![]()
Фалак танҳо як навъи суруд нест. Он эҳсосоти амиқи инсонӣ, амсоли муҳаббат, ҷудоӣ, ҳиҷрон, орзу, умед ва меҳри Ватанро бо забони мусиқӣ ифода мекунад. Боиси ифтихору сарфарозии мо – тоҷикон, аст, ки Созмони байналмилалии ЮНЕСКО Фалак – ин мероси зиндаи фарҳангии мардуми кӯҳистони Тоҷикистонро ба Феҳристи ҷаҳонии мероси ғайримоддӣ ворид кардааст.
ФАЛАК ЧИСТ ВА ЧАРО ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ ОНРО ДАҚИҚ МУАЙЯН КАРДАН ДУШВОР АСТ?
Муовини ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Шаҳноза Тағойзода мегӯяд, ки дар адабиёти мусиқишиносии тоҷик Фалак ҳамчун падидаи қадимаи мусиқии шифоҳӣ шинохта мешавад. Дар матни он бештар рубоӣ, дубайтӣ ва ғазал истифода шуда, махсусан рубоихонӣ ва рубоисароӣ дар ташаккули анъанаи фалакхонӣ ҷойгоҳи муҳим доштааст.
Ба гуфтаи ӯ, байни шаклҳои нахустини Фалак ва шаклҳои мукаммали имрӯзаи он фарқ вуҷуд дорад. Яъне, анъанаи фалакхонӣ метавонад таърихи хеле қадима дошта бошад, аммо баъзе шаклҳои он дар давраҳои баъдӣ ташаккул ёфтаанд.
Ба таъкиди Шаҳноза Тағойзода, мусиқишиноси тоҷик Фароғат Азизӣ бар он назар аст, ки “Фалаки роғӣ” ҳамчун як шакли мукаммали ин жанр дар асрҳои XVIII – XIX ташаккул ёфтааст. Аз ин рӯ, Фалакро ба як асри мушаххас нисбат додан дуруст нест. Он мероси чандиннаслии гузаштагони мост, ки тули асрҳо, тадриҷан, сайқал ёфта, ба шаклу равияҳои гуногун тақсим шудааст.
ФАЛАКИ ОВОЗӢ ВА СОЗӢ
Шаҳноза Тағойзода мегӯяд, ки аз рӯйи тарзи иҷро Фалак, асосан, ба ду бахши калон: овозӣ ва созӣ ҷудо мешавад.
Фалаки овозӣ шакли сурудии ин жанр буда, метавонад бе соз ё ҳамроҳи як соз ва ё гурӯҳи созҳо иҷро шавад. Дар он овози сароянда нақши асосӣ дошта, мавзуъҳои матнӣ бештар ба дарду ғам, муҳаббат, ҷудоӣ, ҳиҷрон, орзу, Ватан, тақдир ва умеди дидор алоқаманданд.
Дар Фалаки овозӣ рубоӣ ва дубайтӣ ҷойгоҳи хос доранд. Сохтори оҳанг аксаран бо сохтори шеър робитаи мустақим дошта, дар анъанаи иҷроӣ ба ҳар банди оҳанг метавонад як рубоӣ мувофиқат кунад. Иҷрои эҳсосиву пуртаъсири сароянда яке аз вижагиҳои муҳими ин навъи Фалак ба шумор меравад.
Фалаки созӣ бошад, шакли инструменталии жанр буда, дар он овоз ҳамчун унсури асосӣ истифода намешавад ва ифодаи мусиқӣ тавассути созҳои миллӣ сурат мегирад. Дар анъанаҳои гуногуни Фалак созҳое чун думбра ё дутор, ғижак, тутак ва таблак истифода шудаанд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими Фалак озодии иҷро ва бадеҳа мебошад. Баъзе навъҳои он бо қолабу зарби муайян иҷро шуда, баъзеи дигар бе қолаби устувори зарбӣ ва ба таври озод садо медиҳанд. Дар фалаки кӯлобӣ, аз ҷумла фалаки даштӣ, сафарӣ ва ғарибӣ, шаклҳои якқисма бештар ба назар мерасанд. Навъҳои дигар, аз ҷумла роғӣ, парон ва қаландарӣ, метавонанд сохтори якқисма ё силсилавӣ дошта бошанд.
Аз ин рӯ, фалаксаро бояд на танҳо соҳиби овози хуб, балки дорои маҳорати баланди сароидани бадеҳа, эҳсоси нозуки мусиқӣ, дониши шеър, сухандонӣ ва қобилияти эҷоди иртиҷолӣ бошад. Ҳамин вижагӣ Фалакро аз бисёр жанрҳои мусиқии академӣ фарқ мекунанд.
ФАЛАК МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ҶАҲОНӢ
Фалаки тоҷикӣ соли 2021 ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО шомил гардид. Ин барои фарҳанги тоҷик воқеаи муҳим ва таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Эътирофи Фалак аз ҷониби ЮНЕСКО на танҳо обрӯ ва ҷойгоҳи байналмилалии ин жанри мусиқиро баланд бардошт, балки барои ҳифз, омӯзиш ва интиқоли он ба наслҳои нав заминаи мусоид фароҳам овард. Ин иқдом, инчунин, метавонад ба рушди мактабҳои суннатии фалакхонӣ, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши ин ҳунар ва таҳкими усули “устод – шогирд” мусоидат намояд.
Ба андешаи Шаҳноза Тағойзода, ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши Фалак ва фароҳам овардани шароити муносиб барои идомаи анъанаи фалаксароӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи имрӯз аст.
Дар маҷмуъ, ЮНЕСКО Фалакро ҳамчун мероси зинда эътироф кардааст. Аммо ҳифзи воқеии он дар дасти ҷомеа, устодони ҳунар, муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, вазифаи муассисаҳои фарҳангӣ танҳо омӯзондани Фалак ҳамчун як жанри мусиқӣ нест, балки бояд онро ҳамчун мактаби ҳунарӣ, хотираи таърихӣ ва воситаи муаррифии фарҳанги тоҷик ба ҷаҳониён ба насли нав интиқол диҳанд.
Малика МУҚАДДАМОВА,
“Ҷумҳурият”