
ИНТЕЛЛЕКТ +
КАЛИДКАЛИМА
Дар ин муаммоҳои пешниҳодгашта шуморо мебояд аз ҳар як калима вожаи наве бисозед.
Масалан: НОБ + АҲД + АСР = САРҲАДБОН
Таҳиягар Ш. ШОКИР
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 935 35 51 50
Масъули рубрика
Ш. ШОКИР
ҶАВОБ БА КАЛИДКАЛИМА АЗ ШУМОРАИ СЕНТЯБР (№ 190):
1. Абрешимтоб 2. Айбдоршаванда 3. Афсурдахотир 4. Барбатсаро 5. Барқҳисобкунак
6. Баробармиқдор 7. Барҷастарухсор 8. Дамоҳанҷ 9. Бараҳнатабъ 10. Дастпаймон
БИЛЛИ ХАРРИС
Медонед, ки ростқавлӣ гадоро шоҳ мекунад?
Ростқавлӣ инсонро сазовори эҳтиром ва эътибор мегардонад. Қиссаи Билли Рэй Харрис, марди бехона, намунаи равшани ин гуфтаҳост. Қисса ин аст, ки рӯзе зане ҳангоми ба косаи гадоии Билли пул андохтан, тасодуфан ангуштарини алмосии худро, ки 4000 доллар арзиш дошт, дар он меафтонад.
Билли метавонист онро фурӯхта, зиндагии худро тағйир диҳад, аммо ӯ роҳи ростқавлиро интихоб карда, қарор дод, ки ангуштаринро ба соҳибаш баргардонад. Пас аз чанде зан дар ҷустуҷӯйи ангуштарин ба суроғи ӯ омад ва Билли дарҳол ангуштаринро ба соҳибаш баргардонд. Аз ин амали нек зан ба ваҷд омада, барои Билли дар шабакаҳои иҷтимоӣ суратҳисоби хайриявӣ мекушояд. Дар муддати кӯтоҳ маблағи зиёде ба суратҳисоб ворид шуда, Билли соҳиби хона ва мошин мегардад. Қиссаи ибратомӯзи Билли ба барномаҳои телевизионӣ роҳ меёбаду хоҳараш, ки ӯро 16 сол боз ҷустуҷӯ мекард, ин барномаро дида, бародарашро пайдо мекунад.
Ҳамин тавр, як қарори дуруст на танҳо ҳаёти Биллиро тағйир дод, балки оилаи аз ҳам ҷудошударо низ дубора ба ҳам овард.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
КИТОБЕ, КИ МУАММО АСТ
Дар ҷаҳони адабиёт китобе ҳаст, ки онро на мисли китобҳои одӣ, балки ба монанди як муаммо (пазл) мехонанд. Муаллиф нависандаи фаронсавӣ Раймон Кено буда, китоб “Интихоби сад миллиард шеър” ном дорад.
Китоб ҳамагӣ аз 10 саҳифа иборат аст ва дар ҳар саҳифа як сонет (шеъри 14-сатрӣ) ҷой гирифтааст, аммо ҳар як мисраи шеър ба таври алоҳида дар пораҳои коғазӣ бурида шудаанд. Хонанда метавонад ин тасмаҳои коғазиро озодона бо ҳам омехта кунад. Масалан, мисраи аввали шеъри якумро бо мисраи дуюми шеъри дигар пайваст намояд. Математикҳо ҳисоб кардаанд, ки аз ин 10 шеър метавон 100 триллион варианти гуногуни шеър сохт.
Агар як инсон бе таваққуф ва шабонарӯзӣ ҳамаи ин вариантҳоро хондан хоҳад, ба ӯ беш аз 190 миллион сол вақт лозим меояд.
Таҳияи Малика МУҚАДДАМОВА
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ВАҚТЕ НОБЕЛ ХАТТИ ВАФОТАШРО ХОНД…
Нобелро ҳама мешиносанд, дастикам барои машҳуртарин ҷоизаи ҳамномаш. Ва ҳама медонанд, ки ихтирои беназири ӯ динамит аст, ки барояш сармояи тасаввурнопазир ба суд овардааст.
