![]()
8-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва вохӯрии 8-уми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба Туркманистон сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
8-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Туркменбошӣ шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Туркменбошӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон, вазири корҳои хориҷӣ Рашид Мередов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони Фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.
Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва вохӯрии 8-уми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок хоҳанд кард.
МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО СЕРДАР БЕРДИМУХАМЕДОВ
8-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Аваза бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов вохӯрданд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлат ба Президенти Туркманистон барои даъват ва истиқболи гарм арзи сипос намуда, рушди устувори муносибатҳои байни ду кишварро, ки ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷонибро фаро мегиранд, таъкид доштанд. Сарварони ҳар ду давлат ба пешбурди минбаъдаи ин раванд дар руҳияи шарикии амиқи стратегӣ изҳори алоқамандӣ карданд.
Гуфтугӯйи созанда оид ба доираи васеи масъалаҳои марбут ба муколамаи сиёсии байнидавлатӣ, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию логистикӣ, транзитӣ ва дар бахши энергетикаю маводи сӯхт сурат гирифт.
Масъалаҳои вобаста ба робитаҳои фарҳангию башарӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.
Мусоҳибон, инчунин, оид ба масъалаҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.