Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Балҷувон, Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Панҷ, Кӯшониён, Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Қубодиён суҳбати телефонӣ анҷом дода, масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии вилоятро баррасӣ кард.
Зимни суҳбат масъалаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз мавзуъҳои асосӣ буд. Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки ҷиҳати иҷрои пурраи нақшаи даъват корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташкилиро вусъат бахшида, бо ҷалби масъулони дахлдор раванди даъвати ҷавононро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.
Дар идома масъалаи иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта муҳокима гардид. Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи пахтакорӣ дар рушди иқтисоди вилоят, ба масъулон супориш дода шуд, ки барои ҷамъоварии саривақтӣ ва пурраи ҳосили пахта, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шавад.
Ҳамчунин, ба масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон таваҷҷуҳ карда шуд. Масъулон супориш гирифтанд, ки барои таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои иҷтимоӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, корхонаҳо ва дигар иншооти ҳаётан муҳим дар давраи зимистон корҳои омодагиро сари вақт ба анҷом расонанд. Аз ҷумла, таъмини муассисаҳо бо сӯзишворӣ ва маводи зарурӣ, омодасозии шабакаҳои барқу гармидиҳӣ, захираи маводи ғизоӣ ва дигар тадбирҳои марбут ба зимистонгузаронӣ бояд дар муҳлатҳои муқарраршуда иҷро гарданд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”