Аммо на ҳама аз ҳодисаи ғайриодие, ки дар зиндагии ин олими оламшумул рух додаву сабаби таъсиси ҷоизаи мавриди назар шудааст, огоҳӣ доранд. Ба гумони ғолиб аксарият намедонанд, ки Нобел хатти вафоташро худаш дар зиндагӣ хондаву баъдан, нигоҳашро ба зиндагӣ тағйир додааст.
Бале бовар нокарданист, вале далел аст, ки як субҳи босафои соли 1888 вақте Нобел рӯзномаро ба даст мегирад, дар саҳифаи аввали ӯ зери сарлавҳаи «Тоҷири аҷал мурд» хабареро дар бораи марги худаш мехонад. Албатта, ин хатои хабарнигорони франсуз буд, ки ба ҷойи номи бародари калонии фавтидааш Людвиг номи ӯ, яъне Алфредро саҳван чоп мекунанд. Вале ана ҳамин ҳодисаи ғайриодӣ, махсусан сарлавҳаи хабар, Нобелро ба андеша водор мекунад ва ӯ сари миз нишаста, тамоми дороии худро дар қолаби як ҷоизаи ҷаҳонӣ барои пешрафти илм ва талоши сулҳхоҳӣ ба мерос мегузорад.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
БРИТАНИЯ
Бори аввал дар ҷаҳон бо истифода аз зеҳни сунъӣ омоси мағзи сар хориҷ карда шуд
Рис Ҳибберти 48-соларо дар беморхонаи миллии асабшиносӣ ҷарроҳӣ карданд. Ӯ гуфт, ҷарроҳӣ ба ҳифзи биноии ӯ мусоидат кард ва ҳоло ӯ дубора ба кор баргаштааст.
Гуфта мешавад, ки барои муайян кардани хурдтарин сохторҳои анатомии мағзи сар зеҳни сунъӣ ба таври онлайн истифода шудааст. Системаи зеҳни сунъӣ сохторҳои муҳими мағзи сарро бо рангҳои гуногун ишора мекард, то ба ҷарроҳон дар муайян кардани минтақаҳое, ки ҳангоми хориҷ кардани омос бояд аз онҳо канорагирӣ кард, ёрӣ расонад.
Азбаски бисёре аз вазифаҳои муҳими мағзи сар, аз ҷумла асабҳое, ки биноиро назорат мекунанд, дар масофаи хеле наздик бо якдигар ҷойгир шудаанд, гурӯҳи табибон дарк мекарданд, ки ҳатто як миллиметр иштибоҳ метавонад аҳамияти ҳалкунанда дошта бошад.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
МАНУЭЛ ВА МАРТИНА
Қиссаи як муҳаббат
Хосе Мануэл Риела ва Мартина Лопес, сокинони Парагвай, пас аз 80 соли зиндагии якҷоя расман издивоҷ карданд. Муносибати онҳо соли 1933 оғоз ёфта, дар ин муддат соҳиби 8 фарзанд, 50 набера, 35 абера ва 20 чабера шуданд. Ҳарчанд онҳо тули даҳсолаҳо якҷо буданд, аммо ақди никоҳи расмӣ надоштанд.
Соли 2013, пас аз саволи фарзандон: «Шумо чиро интизор ҳастед?», онҳо ба хулосае омаданд, ки оилаи худро қонунӣ кунанд. 15-уми октябри соли 2013 дар боғи хонаашон маросими ақди никоҳ баргузор шуд. Мартинаи 99-сола бо либоси сафеди арусӣ ва Хосеи 103-сола дар аробачаи маъюбӣ дар ҳузури чанд насли оилаи худ қасами вафодорӣ ёд карда, ангуштаринҳоро ба ангуштони ҳамдигар андохтанд.
Таҳияи З. РАҶАБ
ИН БОР ҲАМ ҶАВОНИ ТОҶИК ОДАМОНРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОД
1-уми октябри соли равон дар хиёбони Спиридоноваи шаҳри Владивосток тормози мошини боркаш аз кор монд ва бо суръати баланд ба нишебӣ равона шуда, ба чанде аз худравҳо бархӯрд. Вале бо сабаби нишебии тулонӣ боз ҳам суръати ҳаракаташ тезтар ва хавфи бархӯрди навбатӣ ба анбуҳи мошинҳову роҳгузарон бештар мегардид.
