![]()
Касби табибӣ яке аз муқаддастарин ва пурмасъулияттарин касбҳо дар ҷаҳон аст, зеро табибон бо амри Ҳақ ба инсонҳо саломативу ҳаёт мебахшанд. Чунин табибони ҳозиқ ва дар касби худ содиқ директори Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй Баҳодур Раҷабзода, муовинаш Инъомҷон Иброҳимов ва ҷарроҳ Шерзод Ҷумъаев мебошанд.
Ман аз фаъолияти чашмрас ва маҳорати касбии ин табибон ба ваҷд омадам. Ҳамсарамро бо дарди шадиди дандон ва варами рӯй ба ин марказ овардам. Баҳодур Раҷабзода бо ҳамкоронаш на танҳо мушкили моро ба таври аъло ва бо истифода аз технологияи муосир табобат кард, балки бо муносибати хуб тарсу ҳаяҷони беморро комилан бартараф сохт. Сатҳи баланди фарҳанги муоширати онҳо нишон медиҳад, ки ӯ на танҳо як мутахассиси хуб, балки инсони наҷиб низ ҳаст.
Б. Раҷабзода қаблан ҳамчун директори Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор фаъолият намудааст. Дар давраи роҳбарии худ ба рушди таълим, нав-созии инфрасохтори Коллеҷ ва омодасозии мутахассисони ҷавони соҳаи тиб саҳм гузоштааст. Ҳамин қобилияти кордонӣ ва донишашро ба инобат гирифта, ӯро ба пойтахт даъват карданд.
Чунончи ҳакими тоҷик Абуалӣ ибни Сино мефармояд: “Шахсе, ки худро ба табибию табобат бахшидааст, бояд одӣ, боҳиммат ва бетамаъ бошад. Тамоми симои ӯ бояд боварию эътимодро бедор кунад”. Баҳодур Раҷабзода ҳамин гуфтаҳоро дар кору зиндагӣ шиор намудааст.
Мехоҳам тавассути рӯзномаи мардумӣ - “Ҷумҳурият” миннатдории бепоёни худро барои касбияти баланд, дастони тиллоӣ ва муносибати самимӣ ба Б. Раҷабзода ва ҳамкоронаш изҳор намоям. Аз шарофати кори босифати онҳо ҳамсари ман дубора метавонад бемалол ва боэътимод табассум кунад.
Султонбек АСАЛОВ,
сокини ноҳияи Рӯдакӣ