![]()
Ташаккули давлатдории миллӣ, рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ҳифзу эҳёи арзишҳои таърихӣ-фарҳангӣ самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар ин раванд нақши шахсиятҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, ки дар татбиқи ҳадафҳои созанда ва пешрафти давлату миллат саҳм мегузоранд, ниҳоят муҳим мебошад.
Махсусан, хидматҳои мондагори шахсияти беназиру нотакрори давлатсозу ваҳдатофар, абармарди дунёи сиёсат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра бесобиқа бузурганд. Пешвои миллат соҳиби мактаби бузурги давлатдорӣ мебошанд, ки он маҷмуи арзишҳо, принсипҳо, таҷрибаи амалӣ ва роҳбарии сиёсиро дар бар гирифта, дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ барои наҷот, бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон шакл гирифтааст. Ин мактаб ҳамчун як низоми фикрӣ ва амалии идоракунии давлатӣ асосҳои сулҳу субот ва рушди кишварро муайян намудааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ даҳҳо нафар аз ин мактаби бузурги давлатдорӣ таҷриба омӯхтаву ба воя расида, ба шахсиятҳои барҷастае табдил ёфтаанд, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар таъсиргузоранд. Маъруфтарин парвардаи мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад. Дар даврони роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба симмати раиси шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе тағйироти куллӣ ва рушди босуръатро аз сар мегузаронад. Сиёсати шаҳрдорӣ дар ин давра ба муосиргардонии инфрасохтор, фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонон ва баланд бардоштани мақоми байналмилалии шаҳр равона карда шуд. Раиси ҷавон ва неруманд аз рӯзи таъин шудан ба ин вазифа бо меҳнати шабонарӯзӣ тамоми неру ва маҳорату кордонии хешро истифода намуда, пойтахти кишварро аз ҷиҳати эстетикиву маънавӣ ва сиёсиву иқтисодӣ ба як шаҳри зебову муосири минтақа табдил дода истодааст. Ҳоло шаҳри Душанбе ҳамчун як боғшаҳри зебои минтақа гардида, дар он чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангии сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ баргузор мешаванд. Аз ин ҷиҳат шаҳри Душанбе муаррифгари фарҳангу тамаддуни кишварамон ба ҳисоб меравад.
Дар самти саноатикунонии босуръат, ки ҳадафи чоруми стратегӣ аст, раиси шаҳр пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ин аст, ки ҳамасола дар шаҳри Душанбе даҳҳо корхонаи саноатӣ таъсис меёбанд, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳоливу боло бурдани истеҳсолоти ватанӣ, рақобатпазир гардондани он мусоидат менамоянд. Корхонаҳое таъсис дода мешаванд, ки бештар қувваи кории дохилиро ҷалб карда, маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол менамоянд. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки ҳоло пойтахти кишвар дорои 854 корхонаи саноатӣ мебошад ва дар татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати мамлакат пешоҳанг буда, пайваста дар ин самт аз ҷониби шаҳрдорӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
Дар ин давра роҳҳои асосӣ, пулҳо, эстакадаҳо ва роҳҳои зеризаминӣ навсозӣ ё бунёд карда шуда, кӯчаҳои марказӣ васеъ ва бо чароғҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, низоми электронии пардохтҳои ғайринақдӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба роҳ монда шуд. Дар давоми 9 соли охир дар пойтахт беш аз 252 километр роҳ навсозӣ гардид. Бо мақсади мутобиқ намудани иншооти соҳа ба меъёрҳои байналмилалӣ чор пули автомобилгарду қаторагард, ду роҳи сесатҳа, ду роҳи дусатҳа ва 219 истгоҳи наву замонавӣ таъмир ва навсозӣ гардида, ба истифода дода шуд. Ҳоло ин раванд идома дорад.
Ворид кардани автобусҳои муосир ва беҳтар намудани низоми нақлиёти ҷамъиятӣ дар ин давра густариш ёфта, айни замон дар пойтахт 90 электробус ва шумораи зиёди воситаҳои нақлиёти сабукрави барқӣ (таксиҳои электромобил) ба сокинону меҳмонони пойтахт хидмат мерасонанд. Барои идоракунии шаффоф ва муосир лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» ҷорӣ карда шудааст.
Дар давраи роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ симои меъмории пойтахт ба куллӣ дигаргун шуд. Дар баробари биноҳои истиқоматии баландошёна бо тарҳҳои замонавӣ, иншооти бузурги фарҳангӣ ва маъмурӣ бунёд ёфтанд.
Оморҳо баёнгари онанд, ки тамоми созандагиву бунёдкориҳо тайи солҳои охир шаҳри Душанберо ба як макони сайёҳиву гардишгарии байналмилалӣ табдил додаанд. Соли 2025 ба Тоҷикистон 2 миллиону 104 ҳазору 703 шаҳрванди хориҷӣ ворид гардид, ки 1 миллиону 784 ҳазору 430 нафараш сайёҳ буд. Тибқи арзёбии мутахассисон, 1 миллиону 70 ҳазору 658 нафари онҳо ба Душанбе ворид шуда, аз хидматрасониҳои пойтахт истифода кардаанд.
Дар баробари ин, рушди қонунгузорӣ ва фаъолияти парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз он ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллӣ интихоб гардид, марҳалаи сифатан навро касб намуд. Фаъолияти мақоми олии қонунбарор дар ин давра ба ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар, такмили базаи ҳуқуқии соҳаҳои гуногун ва таҳкими рукнҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд равона карда шуд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва дипломатияи парлумонӣ мебошад. Дар ин замина, густариши ҳамкорӣ бо сохторҳои парлумонии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, иштироки фаъол дар кори созмонҳои байналмилалии парлумонӣ ва пешниҳоди ташаббусҳои созанда оид ба масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла амният, муҳити зист ва рушди устувор, инчунин, таҳкими муносибатҳои дӯстӣ тавассути гурӯҳҳои ҳамкории парлумонӣ ба роҳ монда шуданд.
Дар маҷмуъ, хидматҳои муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушди ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, тавассути фаъолият дар симмати Раиси Маҷлиси миллӣ ва раиси шаҳри Душанбе таҷассум ёфта, як шахсияти муваффақи сиёсӣ будани мавсуфро ифода мекунанд. Дар ин муддати кӯтоҳ бо кордониву дониши амиқи илмӣ ва фаросати баланди сиёсӣ ӯ тавонист бо такя ба донишу таҷрибаи раҳбарии худ дар соҳаҳои гуногун шаҳри Душанберо ба муваффақиятҳои иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ ноил созад.
Ободкорӣ ва ҷасорату меҳнатқаринии муҳтарам Рустами Эмомалӣ бозгӯкунандаи онанд, ки ӯ шахсияти қавии сиёсӣ буда, қобилияти баланди идоракунӣ ва роҳбариро дорад. Мавсуф, воқеан, парвардаи мактаби сиёсиву созандаи Пешвои миллат буда, ҳамеша содиқонаву самимона ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои давлату миллат тамоми донишу таҷриба ва неруи хешро равона намуда, дар пешрафти кишвари азизамон ҳамчун намунаи ибрат барои дигар роҳбарон саҳми муҳиму бориз мегузорад.
Исомиддин ШАРИФЗОДА,
номзади илмҳои фалсафа, дотсент