Дар ин лаҳзаи хатарнок ҷавони тоҷик Юсуф Каримов, ки бо мошини калони боркаш дар гардиш бояд роҳро мегузашт, дар муқобили хатар ист кард ва ҷони даҳҳо нафарро аз садамаи марговар дар хиёбони серодами шаҳр наҷот дод.
Ин ҳодиса бо корнамоии ҷавонмарди тоҷик дар шарқи Россия дар сархати хабарҳо қарор гирифт.
Таҳияи Мустафо МУҲАММАДЗОДА
15 ДОНА ГЕЛОС БО НАРХИ 3,5 ҲАЗОР ДОЛЛАР
Дар шаҳри Хатинохеи Ҷопон як қуттии 15-донагии гелоси навъи олӣ дар музояда ба маблағи 500 ҳазор йен, яъне беш аз 3,5 ҳазор доллар, фурӯхта шудааст. Ин баландтарин нарх дар таърихи чунин музоядаҳо ба шумор меравад.
Гелоси гаронбаҳо бо андозаи калон ва шакли махсуси дилмонандаш фарқ мекунад.
Воқеан, имсол унвони гаронбаҳотарин гелос ба навъи «Аомори Ҳартбит» дода шудааст. Соли гузашта бошад, ин мақомро гелоси навъи «Juno Heart» гирифта буд. Ин гуна гелосро бештар ҳамчун туҳфаи гаронбаҳо ва махсус мехаранд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ҲОДИСАҲОИ ҒАЙРИОДӢ
ДАР ТАЪРИХ ВА ТАБИАТ
4. СЕКУНҶАИ БЕРМУД (УҚЁНУСИ АТЛАНТИК)
Ин минтақа бо номи «Секунҷаи Иблис» ва гум шудани асроромези киштиҳову тайёраҳо машҳур аст. Нуқтаҳои се кунҷи ин минтақаро шаҳри Майами (Флорида, ИМА), ҷазираи Бермуд ва Пуэрто-Рико ташкил медиҳанд.
Давоми 100 соли охир дар ин ҷо тақрибан 50 киштӣ ва 20 тайёра бедарак шудааст. Маҳз дар ҳамин ҷо нуқтаи амиқтарини уқёнус – хандақи Пуэрто-Рико (8380 м) ҷойгир аст, ки пайдо кардани ҳар як чизи ба он афтидаро ғайриимкон месозад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ
Ҳамин рӯз, яъне 9-уми октябр, ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии почта таҷлил мешавад. Ин сана ба яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи рушди иртиботи байналмилалӣ – таъсиси Иттиҳоди умумии почта дар соли 1874 вобаста мебошад.
9-уми октябри соли 1874 дар шаҳри Берни Швейтсария намояндагони 22 давлат Конвенсияи Бернро ба имзо расонда, дар натиҷа, Иттиҳоди умумии почта таъсис ёфт, ки баъдтар номи он ба Иттиҳоди ҷаҳонии почта (UPU) тағйир дода шуд.
Имрӯз Иттиҳоди ҷаҳонии почта 192 кишвари узв дорад ва Тоҷикистон низ узви он мебошад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ФУТБОЛ
10 бозии дорои бештарин шумораи тамошобинон дар майдон
3. «ФЛАМЕНГО» – «ФЛУМИНЕНСЕ» (15-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 1963, ЛИГАИ КАРИОКА, ВАРЗИШГОҲИ «МАРАКАНА», 177020 ТАМОШОБИН – РЕКОРДИ БОЗИҲОИ КЛУБӢ)
Ба иттилои рӯзномаи «Спорт Экспресс», рекорди ҷаҳонии шумораи зиёди тамошобинон дар бозии футболи бошгоҳӣ 15-уми декабри соли 1963, зимни рақобати дербии «Фламенго» ва «Флуминенсе» дар варзишгоҳи «Маракана» гузошта шудааст. Дар он рӯз, тибқи баъзе ҳисобҳо, 194 603 нафар тамошобин ба варзишгоҳ омада буд (аз ин шумора зиёда аз 177 000 нафар барои чиптаҳо пул пардохт карда буд).
