Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода ду маркази муосири таълимию омӯзишӣ – Маркази таълимии устуворгардонии шаҳри Хоруғ ва Маркази “STEM” (Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика) мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Иттилоъ дода шуд, ки марказҳои таълимии устуворгардонии шаҳри Хоруғ ва “STEM” бевосита ба таҳкими дониш ва малакаҳои касбии маҳал алоқаманд буда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати ба роҳ мондани омӯзиши сохтмони устувор ва банақшагирӣ мутобиқ ба шароити кӯҳистон роҳандозӣ гардидаанд. Аз ҷумла, ин барномаҳо дар шаҳри Хоруғ барои рушди сохт-мони ба заминларза тобовар ва такмили нақшаи рушди шаҳр саҳми босазо мегузоранд. Дар умум, дар ин росто Донишгоҳ метавонад ҳамчун яке аз марказҳои муҳими илмӣ-таълимӣ барои рушди устувори шаҳр ва минтақа нақши муҳим гузорад.
Дар мулоқоти раиси ВМКБ бо роҳбарияту донишҷӯёни Донишгоҳ таъкид гардид, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити муносиб фароҳам оварда шуд, то мақому манзалати касби пуршараф ва пурмасъули омӯзгорӣ дар ҷамъият ба таври шоиста устувор гардад. Дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ ба соҳаи илму маориф диққати ҷиддӣ равона гардида, бо мустаҳкам намудани таҳкурсии моддию таҷҳизотӣ ва кадрӣ ин соҳа рушди бемайлон намуд. Дар посух ба ғамхории давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ аҳли илму маориф сатҳу сифати таълиму таҳқиқро баланд бардошта, ҷойгоҳи онҳоро на танҳо дар дохил, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ хеле устувор сохтанд.
Фаъолияти Маркази “STEM” ба татбиқи барномаи Бистсолаи омӯзиши рушди фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ дар соҳаи маориф нигаронда шудааст. Дар ин Марказ омӯзиш ва тадқиқи илмҳои табиӣ, технология, муҳандисию математика дар сатҳ ва усули сифатан нав ба нақша гирифта мешавад.
Раиси вилоят баҳри боз ҳам беҳтар гардидани шароити зист, кору фаъолияти омӯзгорону донишҷӯён тавсияҳои судманд дод ва ҷиҳати таъмири толору омӯзишгоҳҳо, таъмини устодон бо манзилҳои истиқоматии хидматӣ дастгирии худро баён намуд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”