ таъриху фарҳанги чандинҳазорсолаи миллати моро таҷассум намуда, осори гаронбаҳои адабиву илмии гузаштагони бузургамон тавассути он то замони мо расидааст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони давлатиро яке аз муқаддасоти миллӣ арзёбӣ намуда, таъкид кардаанд, ки ҳифзи он масъулияти бузурги ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ин таъкид моро водор месозад, ки ба забони давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ муносибати ҷиддӣ ва масъулиятшиносона дошта бошем.
Дар идомаи конфронс як қатор маърузаҳои илмии олимону муҳаққиқон ва омӯзгорони Донишкада низ шунида шуд.
Яке аз масъалаҳои муҳими мавриди баррасӣ нақши воситаҳои ахбори омма дар рушди забони давлатӣ ва ҳифзу гиромидошти он буд. Дар ин робита, аз таҷрибаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» мисолҳо оварда шуда, таъкид гардид, ки матбуоти миллӣ дар ташаккули фарҳанги забон, тарғиби забони адабӣ ва баланд бардоштани маърифати забондонии ҷомеа нақши назаррас дорад.
Ҷойи таъкид аст, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа аҳамияти муҳим дорад, зеро забон ва омӯзгор ду рукни муҳими маърифатанд: яке ҳастии миллатро нигоҳ медорад, дигари насли ояндаро ба роҳи дониш, худшиносӣ ва созандагӣ раҳнамун месозад.
Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”