Дар маҷмуъ, рақобати ин ду бошгоҳ дар зиёда аз бист маврид беш аз 100 000 нафарро ба варзишгоҳ ҷалб кардааст. Чунин ҳолат на танҳо дар давраҳои афсонавии солҳои 1950-ум ва 1960-ум, балки дар замони нисбатан наздик низ рух додааст: 20-уми январи соли 1999 барои тамошои бозии ду бошгоҳи маъруф 113 602 нафар тамошобин ҷамъ омада буд.
Аз русӣ тарҷимаи С. АШУРОВ
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ
Маҳбусони бразилӣ метавонанд муҳлати ҷазои худро танҳо бо мутолааи китоб кам кунанд. Барои ҳар як китоби хондашуда муҳлати ҷазо чор рӯз (ҳадди ақал 48 рӯз дар як сол) кам карда мешавад, аммо маҳбус бояд бо навиштани гузориш дар бораи таассуроти худ собит созад, ки китобро воқеан, мутолаа кардааст.
* * *
Ҷуворимакка ба ғайр аз Антарктида дар ҳамаи қитъаҳо мерӯяд.
* * *
Кенгуруи азими навзод камтар аз 1 грамм вазн дорад.
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА
АҶОИБОТИ ДУНЁ
Сӯхтани вулқон бидуни дуд
Дар Индонезия вулқони Иҷен (Ijen) мавҷуд аст, ки бо хусусияти ғайриодии худ, яъне бо оташи кабуду бунафшаранг ва бидуни дуд сӯхтанаш, сайёҳон ва олимони зиёдеро аз саросари ҷаҳон ба худ ҷалб мекунад.
Ин ҳолати нодир дар натиҷаи берун шудани газҳои сулфурдор бо фишори баланд ва дар ҳарорати аз 360°C то 600°C рух медиҳад. Вақте ки ин газҳо бо оксигени ҳаво вомехӯранд, оташ гирифта, алангаи кабуди дурахшонро ба вуҷуд меоранд. Аз сабаби хира будани ин аланга, онро танҳо шабона дидан мумкин аст.
Таҳияи Ҷӯрабек НЕГМАТОВ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
СИЁСАТ
Аз қазо Сталинро хумори сигоркашӣ мегирад, вале болои мизи корӣ чубуқашро наёфта, бисёр ғазаболуд мешавад ва ба Лаврентий Берия занг мезанад:
– Гӯш кун, чубуқи дӯстдоштаи маро касе аз болои мизам дуздидааст. Зуд кофта ёбед.
Дар ҳамин вақт, ҳангоми аз назар гузарондани почтаи чандрӯза, чубуқ аз зери тупи варақҳо ногоҳ пайдо мешаваду Сталини акнун хурсанд боз ба Берия занг зада, мефаҳмонад, ки чубуқ ёфт шудаст.
– Афсус, рафиқ Сталин, аллакай, се нафар дуздии чубуқи шуморо қоил шуда буданд,– мегӯяд аз он тараф Берия ба зӯр-ба зӯр нафас кашида.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
ЭЙНШТЕЙНШИНОС
Аз суҳбати ду арманӣ:
– Гӯш кун ҷӯра, дар ҷаласа ин қадар Эйнштейнро ба осмон бардоштӣ, ки дигар ба мо навбат нарасид. Метавонӣ сода карда фаҳмонӣ, ки назарияи нисбияташ, яъне чӣ?
– Албатта. Фарзи мисол, ба фикри шумо се дона мӯй дар сар ин зиёд аст ё кам?
– Хеле кам.
– Дар даруни хӯрок чӣ?
– Ниҳоят зиёд.
– Ана ҳамин назарияи нисбият аст, бародар, фаҳмидӣ?
