![]()
Рӯзи омӯзгор. Рӯзе, ки мо бояд пеши муаллим сари таъзим фуруд оварем. Пеши оне, ки аввалин шуда дасти мо гирифту навиштан омӯхт, дар забонамон дона-дона ҳарф гузошт, то суханвар гардем.
Ин рӯз – рӯзи шахсест, ки тамоми рӯзҳои ҳаёташро барои таълиму тарбияи мо бахшид, то инсони баркамол шавем.
Рӯзи нафарест, ки аз рӯзи аввали пой ба дабистон гузоштан, дар мағзи мо пирӯз омадани некӣ бар бадӣ, нур бар зулмотро ҷо кард…
Рӯзи онест, ки бо ҳастии худ мубориза бурдани ҳаётро ба мо омӯзонд, чун савод омӯхтан худ муқобилат кардан дар баробари бесаводист.
Ӯ чун шамъе дар роҳи мо машъал шуд, то мо ба манзили мақсуд бирасем, аммо худ зарра-зарра об шуданашро аз ёд бурд.
Ҳама роҳҳои дунё барои ӯ дар роҳи мактаб хатм шуданд, худ дар гӯшае монду шогирдони дунёгардро тарбия кард.
Гоҳе моро сарзаниш кард, бо бардошти кӯдакона ранҷидем аз ӯ, аммо баъдтар ин ҳақиқатро дарёфтем, ки ин сарзаниш волотар аз ҳама меҳрубониҳои олам будааст…
Гоҳе қадрашро надонистему мақомашро нашнохтем, ӯ чизе аз даст надод, аммо мо худро бой додем...
Ӯ қалби бузург ва нозук дорад. Ҳамаи шогирдон дар ин қалб ҷой доранд, ҳама як-як мисли фарзанд пеши назараш меоянд, ба ёди мо дилаш таҳ мехӯрад. Агар мо ҳам суроғи кӯдакиву наврасӣ ва ҷавонии худ меравем, ёди он рӯзҳо дар пайроҳаҳои муаллимон, зери чанорони солдидаи мактаб ниҳон аст. Пас, суроғи ӯ бозгашти мо ба ширинтарин давраҳои зиндагиамон аст...
Муаллимон қаҳрамонҳои зиндагисозанд. Пушти саҳнаи зиндагии мо ноаён зуҳур мекунанд, онро месозанд, чун мутмаин мешаванд, ки аз уҳдаи иҷрои нақши худ мебароем, бо ҳамон тамкини хос мераванд.
Ёд дорам, ки муаллимаи деҳотиям барои фаҳмондани осори Бедил чанд ҳафта китоберо, ки осори шоирро тафсир мекунад, кофт, ёфт, то ман он чи менависам дарк карда тавонам.
Муаллими дигарамон шогирдашро ба олимпиадаи мактаббачагон бурд, панҷ соати расо зери барфи лак-лакии зимистон дар берун қадам зад. Чун шогирд баромад, гӯё ҳама кори дунё саранҷом шуда бошад, лаҳзае нишасту нафаси амиқ кашид. Ҳарчанд натиҷа ҳанӯз номаълум буд, ӯро дидани шогирдаш ором мекард.
Дар донишгоҳ ба мо омӯхтанд, ки шахсияти худро сохтани мо аз ҳамин лаҳза оғоз меёбад, бояд хонему худро созем. Онҳо ба ҷуз роҳнамоӣ, моро боз ҳам чун фарзанди худ қабул карданд, то дур аз оғӯши волидон ҷое роҳгум назанем…
Ба поси ҳамаи ин хидматҳо бояд ҳар рӯз дар хидматаш бошем. Эҳтиромашро ба ҷо орем, манзалаташро эътироф. Ӯ арзандаи ҳама қадрдониҳост, пас ҳар рӯз бояд Рӯзи омӯзгор бошад.
М. ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»