![]()
Соли равон пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ уҳдадор шудаанд, ки аз майдони 10381 гектар ба хирмани Ватан 24900 тонна пахта супоранд. Дар натиҷаи меҳнати ҳаррӯза, истифодаи техникаи муосири кишоварзӣ, риояи меъёрҳои обёрӣ ва ғизодиҳии рустанӣ деҳқонон барои рӯёндани ҳосили дилхоҳ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Чунонки муовини якуми раиси ноҳияи Мастчоҳ Шермуҳаммад Нодирӣ ба хабарнигори рӯзнома тавассути телефон иттилоъ дод, айни ҳол ҷамъоварии пахта дар ноҳия бомаром идома дошта, пахтакорон то 30-юми сентябр 8359,6 тонна пахтаи хушсифат ҷамъоварӣ кардаанд, ки ба 33,6 дарсади нақша баробар мебошад.
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ ба усулҳои муосири кишт таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ аз таҷрибаҳои пешқадам истифода мебаранд. Аз ҷумла, имсол дар зиёда аз 400 гектар замин пунба бо усули зери плёнка кишт шудааст. Ҳосилнокии пахтаи бо ин усул парваришёфта ба 50-60 сентнер аз ҳар гектар мерасад. Аз ин рӯ, таҷрибаи кишти зери плёнка тадриҷан густариш ёфта, таваҷҷуҳи бештари пахтакоронро ҷалб менамояд.
Дар рафти пахтачинӣ саҳми аҳолӣ назаррас аст. Ҳар рӯз сокинони шаҳраку деҳоти ноҳия ба саҳро баромада, дар ҷамъоварии ҳосил саҳм мегузоранд. Иштироки васеи ҳашарчиён ба афзоиши ҳаҷми ҷамъоварии пахта мусоидат мекунад.
Ба гуфтаи Шермуҳаммад Нодирӣ, дар байни шаҳраку деҳоти ноҳия шаҳраки Бӯстон аз пешсафони маърака ба ҳисоб рафта, то ин дам 1441,9 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намудаанд, ки ба 41,8 дарсади дурнамои истеҳсол баробар аст. Деҳоти Палдорак ва Навбаҳор низ дар ҷамъоварии пахта нишондиҳандаҳои назаррас дошта, нақшаи истеҳсолро зиёда аз 37 дарсад иҷро кардаанд. Деҳоти Мастчоҳ ва Оббурдон, ки аз минтақаҳои калони пахтакори ноҳия ба шумор мераванд, дар ҷамъоварии ҳосил саҳми назаррас доранд. То имрӯз дар деҳоти Мастчоҳ 32 дарсад ва дар деҳоти Оббурдон 25,2 дарсади дурнамо иҷро гардидааст.
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд, ки бо истифода аз рӯзҳои мусоид саҳми худро дар ғанӣ гардидани хирмани пахтаи вилояти Суғд боз ҳам бештар намоянд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»