Баргашт Чоп кардан

ҲАМЧУ ШИРИ МОДАР. ДАР ВАСФИ ЗАБОН, КИ ВОҚЕАН ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ


Забон на танҳо воситаи гуфтугӯ ва муоширати инсонҳост, балки оинаи таърих, фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури миллат аст. Миллат тавассути забон хотираи таърихии худро ҳифз намуда, арзишҳои маънавии хешро аз насл ба насл интиқол медиҳад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва гиромидошти забони модарӣ барои ҳар як фарди соҳибватан вазифаи муқаддас ба шумор меравад.
Забони тоҷикӣ – яке аз забонҳои қадимӣ, зебо ва ширини дунё буда, тули таърихи пуршебуфарози худ ба ҳайси забони илму адаб, фарҳанг, давлатдорӣ ва андеша мақоми арзанда пайдо кардааст. Ин забон дар ташаккули худшиносии миллӣ ва ҳифзи ҳувияти фарҳангии тоҷикон нақши бузург гузошта, осори гаронбаҳои ниёгони моро то замони мо расондааст.
Таърихи забони тоҷикӣ бо номи бузургтарин чеҳраҳои илму адаби ҷаҳонӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Фаридуддини Аттор, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва садҳо донишманду адиби дигар бо ин забон осори мондагор офаридаанд. Осори онҳо на танҳо ганҷинаи фарҳанги тоҷикон, балки қисми муҳими мероси тамаддуни башарӣ мебошад.
Дар таърихи забону фарҳанги тоҷикӣ давраи Сомониён ҷойгоҳи махсус дорад. Маҳз дар ин давра забони тоҷикӣ ба забони пуриқтидори илму адаб ва давлатдорӣ табдил ёфта, барои рушди фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам омад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиди нақши Сомониён дар ҳифзи забону фарҳанги миллӣ чунин иброз доштаанд: «Бо ифтихори тамом метавон гуфт, ки дар амри бақову ҳастии миллат ва забони мо сулолаи некноми Сомониён нақши калидӣ дорад».
Дар идомаи ин андеша Роҳбари давлат менависанд: «Амирони ватанпарасту донишпарвари Сомонӣ барои эҳёи мероси фарҳангии пешазисломии худ низ кӯшишҳо карда, осори таърихию бадеӣ ва диниву ахлоқии муаллифони худӣ ва бегонаи асри хешро аз забони арабӣ тарҷума карда, ҳатто талош варзиданд, Қуръони маҷидро ба тоҷикӣ (дарӣ, порсӣ) баргардонанд.
Дар натиҷаи чунин сиёсати миллӣ нахустин осор ба забони тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) пайдо шуда, бузургтарин пешвоёни ин забон ва адабиёт Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ ва барҷастатарин олимони асрҳои миёна, чун Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав ва пайравону шогирдони онҳо маъруфтарин осори илмии он давраро ба забони модарии хеш навиштаанд».(Эмомалӣ Раҳмон, «Забони миллат – ҳастии миллат», китоби 1, 2016, саҳ. 14–15).
Ин андешаҳо бори дигар собит месозанд, ки забон дар таърихи давлатдорӣ ва ҳастии маънавии миллат чи нақши бузург дорад.
Забони тоҷикӣ тайи асрҳои зиёд бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои таърихӣ тавонист вижагиҳои миллӣ ва неруи эҷодии худро ҳифз намояд. Ин забон дар Мовароуннаҳру Хуросон ташаккул ёфта, ба рушди тафаккури миллӣ ва адабиёти классикии тоҷикону порсизабонон мусоидат кардааст.
Ин устувории забонро метавон яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихии миллати тоҷик донист. Забоне, ки тули садсолаҳо андешаҳои фалсафӣ, илмӣ, адабӣ ва ахлоқии фарзандони фарзонаи миллатро баён кардааст, имрӯз низ қодир аст, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бошад.
