Дар китоби «Тоҷикон» зимни баррасии масоили таърихӣ мавзуи забон низ дар мадди назар будааст, зеро ки забон, чун оинаи тамомнамои таърихи башарият, дар бозтоби шебу фарозҳои рӯзгорон беш аз ҳар фанни дигар аҳамият дорад. Шоире бар ҷо фармудааст:
Ки гар бар сафҳаи олам набудӣ,
Нишон аз оламу одам набудӣ…
Устод Бобоҷон Ғафуров қазияи забонро вобаста ба шарҳи ҷойгоҳи боэътимодтарин сарчашмаи илмӣ– «Авасто» ба қалам додааст. Ҷойи арзи сипос аст, ки дар адабиёти забоншиносии тоҷикӣ бори нахуст аз ҷониби ин донишманди фарохназар дар мавриди ба далели инкишофи забоншиносии муқоисавӣ аз наздикии забони «Авасто» бо забонҳои бостонӣ ва машҳури ҳиндӣ–ведоӣ, ки бо ин забон «Ригведа» ва ёдгориҳои пешинаи дигари Ҳинд навишта шудаанд ва, аз ҷумла «Санскрит», сухан ба миён омадааст. Нуктаи зер ин назарро таъйид менамояд: «… пайдо шудани мифтоҳи дуюмин забони машҳури эронии қадим – форсии қадим, мутолиа ва баррасии минбаъдаи адабиёти зардуштии пасазавастоӣ ва истифодаи васеи маълумоти забоншиносии муқоисавии ҳиндуаврупоиро қайд кардан зарур аст. Омӯзиши забонҳои эронии миёна, аз он ҷумла забонҳои мурда (хоразмӣ, суғдӣ, хутану сакоӣ) ва зиндаи эронии шарқӣ (забонҳои помирӣ ва яғнобӣ) низ, аҳамияти бисёр калон дошт. Ҳамаи ин кори тарҷумаи илмии «Авасто»-ро осон намуд»- нигоштааст устод Бобоҷон Ғафуров.
Бо муаррифии «Авасто» ҳамчун сарчашмаи таърихӣ, ҳамзамон, оид ба китобати (навиштани) ин китоби муқаддас дар заминаи хатти паҳлавӣ, алифбо, миқдори ҳарфҳо, вақти ба вуҷуд омадани алифбои авастоӣ (садаи VI, дар замони Хусрави 1– солҳои 531-579), матнҳои бозмонда, ки қадимтарини онҳо ба асрҳои XIII-XIV тааллуқ доранд, дар асоси нақли лафзӣ сурат гирифтани китобат, ваҷҳи тасмия ё этимологияи он (аз вожаи форсии миёнаи apastak, баъдан abastav–ба маънии «асос», «гузориш», «дастур», «ниёиш») ва замимаи «Авасто»–«Занд» (форсии миёна «zand»– дониш, таълимот) низ ақида баён шудааст. Андешаҳои устод Бобоҷон Ғафуров бо такя ба пажӯҳишҳои олимони маъруф, ховаршиносон Оранский И. М., Нюберг Х., Хертсфелд Э., Ҳенинг В. В., Периханян А. Г., Залеман К. Моргенстерне Г. ва Бейли Г. бо далел рӯйи сафҳа омадаанд.