Аз русӣ тарҷимаи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ
Ҳамин рӯз, яъне 9-уми октябр, ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии почта таҷлил мешавад. Ин сана ба яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи рушди иртиботи байналмилалӣ – таъсиси Иттиҳоди умумии почта дар соли 1874 вобаста мебошад.
9-уми октябри соли 1874 дар шаҳри Берни Швейтсария намояндагони 22 давлат Конвенсияи Бернро ба имзо расонда, дар натиҷа, Иттиҳоди умумии почта таъсис ёфт, ки баъдтар номи он ба Иттиҳоди ҷаҳонии почта (UPU) тағйир дода шуд.
Имрӯз Иттиҳоди ҷаҳонии почта 192 кишвари узв дорад ва Тоҷикистон низ узви он мебошад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ИХТИРОИ НОГАҲОНӢ
КУЛЧАҚАНД БО ПОРАҲОИ ШОКОЛАД (COOKIES)
Аввали асри XVIII амрикоиҳо калимаи «cookie» («куки»)-ро барои маҳсулоти қаннодии хурди ширину ҳамвор истифода бурданд, ки барои иди Соли нав пухта мешуд. Он соли 1930 аз ҷониби Рут Уэйкфилд, мудири меҳмонхонаи «Tool House», ихтироъ шудааст.
Рут бо кулчақандҳои (печенье) шакарии худ машҳур буд. Онро муштариёни меҳмонхона ҳамчун туҳфа мегирифтанд. Хамир барои кулчақанди шакарӣ бо миксер омода мешуд. Рӯзе ларзиши миксер сабаб шуд, ки аз болои раф як қуттӣ шоколади «Nestle» ба даруни хамир чаппа шавад ва миксер ҳамаро омехта кард. Барои он ки хамирро напартояд, ӯ қарор дод, ки аз он кулчақанд пазад. Ин кулчақандҳо дарҳол хеле машҳур ва дӯстдоштанӣ шуданд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
КӮЛИ ҲАФТКӮЛ
МАРҒУЗОР – КӮЛИ ШАШУМИ ҲАФТКӮЛ
Кӯли Марғузор яке аз зеботарин ва калонтарин кӯлҳои силсилаи машҳури Ҳафткӯл ба ҳисоб меравад. Он дар дараи дарёи Шинг, дар кӯҳистони Фон, ҳудуди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҷойгир буда, дар баландии тақрибан 2140 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дарозии он тақрибан 4,5 километр ва чуқуриаш то 45 метр мерасад. Кӯлро кӯҳҳои баланду нишеб иҳота карда, оби он вобаста ба рӯшноӣ ва шароити табиӣ тобишҳои гуногуни кабуду фирӯзагӣ пайдо мекунад. Марғузор на танҳо бо андоза ва зебоии табиӣ, балки бо манзараҳои кӯҳистонӣ, ҳавои тоза ва имкониятҳои сайёҳиву истироҳатӣ диққати меҳмононро ҷалб мекунад. Аз ҳамин сабаб, он яке аз мавзеъҳои маъруфи сайёҳии кӯҳистони Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Таҳияи Далер ИБРОҲИМ
70 СОЛ БО ҶУРОБИ СУРХ
Серкис Каплан, ки бо лақаби «Бахе» маъруф буд, соли 1928 дар наздикии шаҳри Мардин (Туркия) ба дунё омадааст. Пас аз марги падар, модараш бо сабаби тангдастӣ ӯро ба калисои “Дейрулзафаран” супурд ва ҳангоми хайрухуш ба пойи ӯ ҷуроби сурх пӯшонда, гуфт: «Ман бармегардам».
Бахе тамоми умраш, тақрибан 70 сол, дар ҳамон калисо бозгашти модарашро интизор шуд ва ҳатто ранги ҷуробашро иваз намекард, бо умеди он ки вақте модараш баргашт, ӯро шиносад. Аммо модараш ҳеҷ гоҳ барнагашт, чунки ӯ ба Сурия рафта, дар он ҷо издивоҷ карда буд.
Ниҳоят, Бахе соли 2014 бо ҳамон интизории ҳамешагӣ аз дунё гузашт.
Таҳияи Муҳаммад АМИН