Дар ноҳияи Шаҳристон сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 оғоз гардид.
Тибқи иттилои масъулон, бинои нав сеошёна буда, дорои 580 ҷой дар як баст мебошад. Бунёди Муассиса барои фароҳам овардани шароити муосири таълим, беҳтар намудани муҳити таълиму тарбия ва фарогирии хонандагон ба таҳсил дар шароити муносиб мусоидат хоҳад кард.
Боймурод Муҳиддинов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Шаҳристон, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иброз дошт:
- Таъмини шароити муносиб барои таълиму тарбияи насли наврас яке аз вазифаҳои муҳими мақомот ба ҳисоб меравад. Корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи муосир анҷом дода мешаванд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”