Номи асари бунёдии Пешвои миллат «Забони миллат – ҳастии миллат» худ ифодагари аҳамияти бузурги забон дар ҳаёти миллат мебошад. Дар ҳақиқат, забон пайванди инсон бо гузашта, воситаи дарки имрӯз ва пули боэътимод ба сӯйи оянда аст.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид кардаанд: «Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обу ранг ва дурахшу ҷилои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст».
Дар давраи истиқлолияти давлатӣ масъалаи ҳифз, рушд ва истифодаи дурусти забони давлатӣ аҳамияти бештар пайдо кард.
Имрӯз забони тоҷикӣ танҳо ба қаламрави Тоҷикистон маҳдуд нест. Форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ ҳамчун шаклҳои таърихиву минтақавии як фазои бузурги забонӣ дар кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор доранд. Миллионҳо нафар дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо бо ин забон гуфтугӯ мекунанд.
Тоҷикон ва форсизабонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва кишварҳои Аврупо низ зиндагӣ намуда, расонаҳо, маҳфилҳои фарҳангӣ ва созмонҳои худро доранд. Аз ин рӯ, рушди забони тоҷикӣ дар замони ҷаҳонишавӣ маънои нигоҳ доштани як мероси зиндаи фарҳангиро дорад. Ҳар қадар забон дар муҳити илм, технология, маориф, расона ва фазои рақамӣ фаъолтар истифода шавад, ҳамон қадар имкониятҳои рушди он бештар мегарданд.
Табиист, ки бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, масъалаи покизагии забон ҳамеша муҳим боқӣ мемонад. Истифодаи нодурусти калимаҳо, ибораҳои бегона дар ҳолатҳое, ки барои онҳо вожаҳои муносибу равони тоҷикӣ мавҷуданд, инчунин, риоя накардани қоидаҳои имло ва меъёрҳои забон метавонад ба он таъсири манфӣ расонад. Аммо ҳифзи забон танҳо бо назорату қонунгузорӣ таъмин намешавад. Муҳаббат ба забон бояд, пеш аз ҳама, аз оила, мактаб, донишгоҳ, китобхона, муҳити фарҳангӣ ва рафтори ҳар як шаҳрванд оғоз гардад.
Адибони бузурги тоҷик ҳамеша ба омӯзишу ҳифзи забони модарӣ аҳамият додаанд. Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» мегӯяд:
Ҳар он кас, ки дониш фаромӯш кунад,
Забонро зи гуфтор хомӯш кунад.
Дар ҳақиқат, забон бо дониш, мутолаа ва андешаи солим рушд мекунад. Ҳар китобе, ки ба забони тоҷикӣ хонда ва ҳар мақолаи пурмуҳтавое, ки навишта мешавад, ҳар истилоҳи илмие, ки дуруст ба тоҷикӣ истифода мегардад ва ҳар кӯдаке, ки забони модариро бо муҳаббат меомӯзад, дар пойдории ин мероси бузург саҳм мегузорад.
Шоири халқии Тоҷикистон устод Муъмин Қаноат дар шеъри «Ба ҳаводори забони тоҷикӣ» муҳаббат ба забони модариро бо эҳсоси меҳри фарзандӣ пайванд медиҳад:
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст,
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки меҳри модар аст.
З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам,
Дӯст медорам варо.
Чун навозишҳои гарми модарам,
Дӯст медорам варо.
Воқеан, забони модарӣ барои инсон мисли садои модар, хонаи падарӣ ва сарзамини аҷдодӣ азиз аст. Аз ин рӯ, ҳифзи забон танҳо вазифаи донишмандон, адибон ё ниҳодҳои давлатӣ набуда, ҳар як соҳибзабон бояд посдори он бошад.
Забон вақте зиндаву неруманд мемонад, ки мо онро дӯст дорем, дуруст истифода барем, омӯзем ва беолоиш ба фарзандони худ ба мерос гузорем.


Сайфиддин СУННАТӢ,
“Ҷумҳурият”