
Имрӯз ҳангоми ворид шудан ба маркази ноҳия ва деҳоти он метавон ба таври равшан эҳсос кард, ки чӣ гуна сиёсати созанда ва дурбинонаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои шаҳраку деҳоти Фархор таҷассум ёфтааст. Бунёди иншооти муҳими иқтисодию иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, роҳҳо, корхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва иншооти фарҳангию варзишӣ ба рушди устувори ноҳия заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Яке аз омилҳои муҳими рушди Фархорро метавон таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия арзёбӣ кард. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат ба ноҳияи Фархор солҳои 1993, 1995, 1998, 2005, 2010, 2013, 2021, 2023 ва 2026 сафарҳои корӣ анҷом додаанд. Ҳар як сафари Пешвои миллат ба ноҳия бо рӯйдодҳои муҳим ва ифтитоҳи иншооти дорои аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ тавъам гардидааст.
Яке аз самтҳои меҳварии сиёсати иҷтимоии давлат маориф ба ҳисоб меравад. Дар Фархор низ дар ин давра ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст. Дар ноҳия 6 муассисаи нави таълимӣ, 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 574 синфхонаи иловагӣ ва 25 бинои нави иловагии таълимӣ бунёд ёфта, мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ҳамзамон, дар ноҳия ду гимназия ва ду литсейи давлатӣ фаъолият доранд.
Соҳаи тандурустии ноҳия низ ба таври назаррас рушд кардааст. Бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии шарикони рушд ва саҳми соҳибкорон 11 маркази саломатӣ, 3 таваллудхона, 77 бунгоҳи тиббӣ ва 6 маркази ташхисию табобатӣ бунёд гардидааст. Сохтмони иншооти нави тандурустӣ имкон фароҳам овард, ки сокинони деҳоту ҷамоатҳои ноҳия ба хизматрасонии тиббӣ бештар дастрасӣ дошта бошанд. Дар ин замина, мавриди истифода қарор гирифтани таваллудхона дар деҳаи Ориён ва маркази ташхисии «Саломат» дар шаҳраки Фархор аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим ба шумор мераванд.
Дар баробари рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, дар ноҳияи Фархор заминаҳои истеҳсолӣ низ тақвият ёфтаанд. Дар зарфи 35 соли истиқлоли давлатӣ 136 корхона, коргоҳ ва ду фабрикаи парандапарварӣ барои истеҳсоли тухм ва гӯшт марҳала ба марҳала сохта, ба истифода дода шудаанд. Фаъолияти чунин корхонаҳо, пеш аз ҳама, ба таъсиси ҷойҳои нави кор, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, рушди соҳибкорӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд. Илова бар ин, бо дастгирии аҳолӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатманд дар деҳаҳои навбунёди ноҳия хатҳои барқ кашида, трансформаторҳо насб ва хатҳои оби ошомиданӣ гузаронда шуданд. Ин иқдомҳо барои беҳтар гаштани шароити зиндагии сокинони маҳаллаҳои навбунёд аҳамияти калон доранд.
Дар маркази ноҳия як қатор биною иншооти муҳими маъмурию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бунёд шуд. Аз ҷумла, бинои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, осорхона, китобхонаи марказӣ, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Фархор, боғи фарҳангию фароғатӣ, таваллудхона, раёсати молия, бинои маъмурии САҲШ, идораи бехатарии озуқаворӣ, Парчами давлатӣ, Қасри фарҳанг, чойхонаи миллӣ, варзишгоҳ ва литсейи касбӣ аз ҷумлаи иншооти муҳим мебошанд. Ҳар кадоми ин иншоот дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳия нақши муайян дошта, дар маҷмуъ, симои муосири Фархорро шакл медиҳанд.
Дар маҷмуъ, натиҷаҳои 35 соли истиқлоли давлатӣ нишон медиҳанд, ки ноҳияи Фархор дар ин давра роҳи назарраси рушдро тай намудааст.
Бо итминон метавон гуфт, ки Фархори имрӯза бо симои нав, инфрасохтори муосир ва имкониятҳои рӯзафзун қадамҳои устувори худро ба сӯйи ояндаи боз ҳам ободу пешрафта мегузорад. Ин раванд дар заминаи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои созандаву ободкоронаи мардуми заҳматкаши ноҳия идома хоҳад ёфт.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»