Хонанда аз фасли дуюми китоб доир ба осори хаттии давраи Кӯшониёни асрҳои IV-II пеш аз мелод дар Осиёи Миёна дар асоси хатти оромӣ ба вуҷуд омадани хатҳои маҳаллӣ [(хатти суғдӣ, намуди кӯшонии алифбои юнонӣ (аз Сурхкӯтали ҷанубтари Қундуз (Куҳандиз//ж – С. А.) ёфт шуда– забони ин навиштаҷот забонест байни забони пашту ва забонҳои помирии мунҷонӣ, ядғу, суғдию хоразмӣ ва портӣ)] маълумоти муфассал ба даст хоҳад овард. Дар тасреҳи нуктаи мазкур муаррихи воқеънигор аз афкори муҳаққиқон Ҳенинг В. В., Марик А., Бенвенист Э., Гершевич И., Ҳармата Я., Ҳумбах Ҷ. ва чанди дигар суд бардошта, барои омӯзандагони таърих мустанад мулоҳиза иброз намудааст. «Ба ақидаи забоншиносон,– фармудааст устод Бобоҷон Ғафуров, – дар катибаи Сурхкӯтал…ва дар катибаҳои ҳиндии давраи Кӯшониён баъзе истилоҳоти нахустини шеваи сакоии забони кӯшонӣ маҳфуз мондаанд. Эҳтимолан, Кӯшониён дар кишвари Бохтар бо бохтариён омехта шудаанд…Кӯшониён дар нутқи хаттии худ баробари дигар калимаҳои иқтибосии забонҳои эронию ҳиндӣ калимаҳои забони бохтариро ҳам кор мефармуданд. Дар навиштаҷоти рӯйи тангаҳои кӯшонӣ маҳз ҳамин хат ва маҳз ҳамин забони бохтарӣ ба назар мерасад». Хулосаи устод аз ин пажӯҳиш чунин аст: «…баъди забонҳои суғдӣ, портӣ ва хоразмӣ илм аз забони бохтарӣ ҳам воқиф шуд. Катибаи калони Сурхкӯтал, дар айни ҳол, аввалин осори хаттии забони бохтарӣ мебошад».
Фасли сеюм (боби дуюм) маълумот пиромуни хатти суғдӣ ва адабиёти марбут ба онро дар бар дорад. Таърихи ин хат, маводи бозгӯкунанда ва пажӯҳишгарони он, ба мисли ховаршиносон Кун А. Л, Акимбетов Ш., Кол Е. Ф., Милитский Н. Г., Залеман К. Г, Андреев М. С., Пешерова Е. М., Климчитский С. И., Хетагуров, Боголюбов М. Н. ва Хромов А. Л., мавриди суҳбату муаррифӣ қарор гирифтаанд.
Қазияи пайдоиш ва инкишофи забони адабиёти классикии тоҷик мавзуи баҳси боби дуюми фасли чоруми китоби «Тоҷикон» аст, ки ба давраи сеюми рушду таҳаввули забони мо рост меояд ва дар манобеи илмӣ бо истилоҳҳои давраи нав ва давраи Фирдавсӣ ҳам ёд мешавад. Вазъи забон ва адабиёти ин давра низ, дар тадқиқоти муаллифи «Тоҷикон» бозтоби густарда дорад ва пажӯҳандагони осори адабии ин замон, бавижа забономӯзону забоншиносон, ба ин маъхази пурмуҳтавою пурарзиши илмӣ зиёд рӯ овардаанд ва истинод ҳам фармудаанд. Ҳоло аз тавзеҳи батафсили дидгоҳи аллома Бобоҷон Ғафуров нисбат ба ҳолати илму адаби айёми давлатдории Сомониён худдорӣ меварзем ва хулосаи зерфасли «Анҷоми ташаккули халқи тоҷик»-ро ба таваҷҷуҳи хонандагони гиромӣ мерасонем: «…дар асрҳои IX-X дар Мовароуннаҳру Хуросон умумияти азими этномадание ташаккул ёфт, ки он, тақрибан, пурра ба ҳайати давлати Тоҳириён, Саффориён ва, алалхусус Сомониён, дохил мешуданд. Ин умумияти этникӣ фақат дар миёнаҳои асрҳои X-XI ва ё худ дар нимаи аввали асри XI соҳиби ном шуд. Ба қавли Байҳақӣ, соли 1043-1044 яке аз муқаррабони султон гуфтааст:
– Мо, ки тозик ҳастем…
То ин дам «тозӣ» гуфта арабҳоро дар назар доштанд. Худи ҳамон Байҳақӣ ривоят мекунад, ки дар муҳорибаи назди Дандонакон (1040) ҳиндуву арабу курдҳо фирор карданд ва танҳо сарбозони тозик боҷасорат ҷангиданд. Хуллас, дар нимаи аввали асри XI истилоҳи тоҷик номи он халқе гардид, ки дар Осиёи Миёна ва Хуросон ташаккул ёфт».
Сулаймон АНВАРӢ, устоди ДМТ