Забони модарии мо аз ҷумлаи қадимтарину ширинтарин забонҳои дунёст, ки ба воситаи он нобиғагоне амсоли Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Мавлоно Балхӣ ва ҳазорони дигар ба мардуми олам дарси панду андарз додаанд.
Мусаллам аст, ки забони тоҷикӣ аз қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр ба ҳисоб меравад. Олимон собит сохтаанд, ки решаҳои забони мо ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ мерасад ва ин далели раднопазири таърихи куҳан доштани забони тоҷикист.
Ин забон дар ҳамаи марҳалаҳои таърихӣ ҳамчун ҷоне дар ҷисми миллат буд. Гоҳе мақомаш боло рафту ба сатҳи забони давлатӣ расид ва гоҳе тундбоди таърих решаҳои онро ба ларза овард, ҳастии он зери суол рафт. Аммо соҳибзабонони бошараф тавонистанд онро соҳибӣ кунанд. Бахусус, солҳои бистуми асри гузашта, ки барои забон ва, умуман миллати мо, марҳалаи ҳассос буд, бо талоши фарзандони бедораш ин забон расман номи “забони тоҷикӣ”-ро гирифт ва ҳамчун ҳуҷҷат дар ташкил кардани давлати миллиамон мусоидат намуд.
Бо ба даст овардани истиқлол, барои забони тоҷикӣ низ марҳалаи рушду пешрафт фаро расид ва ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ҷомеаро муттаҳид кард.
5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар таҳрири нав ба тавсиб расид, ки аз он рӯз инҷониб мо ин санаро ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил менамоем. Муҳимтар аз ҳама, тавассути ин Қонун забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва коргузориву муошират эътироф гардид, ки ин ормони ҳамаи соҳибзабонон буд.
Бо шарофати тадбирандешиҳои Ҳукумати мамлакат, забони тоҷикӣ аз марзи давлат фаротар рафт ва дар минбари Созмони Милали Муттаҳид садо дод ва ин садо аз ҳастии дубораи миллат дар арсаи ҷаҳон аз он Созмони бонуфуз паём дод. Паёми ба арсаи сиёсати умумибашарӣ омадани миллате, ки гузаштагонаш Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро иншо намудаанду имрӯзиёнаш барои ҳалли мушкилоти сайёра чора меандешанд.
Аз ин рӯ, дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир омӯзишу соҳибӣ кардани забони модарӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мост. Аз ин рӯ, сар карда аз оилаву кӯдакистонҳо, то муассисаҳои олии таълимӣ бояд ба ин паҳлуи масъала диққати махсус дода шавад. Бигзор ҷавонон забонҳои дигарро омӯзанд, ин тақозои замон аст, вале ҳаргиз ба забони модарии худ беэътиноӣ накунанд, зеро собит гаштааст, ки онҳое забонҳои хориҷиро беҳтар аз худ мекунанд, ки забони модарии худро хуб медонанд.
Гулосо ҲАСАНЗОДА,
омӯзгори фанни забон ва
адабиёти тоҷики МТМУ №27, н. Айнӣ