Таҷрибаи рӯзгор борҳо собит сохтааст, ки бидуни сулҳу оромӣ рушди устувори давлат, пешрафти иқтисод, илму маориф ва таъмини зиндагии шоистаи мардумон ғайриимкон мебошад. Миллате, ки сулҳу суботро дар сарзамини худ ҳифз кардаву ба он арзиши баланди ахлоқӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавиро қоил шудааст, дастовардҳои назаррасро ноил гардида, ба низоми давлатдории миллӣ умри абадӣ бахшидааст. Аз ин рӯ, масъалаи таҳкими сулҳ дар ҷаҳони имрӯз на танҳо вазифаи давлатҳо, балки масъулияти ҳар як инсони соҳибандеша, огоҳ ва бедору хирадманд мебошад.
Дар шароите, ки ҷаҳон бо низоъҳои сиёсӣ, таҳдидҳои амниятӣ, терроризм, ифротгароии хушунатомез, поймол гардидани ҳуқуқу озодӣ, табъизи нажодӣ ва дигар мушкилоти глобалӣ рӯбарӯст, ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, 2027-2036 аҳамияти махсус касб мекунад. Моҳияти ин ташаббус дар он ифода меёбад, ки сулҳ бояд ҳамчун арзиши умумии инсоният ҳифз гардида, фарҳанги ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамкорӣ байни давлатҳову халқҳо боз ҳам тақвият дода шавад. Ин иқдом ба тарбияи насли ҷавон дар руҳияи сулҳпарварӣ, ба ҷо овардани эҳтирому ҳуқуқи инсон ва ҳамзистии осоишта дар ҷаҳон мусоидат менамояд.
Ташаббуси нав дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдомоти беназир, хайрхоҳона, ояндабинона ва умедбахш ҳамчун давлати сулҳпарвар дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Ин сиёсати сулҳҷӯёна боис гардидааст, ки Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар таҳкими амният, ҳамкориҳои минтақавӣ ва рушди муносибатҳои дӯстонаи байналмилалӣ эътироф шавад.
Мусалламан, дар самти муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси давлати ташаббускор дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр арзишманд мебошад, зеро иқдому ташаббусҳои сиёсӣ, амниятӣ, экологӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон маҳсули афкори ҷаҳоншумули Пешвои муаззами миллат мебошанд.
Таҳкими иродаи сулҳпарварӣ оромӣ дар зеҳну замири наврасону ҷавонон дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир хеле зарур дониста мешавад. Бино бар ин, ташаббуси ҷаҳонии кишвари мо дар самти таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, пеш аз ҳама, аз насли нави ҷаҳон ва кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, дигар созмону ниҳоди байналмилалии ҳуқуқи инсон ҳамгироии муштарак ва иттиҳоду сарҷамъиро ҷиҳати ҳимояи шаъну шараф, ҳуқуқу озодӣ ва таҳкими пояҳои сулҳ тақозо менамояд, то афкори мусбат ва созанда дар муқобили афкори ифротию вайронгар дар дунёи ноорому пуртаззод пирӯз гардад.
Исмоил МУМИНЗОДА, муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