Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳо соҳибкоронро ба корҳои созандагию ободонӣ ташвиқ мекунанд. Таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ба соҳибкорон аст, ки гӯшаҳои дурдасти кишвари азизамон рӯз ба рӯз ободу зебо мегарданд.
Аз ҷумла, соҳибкорони хайрандеш Ҳоҷихол Розиқов, Муҳаммад Назиров, Абдулло Амиршозода, Саидҷалол Назиров аз ноҳияи Файзобод пайи ободонии зодгоҳи хеш ҳастанд. Бо ибтикор ва дастгирии онҳо чанде пеш ба масофаи се километр хатти оби нӯшиданӣ то ба маркази шаҳраки “30-солагии Истиқлол” кашида шуд. Ин амал боиси коҳиши камбуди об гардид.
Абдулло Амиршозода ба 5 хонаводаи камбизоати деҳаи Мискинобод ба маблағи панҷ ҳазор сомонӣ ёрии моддӣ расонд, ки ин амал намунаи ибрат барои дигарон аст.
Ҳокими САФАР,
ноҳияи Файзобод