Чанде пеш дар шаҳри Брести Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи 83-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШРХГ ИДМ) баргузор гардид, ки дар он сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Хуршед Каримзода иштирок намуд.
Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои узви ИДМ яке аз механизмҳои муҳими ҳамоҳангсозии ҳамкории мақомоти гумруки давлатҳои аъзо ба ҳисоб рафта, дар доираи он масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории гумрукӣ, табодули таҷриба ва иттилоот, такмили маъмурикунонии гумрукӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти гумрук баррасӣ мегарданд.
Иштирокдорон масъалаҳои мубрами ҳамкории мақомоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ, самтҳои такмили маъмурикунонии гумрукӣ ва густариши ҳамкории байниидоравиро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба таҷрибаи амалии давлатҳои худ табодули назар намуданд.
Иштироки Тоҷикистон дар фаъолияти Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ, ба имзо расондани санадҳои нави ҳамкорӣ ва баргузории вохӯриҳои дуҷониба бо роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои минтақа ба таҳкими ҳамкории байналмилалии гумрукӣ, рушди робитаҳои касбӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои муосири ҳамкории гумрукӣ мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни он Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия дар бораи эътирофи мутақобилаи натиҷаҳои назорати гумрукӣ дар шакли электронӣ ба имзо расонда шуд.
Имзои санади мазкур ба рушди ҳамкории гумрукии Тоҷикистону Россия, густариши истифодаи технологияҳои рақамӣ, содагардонии расмиёти гумрукӣ, баланд бардоштани самаранокии мубодилаи маълумот ва эътирофи натиҷаҳои назорати гумрукӣ дар шакли электронӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, Хуршед Каримзода бо сардор ва намояндагони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба навсозӣ ва такмили нуқтаҳои гузаргоҳи гумрукӣ дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ намуданд. Дар ин замина, доир ба беҳтар намудани инфрасохтори нуқтаҳои гузаргоҳ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандон, инчунин баланд бардоштани самаранокии расмиёти гумрукӣ, табодули назар сурат гирифт.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»