![]()
![]()
9-уми октябр шаҳри Душанбе модарону бонувони тамоми ҷумҳуриро ба оғӯш гирифт. Занону духтарони гулпираҳан барои ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон", ки бо ибтикори Муассисаи давлатии маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" роҳандозӣ гардидаву пас аз ду солу нуҳ моҳ, дар доираи таҷлили Ҷашни муқаддасу миллиамон – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҷамъбаст гардид, ба ҷашнгоҳи ҳақиқӣ табдил ёфт. Аз субҳи барвақт бонувони атласпӯшу чаканбабар саҳни бинои Муассисаи давлатии "Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим"-ро чун дастагулҳои тару тоза оро доданд, ки чеҳраҳои шукуфону лаби пуртабассумашон башорат аз ободии диёру осоиши рӯзгорашон буд.
Иштироки намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеа, сар аз ходимони давлативу вакилбонувон то занони ҳунарманди дурдасттарин ноҳияи кишвар, баёнгари он буд, ки имрӯз давлату Ҳукумат ба сиёсати давлатии занон дар ҳамаи сатҳҳо эътибори махсус медиҳад.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ, нахуст, Шоҳона Сулаймонӣ, сармуҳаррири маҷалла, ҳозиринро шодбош гуфта, иброз дошт, ки Озмуни мазкур дар доираи таҷлили 35-умин солгарди Истиқлол роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он муаррифии дурдонаҳои дар гӯшаву канори кишвар маҳфузмонда аст. Рӯзгори ибратомӯзи занону бонувон аз ин минбари баланд ба хонандагон шиносонда шуд ва ин иқдом бо ҷамъбаст шудани Озмун маҳдуд намешавад, балки идома меёбад.
Муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ гуфт, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, илму маориф, тандурустӣ, ҳокимияти судӣ, фарҳанг ва фаъолияти соҳибкорӣ иштироки фаъолона дошта, дар раванди созандагии Ватан ҳиссаи арзандаи хешро мегузоранд. Дар ин росто, саҳми маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» дар инъикоси ҳаёти ҳаррӯзаи онҳо ва татбиқи барномаву стратегияҳои миллӣ назаррас аст.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Мавсума Муинӣ ҳозиринро ба Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфта, ба таърихи маҷалла, ки имсол 20-солагии таъсисаш аст, руҷуъ кард. Мавсуф нақши маҷалларо дар таҳкими ҳувияти миллӣ, муаррифии арзандаи занону духтарони муваффақ ва дарёфти чеҳраҳои нав аз ҳисоби ин қишри ҷомеа бориз хонд.
Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон, роҳандозии Озмуни мазкурро туҳфаи арзандаи аҳли қалами маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" ба Ҷашни Истиқлол унвон карда, изҳор дошт, ки ҳар қадар мо васфи дастовардҳои замони истиқлол кунем, боз ҳам кам аст, зеро он корҳое, ки тайи ин муддат сомон ёфтанд, аз тасаввур берун аст. Мо роҳи садсолаҳоро дар сӣ сол тай кардем. Ин ҳама ба шарофати иродаи қавии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, ки ҳадаф гузоштанд ва собитқадамона ба он расиданд. Ҳанӯз даҳ сол пеш Сарвари кишвар мақсад гузоштанд, ки деҳаҳои мо бояд намои шаҳр гиранд ва имрӯз мебинем, ки чунин шуд.
Ҳамин тавр, каломи ҳозирин саршори тараннуми истиқлолу дастовардҳои он буд.
Дар маросими ҷамъбаст ғолибони Озмун бо диплому мукофотҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Шоҳҷоиза сазовор гардида, чор ҷойи аввал, се ҷойи дуюм ва се ҷойи сеюм ба бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои кишвар тақдим шуд. Ҳамзамон, ба намояндагони 25 шаҳру навоҳии дигар диплому сипосномаҳо супурда шуданд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»