Дар доираи сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар ноҳия як қатор иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд.
Яке аз иншооти муҳими истеҳсолӣ корхонаи ҶДММ «Пахтаи Тоҷикистон» аст, ки дар деҳоти Куруш бунёд гардид. Арзиши лоиҳавии корхона 33 миллиону 250 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бо ба фаъолият оғоз кардани он 30 ҷойи нави кор таъсис дода мешавад. Корхона, пеш аз ҳама, барои қабули пахтаи истеҳсолгарони маҳаллӣ ва коркарди минбаъдаи он пешбинӣ гардидааст. Иқтидори истеҳсолии корхона ба коркарди 120 тонна пахта дар як шабонарӯз баробар мебошад.
Дар шаҳраки Навкат бошад, ҶДММ «Ғизои аълосифат» ба фаъолият оғоз намуд. Арзиши лоиҳавии корхона 12 миллион сомониро ташкил дода, он бо ҳадафи истеҳсоли хӯроки паранда, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор бунёд шудааст. Иқтидори истеҳсолии он 8 тонна хӯроки паранда дар як шабонарӯз мебошад. Роҳандозии истеҳсоли хӯроки паранда дар ноҳия метавонад барои хоҷагиҳои соҳавӣ имкониятҳои бештар фароҳам оварда, ба рушди иқтидорҳои истеҳсолии онҳо мусоидат намояд. Ҳамзамон, истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёзи соҳа дар дохили кишвар ба васеъ гардидани доираи истеҳсолоти ватанӣ ва таҳкими робитаи байни корхонаҳои истеҳсолкунанда мусоидат менамояд.
Ҳадаф аз чунин тадбирҳо на танҳо бунёди иншооти нав, балки ба роҳ мондани истеҳсолоти устувор, истифодаи самараноки захираву имкониятҳои маҳаллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ мебошад.
Спитамен бо иқтидорҳои нави истеҳсолӣ қадами дигареро дар роҳи рушди иқтисодӣ мегузорад. Муҳим он аст, ки ин иқтидорҳо самаранок истифода шуда, бо афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва таъсиси ҷойҳои нави кор ба рушди минбаъдаи ноҳия хидмат намоянд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”